Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳур Амонулло Саъдуллоевро аз мақом барканор кард


Амонулло Саъдуллоев. Акс аз "Азия Плюс"

Амонулло Саъдуллоев. Акс аз "Азия Плюс"

Додарарӯси президенти Тоҷикистон Амонулло Саъдуллоев аз мақоми муовини раиси ширкати давлатии "Барқи Тоҷик" озод карда шуд.

Рӯзи 27 август дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон раиси нави ширкати “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилов ба аъзои ҳукумат муаррифӣ шуда ва ҳамаи муовинони раиси ин ширкат, аз ҷумла Даврон Исҳоқӣ, Елена Лашкарбекова ва Амонулло Саъдуллоев аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Амонулло Саъдуллоев, додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон ва бародари Ҳасан Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” мебошад. Вале дар бораи ба кадом вазифаи наве таъин шудан ё нашудани Саъдуллоев ва ду муовини дигар ҳанӯз гузориш нашудааст.

Амонулло Саъдуллоев як сол пеш - 29 августи соли 2014 муовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" таъйин шуда буд. Ӯ аз моҳи июни соли 2013 то расиданаш ба муовинат ба ҳайси раҳбари бахши фурӯши барқ дар ширкати давлатии “Барқи тоҷик” кор мекард.

Тавре Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 27 август хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи феълии ширкати “Барқи тоҷик” шадидан изҳори нигаронӣ намуда, аз масъулони тозатаъини он талаб намудааст, ки қарзҳои ширкат ва мушкилоти мавҷуда дар фурӯши барқро ба низом дароранд. Дирӯз бо фармони президенти Тоҷикистон раиси ширкати “Барқи тоҷик ” Рустам Раҳматзода аз ин мақом барканор ва муовини аввали раиси вилояти Суғд таъин шуд.

Дар ҷаласаи ҳукумати кишвар зикр карда шуд, ки 50 дарсади кормандони дастгоҳи марказии “Барқи Тоҷик”-ро ихтисор кардаанд. Дар ҳоли ҳозир қарзи ширкати “Барқи тоҷик” танҳо аз нерӯгоҳи обию барқии Сангтӯда-1 ба 495 миллион сомонӣ баробар аст.

Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳукумат ҳамчунин Бунафша Одинаева аз мақоми муовини вазири фарҳанг озод карда шуда, Зафар Сафарзода раҳбари раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Равшан Тӯйчизода муовини якуми мудири кулли Корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин карда шуд. Олимҷон Холдоров раҳбарии Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ”-ро бар дӯш гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG