Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

С.Ятимов дар бораи бозиҳои геополитикӣ ва миллатсозӣ


Саймӯмин Ятимов

Саймӯмин Ятимов

Раҳбари Кумитаи амнияти Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов дар як рисола ба зарурати миллатсозӣ дар меҳвари шуури миллӣ ва ояндабинии сиёсӣ таъкид ва аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба унвони «шахсияти хирадманди Тақдирсоз ва Ободкор» ситоиш кардааст.

Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар як матлаби ҷадид бо номи “Назарияи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ” дар “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати ин кишвар - бо такяи фаровон ба осори Маркс, Ҳегел, Бекон ва Ибни Синову Фирдавсиву Зоконӣ ба зарурати тақвияти ояндабинии сиёсӣ дар Тоҷикистон таъкид кардааст. Ба ақидаи Ятимов, ин барои он лозим аст, ки Тоҷикистон ҳам дар радифи дигар кишварҳои “ғофил” қурбони бозиҳои абарқудратҳои “оқил” дар “тахтаи шоҳмоти дунё” (таъбири Збигнев Бжезинский) нашавад.

Саймӯмин Ятимов, ки доктори улуми сиёсист, дар рисолаи навбатиаш бозигарони дунёи муосирро ҳамчунин ба субъектҳову объектҳои геополитикӣ тақсим карда, менависад, ҳар давлату миллат, албатта, мехоҳад дар ин бозиҳо субъект бошад, на объект, вале ин давлатҳои “оқил”-анд, ки метавонанд кишварҳои “ғофил”-ро бозӣ доронанд.

"Ғуломсозӣ" ё "Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад"

АЗ сомонаи расмии президенти Тоҷикистон: ЯТИМОВ Саймумин Сатторович 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илмҳои сиёсӣ.

Фаъолияти меҳнатиашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Солҳои 1996-2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои Европоӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2010 муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.

Рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант дошта, бо орденҳои Спитамен дараҷаи II, Зарринтоҷ дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ятимов дар “Ҷумҳурият” менависад: Дар ин кор «нухбагони» дохилӣ, ҳамчун методи лабаратории «намуна аз матоъ» барои хориҷиён истифода мешаванд. Натиҷаи он дар ситодҳои махфӣ муҳокима мегарданд. Хулоса мебароранд, ки аз намояндагони ин ё он миллат чӣ гуна ғулом (таъбири файласуф ва сиёсатмадори англис Френсис Бекон) метавон сохт? Ғуломи ҷисмонӣ? Ғуломи маънавӣ? Ғуломи экспертӣ? Ғуломи суханчин? Ғуломи сухангӯй? Ғуломи қалам? Ғуломи калом? Ғуломи мавъизаҳо? Ғуломи самтнишондеҳ барои амалияи террористӣ? Ғуломи ҷиҳод? Ғуломи даҳшатафканӣ? Ғулом – террорист? Ва ғайра. Ба ин ғуломон чӣ гуна либос пӯшонд? Онҳоро чӣ гуна унвон дод? Вобаста ба характер – қимати миллат, аниқтараш намояндаи миллат нархҳо муайян мегарданд. Ин ҷо дигар муносиботи бозорӣ ба кор медарояд. Ҳарчанд маълум аст, ки ин ғуломон чандон гарон намеистанд: шуури шаклгирифтаи зиддимиллӣ. Андак пайса. Кӯлоҳгузорӣ. Наполеон хотиррасон кардааст: «Дидаам, ҳимояи манфиати миллат ба қимати ҳазорҳо ҷон гарон, аммо фурӯхтани он бар савдогарон ба як нон арзон» меафтад.” (Robert I. Fitzhery, editor, Harper Book of Quotations, New York, 1998, p.198).”

Ба ақидаи Ятимов, ин "муҷоҳидон" дар асл асбоби бозиянд

Ба ақидаи Ятимов, ин "муҷоҳидон" дар асл асбоби бозиянд

Раиси КДАМ дар ин матлаб илмро як омили асосии дастболо шудани Ғарб дар ҷаҳони муосир медонад: Садсолаҳост, ки Аврупо ба довари дунё табдил ёфтааст. Солорӣ бар маҷмӯи имконот (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ғайра) онҳоро дастболо кардааст. Аммо Гегел дар ин мӯъҷиза фақат як чизро сабаби роҳнамо будани мардумони қитъа эътироф намудааст – майли фавқулодаи аврупоиён ба омӯхтани Илм, Дониш... Рӯйирост, бепарда, бо виқор онро «сифати абадии ба дигар халқҳо бегона» номидааст. Хулосааш он аст, ки «тавоно бувад, ҳар ки доно бувад». Ҳарчанд кулли Аврупо ин таъбирро баъди панҷсад соли Фирдавсии бузург (940 - 1020) дар шакли «Knowledge is power» («Дониш тавоноист») моли Ф. Бекон (1561 - 1621) эътироф кардаанд.»

«Аз нуқулашон мехӯранд ва бар уқулашон механданд.»

Ба ақидаи ӯ, миллатҳои оқил аз таҷрибаи миллатҳои дигар сабақ мегиранд, вале кишварҳои мусалмонӣ – баракс. Ба назари муаллиф, «таҷрибаи сиёсати глобалӣ нишон медиҳад, ки …чи тавр системаҳои ақлонӣ, идеологӣ, илмии нав аксаран ба сурати манфӣ бар системаҳои ҳаммонанди анъанавӣ бартарию ғолибият пайдо карда, дар нуқоти мухталифи олам вазъияти байналмилалиро муташанниҷ месозанд ва ҳолати мавҷударо тағйир дода, мувозинатро дар сатҳҳои гуногун вайрон мекунанд. Вазъияти олами Ислом аз ин ҷиҳат ҳузновартар ва истеҳзоомезтар аст. Ба қавли Убайди Зоконӣ «Аз нуқулашон мехӯранд ва бар уқулашон механданд.»

Саймӯмин Ятимов

Саймӯмин Ятимов

Муаллиф меафзояд, ба ин далел, сабабҳои ба умқи буҳронҳои тӯлонӣ ва хунин фурӯ рафтани кишварҳои мусалмониро бояд пеш аз ҳама ва беш аз ҳама дар худи онҳо ҷуст, ки бино бар надоштани шинохти фикрии дуруст ва ояндабинии сиёсии дуруст андармону дастхуши бозиҳои дигарон мешаванд: «Баъди ворид ё тобеъ гаштан ба ин система наҷибтарин андеша ва шиорҳои нек аз ҷумла ғояи «Муъмин бародари муъмин» баръакс кор мекунад. Акнун муъмин ҳамчун василаи таъмини манфиатҳои он системаи бузург ҷойи куштани бародари муъминашро мекобад. Аз аъмоли террористӣ, сӯзондани ҷову макони нимдошти бародари мусулмонаш лаззат мебарад, қаноатмандӣ эҳсос мекунад. Онро «ҷиҳод» ном мениҳад. Дигаронро ба ин аъмол даъват мекунад. Аммо «бародарони» каме фарҳангии хушлибосаш ба умеди аз даст надодани грантҳо, даъватҳои хориҷӣ, меҳмоннавозиҳо, сайру саёҳатҳо, табобатҳо, тафреҳҳои инфиродӣ ва сарҷамъонаи оилавии беподоши лаби баҳрҳову наҳрҳо ва дигар имтиёзот дар мамлакатҳои маълум, рафту баргаштҳо, салиқаи баланди бепул пешвозу гусел карданҳо дар хориҷи кишвар ба ҳамаи ин аъмоли системаҳои глобаливу минтақавӣ лаб фурӯ мебанданд. Вонамуди рӯзардӣ ҳам намекунанд.»

Вазири амнияти Тоҷикистон ин ҳама бозиҳоро «об додану гулоб талаб кардан» таъбир карда, рӯйдодҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва баъзеи дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро аз ҷумла «натиҷаи суйистифодаҳо аз заифии характери миллӣ» меномад. Ӯ менависад, «қувваҳои зиддимиллии дохилӣ ва берунӣ тавъам дасти ба даст аз заифиҳо(и миллат) хуб истифода карданду мекунанд» ва «ба ҳамин хотир, фарзияи рушд, тараққиёт ва пешравии миллатро дар асоси манфиати миллӣ ҳамчун масъулияти умумимиллӣ шинохтан амри зарурӣ барои ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз нажод, эътиқодот, мансубият ба ҳизби сиёсӣ ва табақаи иҷтимоии он маҳсуб мегардад. Дар асоси амалияи фоҷиабори манотиқи номбаршуда ва таҷрибаи талхи миллати тоҷик дар асрҳои миёна ва таърихи навтарин алтернатива ва шанси нав – сохтани давлати миллиро бо кулли нақшаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боист дар амал ҷонибдорӣ кард, ба он саҳм гузошт, қувват бахшид. Онро бояд қарзи миллатсолорӣ ҳисобид. Барои халқи тоҷик ин рисолати ҳаётӣ аст. Он ниёз ба ҷоннисорӣ ва қаҳрамонӣ дорад.»

«Шахсияти хирадманди Тақдирсоз ва Ободкор»

Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар хулосаи рисолааш Саймӯмин Ятимов бидуни бурдани ном аз раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон ситоиш кардааст, ки ба ақидаи ӯ, «шахсияти хирадманди Тақдирсоз ва Ободкор»-ест, ки «барои манфиатҳои миллӣ ҷонфидоӣ мекунад, тааллуқ дорад.
Таърихи навтарини Тоҷикистон ҳамакнун намунаи барҷаста ва олии чунин Шахсият, таҷассумгари асили манфиатҳои миллатро, ки барои ӯ ҷонфидоиҳо мекунад, барои ҳазор соли дигар дорад. Ин Симо лоиқи омӯзиш, таҳқиқ, баҳрабардории маънавӣ, ба хотири тарбияи рӯҳияи наслҳои имрӯз ва ояндаи миллат, сарбаландии диёри арҷманд ва бегазандии он зарурати муайянкунандаи ҳаётӣ дорад. Миллат бо чунин Фарзанд зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Шакли комили рисолаи Саймӯмин Ятимов инҷост

Инқилобҳои ранга аз назари раҳбари КДАМ

Саймӯмин Ятимов, раиси КДАМ моҳи апрели соли 2014 низ дар матлабе таҳти унвони "Идеология ва манфиати миллӣ", ки низ дар “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - нашр шуд, навишта буд, дар дунёи муосир алакай як системаи мукаммали роҳҳои ошкору пинҳони таъсиррасонии идеологӣ ба кишварҳоро ба вуҷуд овардаанд: «Таҷрибаи инқилобҳои ранга... ин ақидаро тақвият мебахшад. Ин система ҳама тавсияҳои лозим барои анҷоми инқилобҳои рангаро аз нуқтаи аввал то хатти марра дорад, ки киҳо бояд «муборизи озодӣ ва адолат», «рӯҳонии маъруфу арбоби шинохтаи ҷамъиятӣ» ва «ватанпарасти дурӯғин» муаррифӣ гарданд, кӣ дар кадом ниқоб ҷой дода шавад, роҳҳои тафсири рӯйдодҳо ҷиҳати бештар намудани ҷаззобияти онҳо нишон дода мешавад...” Оқои Ятимов дар ин матлаб навишт, ки қудратҳои бузург барои бозиҳои худ дар “тахтаи шоҳмот”-и дунё асосан халқҳои “каммаърифат” ё “содалавҳ”-ро интихоб мекунанд.

Александр Содиқов баъди боздошт

Александр Содиқов баъди боздошт

Раиси КДАМ ҳамин тавр, дар тобистони соли 2014, баъди боздошти пажӯҳишгари ҷавон Александр Содиқов бо гумони ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ, дар як нишаст хитоб ба сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гуфта буд: "Дар атрофи Тоҷикистон вақтҳои охир бозиҳои бузурги геополитикӣ- идеологӣ рафта истодааст. Таҳти пӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатӣ гоҳо аз шеваҳое кор гирифта мешавад, ки ба манфиати Тоҷикистон хидмат намекунанд. Дар Тоҷикистон бархе аз хадамоти махсус, ки намехоҳам мақоми расмии онҳоро инҷо эълон кунам, бо ҷинояткорон ҳамкорӣ карда, ба онҳо маблағҳои калон медиҳанд. Онҳоро махсус таҳрик медиҳанд, ки алайҳи суботи мо кор баранд, амнияти халқи моро халалдор созанд." x

Ҷаноби Ятимов, ки дар ин нишаст ибтидо ба англисӣ суханронӣ кардаву баъдан сӯҳбатҳояшро бо забони русӣ ҳам хулоса кард, аз бурдани номи ягон кишвари мушаххас ва ё хадамоти он худдорӣ варзид ва танҳо гуфт: "Ин корҳоро кишварҳои бузург анҷом медиҳанд.” Вазири амнияти Тоҷикистон дар ҳамоиши вазорати корҳои дохилӣ дар масъалаи “Муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ ва фасод”, ки рӯзи 19 июни соли 2014, ҳамагӣ 3 рӯз баъд аз боздошти Содиқов дар Душанбе доир шуд,хитоб ба созмону хадамаҳои хориҷӣ гуфт, “шумо бояд шарм доред, ки дар Тоҷикистон, дар як кишвари хурде, ки тоза ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, фаъолият дореду ба чунин корҳои нохуб даст мезанед. Магар ки бигӯяматон: Ай-яй-яй! (Шарматон бод!)"

ВИДЕОИ СУХАНРОНИИ ЯТИМОВ ИНҶОСТ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG