Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи иттилои вазорати дифои Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба Артиш 70 дарсад иҷро шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз волидайн фарзандони худро ба хотири дур шудан аз амалҳои номатлуб, ба мисли ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ ба сафи Артиш мефиристанд.

Санавбар, як сокини Душанбе, мегӯяд, Артиш писари ӯро дубора ба зиндагии солим баргардонд. Вай афзуд, як соли пеш дар ҳоле фарзандашро маҷбуран ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ фиристод, ки ӯ бо гурӯҳҳои нашъаманд гаравида буд ва ҳаёти худро барбод медод. Санавбар, ки Артишро барои фарзанди бероҳааш ҳамчун "ҷазо" интихоб карда буд, бо он сару садоҳое, ки роҷеъ ба артиш мешунид, чандон бовар надошт, ки ду соли хидмат метавонад зиндагии бачаашро комилан дигар кунад.

Ин модар меафзояд, агар каме дигар дер мекард, шояд барои аёдати писараш на ба қисми ҳарбӣ, балки ба зиндон мерафт: "Бо бачаҳои бероҳагард ҳамроҳ шуд, аз хона, аз дарс мегурехт. Шабу рӯз ман хоб надоштам. Қариб буд писарамро аз даст медодам. Барои ҳамин хостам хидмат кунаду зиндагиро фаҳмад ва аз роҳи бад баргардад. Ин роҳро ба ман шиносҳоям пешниҳод карданд. Ҳоло дар вилояти Суғд хидмат мекунад. Аввал аз ман хафа шудаву қаҳр карда буд, вале шукри Худо ҳозир телефон кардаву бахшиш пурсид барои ин қадар азобу мушкилоте, ки бароям пеш оварда буд. Мегӯяд, очаҷон ман беақл будаам ва ташаккур мегӯяд ба ман, ки маро аз ин роҳ берун овардед."

Хонум Санавбар имрӯз танҳо модаре нест, ки аз беҷогардӣ, саркашӣ ва хислати манфии писараш шикоят мекард. Дар синни гузариш ва расидан ба балоғат, дур аз назорату тарбияи падар мондан, бекориву беҷогардӣ ва дастрасӣ ба маводи мухаддири арзон аз омилҳое унвон мешаванд, ки идора ва тарбияи ҷавононро барои модарон ниҳоят сангин кардааст. Пажӯҳишҳо ҳам муайян кардаанд, ки дар ин давраи ҳассос аксар модарон бидуни дасти мард бисёр азият мекашанд. Дар чунин шароит, агар ӯ наврас бошад, ӯро ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ барои душвортарбияҳо бурдаву бо ин масъулиятро аз шонаҳои худ холӣ мекунанд ва агар ҳам ҷавон буд, бархе аз волидон роҳи ҷилавгирӣ аз хатару авоқиби бадро дар артиш мебинад.

Анора ҳам мисли садҳо зани тоҷик дур аз ҳамсари муҳоҷир фарзандонашро тарбия мекунад. Ӯ мегӯяд, соле қабл писарашро бо умед ва бо ҷамъоварии ҳама дороиашон ба донишгоҳ дохил карданд, аммо пас аз як сол писар бесабаб тарки таҳсил кард. Ин ва бархе аз дигар амалҳои шубҳаноку саркашии писари ҷавон модарро маҷбур мекунад, то бо вуҷуди неву нестони фарзандаш, ӯро ба хизмати сарбозӣ бубарад: "Ман дар бозор кор мекунам, шояд ҳамин аксар вақт набудани ману падараш дар хона боис шуд, ки тарбияаш чунин шуд, вале охир кор накунем ҳам намешавад. Бачаи калон шудааст, намедонам, дигар чӣ хел ӯро тарбия кунаму фаҳмонам ба ӯ. Ҳарчанд мегуфтам боз ҳам ӯ фикру кори худро мекунад. Бисёр метарсидам, ки ба ягон роҳи баде нараваду иштибоҳи бузурге накунад. Барои ҳамин бо падараш маслиҳат кардему ин дафъа баъд аз гирифтани даъватнома ӯро ба хизмат фиристодем. Хайр, ҳар чӣ ҳам бошад, азоб ҳам кашад, мумкин ислоҳ мешаваду ба қадри зиндагӣ ва азобҳои мо мерасад."

Умаралӣ Сафаралӣ

Умаралӣ Сафаралӣ

Бисёр ҷавононе, ки 1 ё 2 сол таҷрибаи сарбозӣ доштаанд мегӯянд, бо вуҷуди камбудиҳои артиш, аз ҷумла вуҷуди меҳтарсолорӣ, ғизои нокофӣ ва рафтори берун аз оиннома, боз ҳам артиш ягона маконест, ки нуқсҳои инсонро аз байн мебарад ва иродаи ӯро қавитар мекунад.

Умаралӣ Сафаралӣ, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, ки дар 3 соли пеш зиндагии сарбозиро пушти сар кардааст, мегӯяд, дар воқеъ дар чунин шароит ин роҳеро, ки бархе аз волидон барои тарбияи фарзанд интихоб мекунанд, дуруст аст ва агар дигарон ҳам мехоҳанд рафтору кирдори фарзандони худро дигар кунанд, бояд ба хизмати аскарӣ рӯ оранд.

Умаралӣ гуфт, "онҳое, ки дар зиндагии мулкӣ саркаш буданду хулқу атвори баде доштанд, баъд аз хидмат аксари оромтабиат мешаванд. Ташна мемонанд, гурусна мемонанд. Хунук мехӯранд ва он ҷо онҳо ба қадри зиндагӣ мерасанд ва ба эҳтироми волидон қоил мешаванд. Дар он ҷо ҳатто дарёфт кардани носу сигор ҳам осон нест. Яъне, бисёр метавонад пеши роҳи ин гуна зуҳуротро бигирад."

Ҳакими Даврон, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ҷавонон дар хидмати Артиш дар шароите ба сар мебаранд, ки эркагӣ ва бадхӯйиву гапнодароӣ он ҷо ба кор намеравад. Ба таъкиди Ҳаким, дар артиш ҷавон тибқи меъёрҳои махсус ва бо маҳдудиятҳои вижае хидмат ва зиндагӣ мекунад: "Он ҷо ҷавон маҷбур аст, меъёрҳои муайяншударо риоя кунад ва тарки баъзе хислатҳои худ кунад. Дар акси ҳол дар доираи сарбозон ӯ радди маърака мешавад ва ба мушкилоти зиёде дучор мешавад. Масалан он ҷо ту наметавони саркашӣ кунӣ аз коре, ту вазифадорӣ, ки супоришро иҷро кунӣ."

Аммо, албатта, на ҳама ба ин ақида, ки хидмат метавонад дар ислоҳшавӣ ва ба зиндагии солим баргардорнидани ҷавонон мусодиат мекунад, розианд. Аслон ҳам дар артиш хидмат кардааст ва ба назари ӯ сарбозӣ наметавонад дар тағйири рафтору кирдори ҷавонон нақши муассире дошта бошад ва ин ҳама қабл аз ҳама ба тарбия ва муҳити хонаводагӣ вобаста аст. Ба таъкиди ин мусоҳиби ҷавони мо, агар ҳам зиндагии ҷавон дар артиш каме тағйир кунад, вале аксаран бо бозгашт ба муҳити қаблӣ онҳо метавонанд боз ба зиндагии қаблии худ баргарданд.

Аммо бо ин ҳама масъулони вазорати дифои Тоҷикистон ҳамасола баробари шурӯъи маъракаи даъвати ҳарбӣ таъкиду тарғиб мекунанд, ки хизмат дар Артиш воқеан метавонад ба ҷавон дарси мардонагиву ҷасорат ва мактаби хуби зиндагӣ бошад. Ҳарчанд боз ҳам на ҳама волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон аз мактаби мардонагиву шуҷоат бархӯрдор шаванд.

Маҳз вуҷуди падидаҳои номатлуб, ки ҳамеша сари забонҳост, бештари падару модаронро аз ихтиёран ба хизмати сарбозӣ фиристодани фарзандонашон бозмедорад. Албатта агар муҳит ва шароите мисли ин қаҳрамонҳои мо онҳоро маҷбур насозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG