Пайвандҳои дастрасӣ

С.Ятимов: "Дирижёрҳои нооромиҳо пушти оркестр пинҳон шудаанд"


Таҳлилгарон мегӯянд, дар бархӯрди ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба созмонҳои байналмилалӣ, бахусус нисбат ба созмонҳои ғарбӣ як тағйир мушоҳида мешавад ва зоҳиран Душанбе ҳалқаи назораташ бар ин созмонҳо ва ҳамчунин бар созмонҳои ғаайридавлатии маҳаллиро дар оянда шадидтар хоҳад кард.

Суханронии Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳамоиши вазорати корҳои дохилӣ дар масъалаи “Муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ ва фасод”, ки рӯзи 19 июн дар Душанбе доир шуд, фикреро дар зеҳнҳо ба вуҷуд овардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон зоҳиран бархӯрдаш бо созмонҳои хориҷӣ, бахусус созмонҳову сафоратҳои ғарбиро бозбинӣ мекунад ва ҳалқаи назораташ бар фаъолияти ин созмонҳо ва ҳамчунин бар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии маҳаллиро дар оянда боз ҳам густариш медиҳад.

Саймӯмин Ятимов дар ҳамоиши “Муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ ва фасод” хитоб ба аҳли толор, ки дар он дар баробари намояндагони ниҳодҳои давлативу интизомии Тоҷикистон намояндагони сафоратҳову созмонҳои байналмилалӣ низ ҳузур доштанд, аз ҷумла гуфт: "Дар атрофи Тоҷикистон вақтҳои охир бозиҳои бузурги геополитикӣ- идеологӣ рафта истодааст. Таҳти пӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатӣ гоҳо аз шеваҳое кор гирифта мешавад, ки ба мафиати Тоҷикистон хидмат намекунанд. Дар Тоҷикистон бархе аз хадамоти махсус, ки намехоҳам мақоми расмии онҳоро инҷо эълон кунам, бо ҷинояткорон ҳамкорӣ карда, ба онҳо маблағҳои калон медиҳанд. Онҳоро махсус таҳрик медиҳанд, ки алайҳи суботи мо кор баранд, амнияти халқи моро халалдор созанд."
Ҷаноби Ятимов, ки дар ин нишаст ибтидо ба англисӣ суханронӣ кардаву баъдан сӯҳбатҳояшро бо забони русӣ ҳам хулоса кард, аз бурдани номи ягон кишвари мушаххас ва ё хадамоти он худдорӣ варзид. Ӯ танҳо гуфт: "Ин корҳоро кишварҳои бузург анҷом медиҳанд.” Вазири амният хитоб ба созмону хадамаҳои хориҷӣ гуфт, “шумо бояд шарм доред, ки дар Тоҷикистон, дар як кишвари хурде, ки тоза ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, фаъолият дореду ба чунин корҳои нохуб даст мезанед. Магар ки бигӯям: Ай-яй-яй! (Шарматон бод!)"

Ятимов аз ин, ба таъбири ӯ, “дирижёрҳое ки дар пушти оркестр пинҳон шудаанд”, хост, сари худро боло кунанд ва чунон дирижёрӣ кунанд, ки ҳама бубинанд.

Ҳарчанд раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз ягон созмон ё кишвари мушаххас ном набурд, бисёриҳо дар ишораҳои ӯ рӯйдодҳои ахири Хоруғро “шинохтанд.” Қабл аз оғози бӯҳрони Хоруғ хабари мулоқоти мушовири сиёсии дафтари тоҷикистонии Иттиҳодияи Аврупо Иштван Нитрай бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, фармондеҳи собиқи мухолифин дар Хоруғ нашр шуд. Баъди он ҳаводис дар атрофи сафари сафири Бритониё Робин Орд-Смит ба Хоруғ низ сару садои зиёд барпо шуд ва ҳатто Сӯҳроб Шарифов, вакили порлумон аз ҳизби ҳоким далели ин сафарро, ки ошноӣ бо вазъи риштаи сайёҳии Бадахшон гуфта мешуд, зери суол бурданд. Бо баҳонаи ноамнӣ дар марзи Афғонистон Орд-Смитро ба ҷои дигар кӯчондани пешгирӣ аз мулоқоти ӯ бо намояндаи ҷомиаи шаҳрвандии Хоруғ низ ба оташи ҳадсу гумонҳо дар бораи вуҷуди “дасти хориҷӣ” дар рӯйдодҳои Бадахшон равғани бештар рехт.
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон мегӯяд, сӯҳбатҳои ахири Ятимов тасодуфӣ нест, балки дар сиёсати Душанбе нисбат ба созмонҳои байналмилалӣ бахусус дар чанд моҳи охир як навъ “гузариш” эҳсос мешавад: “Қисман ин таъсири бӯҳрони Украина ва дигар “инқилобҳои ранга” аст ва қисман – таъсири мақомот ва матбуоти Русия. Ва ин чизи даргузар наменамояд, балки як майли давомдор аст, ба фикри ман. Албатта, ҳар чиз ҳадду ҳудуд дорад. Ин маърака ҳоло авҷ гирифтааст ва баъд шиддаташ пасттар мешавад, вале худи тамоюл боқӣ мемонад, яъне аз байн намеравад. Бештар ҳоли созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ танг хоҳад шуд. Созмонҳои хориҷӣ ҳам таҳти фишор қарор мегиранд, вале таҳти фишои нисбатан камтар, чунки Тоҷикистон ба кумакҳои ин созмонҳо ҳанӯз ниёз дорад.”

Ҳамин тавр, бархе ҳоло бар инанд, ки Душанбе баъди нооромиҳои тобистони солши 2012 ва моҳи майи соли равон дар Хоруғ то ҳадде шояд нигарони фаъолиятҳои шабакаҳои марбут ба имоми исмоилиҳои ҷаҳон Оғохони 4 шудааст. Ба фарқ аз боқӣ манотиқи Тоҷикистон, ки аксари мардумаш суннимазҳабанд, аз 220 000 аҳолии Бадахшон аксараш шиъаҳои исмоилианд, ки Оғохони 4-ро Ҳозир-Имом ва раҳбари рӯҳонии худ мешиносанд. Дар Тоҷикистон ва бештар дар қаламрави Бадахшон аз миёнаи солҳои 90 асосан ду шабакаи марбут ба Оғохон – Шабакаи рушди Оғохон ва Сандуқи Оғохон – фаъолият доранд.

Ёдгор Файзов

Ёдгор Файзов

Аммо Ёдгор Файзов, раҳбари намояндагии Сандуқи Оғохон дар Тоҷикистон рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гумонҳо ягон асос надоранд ва барномаҳои Оғохон дар ин минтақа танҳо магшғули кумак ба мардуманд, на чизи дигар: “Мо ба ин ҳама на ягон кор дорему на маблағи зиёдатие дорем, ки сарфи чунин корҳо кунем, ва на ягон манфиат дорем, ки дар Тоҷикистон ягон нотинҷӣ бошад ё ягон мушкили дигар. Фонди Оғохон ба ин корҳо ягон дахолат ҳам надораду фикр намекунам, ки ягон кас ҳам номи моро бигирад, ки гӯё мо дар ин корҳо шарик ҳастем. Ягон далел, як грамм ҳам далеле надоранд. Мо баръакс ҳамеша кумак кардем, ки тинҷу ором бошад. Лекин барои вайрон кардани авзои сиёсӣ мо на ягон зарурат дорем ва на ягон манфиат. Ин ба фоидаи кори мо ҳам нест. Ман ягон созмони байналмилалии дигарро ҳам намедонам, ки бо чунин корҳое сарукор дошта бошад.

Ин бори аввал нест, ки вазири амнияти Тоҷикистон дар бораи амалҳои “номатлуб”-и қудратҳои хориҷӣ дар саҳнаи Тоҷикистон сӯҳбат мекунад.
АЗ сомонаи расмии президенти Тоҷикистон: ЯТИМОВ Саймумин Сатторович 23 июли соли 1955 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ва соли 2003 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Доктори илмҳои сиёсӣ.

Фаъолияти меҳнатиашро аз иҷрои вазифаҳои корманди оперативӣ ва роҳбарӣ дар сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, дастгоҳи марказии Кумитаи Амнияти Давлатии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Солҳои 1996-2000 фаъолияти дипломатӣ намуда, баъдан дар мансабҳои сардори раёсат, муовини Вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои Аврупо ва сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои Европоӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи майи соли 2010 муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи сентябри соли 2010 дар мансаби Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард.

Рутбаи ҳарбии генерал-лейтенант дошта, бо орденҳои Спитамен дараҷаи II, Зарринтоҷ дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Саймӯмин Ятимов моҳи апрел дар матлабе таҳти унвони "Идеология ва манфиати миллӣ", ки дар “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - нашр шуд, навишта буд, ки дар дунёи муосир алакай як системаи мукаммали роҳҳои ошкору пинҳони таъсиррасонии идеологӣ ба кишварҳоро ба вуҷуд овардаанд: «Таҷрибаи инқилобҳои ранга... ин ақидаро тақвият мебахшад. Ин система ҳама тавсияҳои лозим барои анҷоми инқилобҳои рангаро аз нуқтаи аввал то хатти марра дорад, ки киҳо бояд «муборизи озодӣ ва адолат», «рӯҳонии маъруфу арбоби шинохтаи ҷамъиятӣ» ва «ватанпарасти дурӯғин» муаррифӣ гарданд, кӣ дар кадом ниқоб ҷой дода шавад, роҳҳои тафсири рӯйдодҳо ҷиҳати бештар намудани ҷаззобияти онҳо нишон дода мешавад...” Оқои Ятимов дар ин матлаб навишт, ки қудратҳои бузург барои бозиҳои худ дар “тахтаи шоҳмот”-и дунё асосан халқҳои “каммаърифат” ё “содалавҳ”-ро интихоб мекунанд.

Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион аҳолиаш аз нигоҳи иқтисодӣ фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор рафта, бо вуҷуди эълони сиёсати “дарҳои боз” аз нигоҳи сиёсӣ то ҳол асосан дар меҳвари Маскав мечархад. Маскав, ки баъди бӯҳрони Украина дучори таниши шадиде бо Ғарб шуда ва ин ҳатто нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд дигарбора ба мисли Шӯравии пешин якҷо бо чанд низоми дигари худкома худро бо як “девори оҳанин” ё дақиқтараш “чордевори оҳанин” аз боқии дунё, бахусус аз Ғарб ҷудо кунад. Дар чунин сурат, суол ин аст, ки Тоҷикистон дар кадом сӯи ин “чордевори оҳанин” хоҳад монд? Бо шарики стратегиаш – Русия - дар дохили ин “чордевор”? Ваё ҳатто агар дару дарвозаашро натавонист, ба ҳар сурат, даричаеро чанд барои дигарон ҳам боз хоҳад гузошт?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG