Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" боздошти 2 чархболаш дар Кобулро рад кард


Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо пахши изҳороте боздошти ду чархболаш дар Афғонистонро рад кардааст.

Мақомоти "Тоҷик Эйр" бо пахши баёнияе боздошти ду чархболи муталлиқ ба ин ширкати ҳавопаймоӣ дар Афғонистонро рад кардаанд. Бино бар баёнияи ин ширкат, ки рӯзи 30-юми июн чоп шуд, ду чархболи МИ-8МТВ бо ҳавонавардону муҳандисонаш бар асоси қарордод дар Афғонистон бо ҳамлу нақли колоҳои ғайринизомии НАТО машғул аст.

Ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ба сабаби пеш омадани баҳсҳо миёни кордиҳанда ва вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон фаъолияти ин ду чархбол ва 30 корманди он дар фурудгоҳи Кобул боздошта шуд. Кормандони он шаҳрвандони Тоҷикистону Русия, Украинаву Қирғизистон ва Колумбия будаанд.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 30-юми июн як хабаргузории маҳаллӣ ба нақл аз Амиршо Авазов, яке аз муҳандисони "Тоҷик Эйр", навишт, ки мақомоти Афғонистон ӯву ду ҳамроҳи дигарашро раҳо кардаанд. Бино ба гуфтаи Авазов, ҳоло нӯҳ ҳавонавард ва муҳандисони "Тоҷик Эйр" дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Ҷаноби Авазов гуфтааст, нигаҳдории онҳо дар пайи баҳси молии ширкати Supreme Food бо мақомоти Афғонистон сурат гирифтааст.

Як рӯз пеш аз ин, Хадамоти амнияти миллии Афғонистон иттиҳомот алайҳи халабонҳои тоҷик дар Кобулро шарҳ дод. Лутфулло Машъал, сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фурудгоҳи Кобул на ду, балки як чархболи ширкати тоҷикии "Тоҷик Эйр" ба хотири надоштани иҷозаи фаъолият дар Афғонистон ва напардохтани молиёт ва андозҳои лозимӣ таваққуф дода шудаанд. Вай афзуд, иҷозатномаи ин чархбол ба номи Африқои Ҷанубист ва молияву андози таваққуфу боркашонӣ дар Афғонистонро надоштанд.

Ҷаноби Машъал гуфт, ҳоло халабонҳо дар як меҳмонхонаи шаҳри Кобул тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва аз онҳо хуш пазироӣ мешавад, аммо то пардохти молиёт ва андоз ба онҳо иҷозаи хуруҷ аз Афғонистон дода намешавад. Қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар Афғонистон ду чархболи МИ-8-и ширкати "Тоҷик Эйр" аз сӯи мақомоти Афғонистон нигоҳ дошта шудаанд ва сабаб баҳси молиявӣ миёни ширкати Supreme Food ва вазорати нақлиёту ҳавонавардии Афғонистон аст. Аммо масъули ширкати Supreme Food ба Озодӣ гуфт, ки ин ширкат барои фаъолиятҳояш дар Афғонистон молиёт ва андоз намесупорад.

Ширкати Supreme Group мегӯяд, муваззаф нест, ки ба мақомоти Афғонистон андоз супорад. Ин матлабро Сэм Гад, мудири бахши иттилооти ширкат дар Аморати Муттаҳидаи Араб дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар робита бо қазияи халабонҳои тоҷик дар Кобул баён кард.

Сэм Гад: Иттилоъ дар бораи ин, ки 12 халабон боздошт шудаанд, сиҳат надорад. Намояндагони Хадамоти миллии амнияти миллии Афғонистон шиносномаҳои онҳоро мусодира кардаанд. Supreme бо намояндагони «Тоҷик Эйр» ҳамкорӣ дорад ва барои мулоқотҳои онҳо бо Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Афғонистон мусоидат кард, то онҳо қазияи нигаронкунандаи халабонҳоро ҳарчи зудтар ҳал кунад. Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ҳамчунин огоҳонида шудааст, ки барои ҳалли қазия кӯмак кунад ва панҷ шиносномаеро, ки аз тими «Тоҷик Эйр» мусодира кардаанд, гирифта диҳад. Ҳамчун ҳамкори нерӯҳои низомӣ дар Афғонистон Supreme муваззаф нест, ки барои кораш дар ин кишвар андоз супорад.

Озодӣ: Чанд чархболи Тоҷикистон дар ширкати Шумо кор мекунанд? Оё бо ширкатҳои тоҷикӣ шартнома доред?

Сэм Гад: Ду чархболи ширкати «Тоҷик Эйр» барои Supreme Group бар асоси шартнома бо Хадамоти ҳавонавардии Осиёи Марказӣ кор мекунанд, на шартномаи мустақим бо «Тоҷик Эйр».

Озодӣ: Дар бораи ҳамкориҳоятон бо Тоҷикистон чӣ мегӯед?

Сэм Гад: Supreme танҳо бо намояндагони «Тоҷик Эйр» ҳамкорӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир, барои ҳалли мушкили халабонҳо мусоидат мекунад. Дар ин маврид бо Сафорати Тоҷикистон дар Кобул низ ҳамкорӣ дорад.

Айни замон, дар сӯҳбат бо Озодӣ Илҳом Қаюмов, яке аз 12 халабони ширкати «Тоҷик Эйр» дар Афғонистон гуфта буд, ки як моҳ ба ин сӯ шиносномаи 5 нафари онҳоро гирифта, ҳамагӣ дар Кобул ба сар мебаранд. Ҷониби асосии қазия – «Тоҷик Эйр» то ба ҳол ба ин қазия вокуниш нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG