Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми 13 июл халабонҳои ширкати «Тоҷик Эйр», ки яку ним моҳ дар Кобул нигоҳ дошта мешуданд, ба Душанбе бармегарданд.

Масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар ба РО гуфтанд, «ҳавопаймои ҳомили ин панҷ халабони тоҷик соатҳои 21 имшаб ба вақти маҳаллӣ, ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе мерасад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтае пеш панҷ нафар аз халабонҳои ширкати «Тоҷик Эйр» пас аз 39 рӯз ба ватан баргашта буданд.

Аммо қаблан ду нафар аз халабонҳои тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои "Озодӣ" гуфта буданд, ки то ҳол мақомоти Афғонистон дар бораи сарнавишти баъдии онҳо ба хулосае нарасиданд ва онҳоро бо ҷурмҳои беасос нигаҳ медоранд.

Онҳо мегӯянд, мақомот даъво доранд, ки чархболҳо дар замони ҷангҳои дохилии Афғонистон дар соли 1992 аз сӯи Тоҷикистон рабуда шуда, пас аз рангубор ва таъмир дубора ба истифода дода шудаанд. «Тоҷик Эйр» тамоми ҳуҷҷатҳои ин чархболҳоро ба мақомоти афғон пешкаш ва собит кардааст, ки онҳо дуздида нашуда, балки моли ширкатанд. Ҳамчунин халабонҳои тоҷикро мақомоти Афғонистон барои убури ғайриқонунии марз муттаҳам кардаанд.

Бозгашти гурӯҳи охирини халабонҳои тоҷик дар ҳоле сурат мегирад, ки ду чархболи ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамоно дар фурудгоҳи Кобул нигоҳ дошта мешавад. Онҳоро мақомот мӯҳру коғаз задаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG