Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон будҷаи соли 2014-ро дар ҳаҷми 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ ё тақрибан 2,9 миллиард доллар қабул кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барномаи кишварро барои дарёфти қарзҳои хориҷӣ дар се соли оянда маъқул донист, ҳарчанд иддае аз вакилон шеваи истифода ва самараи ин маблағҳоро зери суол бурданд.

Бино ба тарҳи нави ҳукумат, ки дар Маҷлиси намояндагон писандида шуд, Тоҷикистон дар се соли оянда зиёда аз ним миллиард доллар қарзро дар риштаҳои гуногун сарф хоҳад кард.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23-юми октябр дар Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи ин барнома гуфт, дар ин се сол азхудкунии 554 миллион доллар маблағҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст. Вай афзуд, «аз он ҷумла дар соли 2014-168,2 миллион доллар, дар соли 2015-127,7 миллион доллар ва дар соли 2016 -81,7 миллион долларро дар бар мегирад. Дар барномаи пешниҳодшуда, ҷалб аз банки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии рушд, Бонки Исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ғайраҳоро дар бар мегирад.»



Қарор аст, 48 миллион доллари қарз ба соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ,19,8 миллион доллар ба бахши тандурустӣ,15,1 миллион доллар ба маориф, 47 миллиони дигар ба соҳаи нақлиёт ва мухобирот равона шавад.

Дар ҳоле, ки ҷаноби Наҷмиддинов ихтисос ёфтани бахши умдаи қарз, яъне 115 миллион долларро ба соҳаи энергетика ва санотаи Тоҷикистон эълон кард, Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва раҳбари ҳизби коммунистии Тоҷикистон раванди истифодаи маблағҳои қарзиро маҳз дар ҳамин бахш ба боди интиқод кашид.

Ӯ гуфт, чанде қабл дар ҳамҷоягӣ бо Барномаи рушди СММ шеваи истифодаи маблағҳои қарзӣ ва будҷа, дар ин соҳара таҳқиқ карданд ва маълум шуд, ки "дар баъзе ҳолатҳо маблағҳо ба истилоҳ "обу лой" мешаванд." Ин вакил ҳамчунин гуфт, «ҳисобот доранд, ки қарзҳову грантҳоро аз худ кардем, аммо мо меравем мебинем, ки истгоҳҳои барқӣ аслан кор намекунанд. Яъне онҳо пулҳоро дар киса андохта гурхетанд, мардуми бечора ҳайрон монданд ва то ҳанӯз аз ҳукумату парлумон шикоят аст, ки ҳеҷ пешравӣ нест. Камбудӣ бениҳоят зиёд аст, дар ҳоле, ки мо мегӯем маблағҳо аз худ шуд, аммо корхонаҳо кор накунанд, рақобаташ паст, андзоро супоридан натавонанд пас қарзҳоро чӣ кор мекунем? Мо дар қарз меғӯтем.» Ба таъкиди Шодӣ Шабдолов бояд назорат дар истифодаи муассири қарзҳо ҷиддитар шавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, бояд сиёсати қарзӣ дар Тоҷикистон нав шавад. Зеро ба гуфтаи вай то кунун дар кишвар меъёри самаранокии истифодаи қарзҳо вуҷуд надорад. Ин таҳлилгар афзуд, бештари қарзҳо ба бахшҳои инфросохторӣ равона мешаванд, дар ҳоле ки "ихтисос додани ин маблағҳо ба рушди бахши хусусӣ, соҳибкории миллӣ ва истеҳсолот метавонист дар оянда даромади бештар орад. Аслан гап дар сари камиву зиёдии малбағҳои қарзӣ намеравад, зеро агар давлат аз ӯҳдаи баргардондани қарзҳо набарояд, қарзи кам ҳам метавонад барои давлат гарон афтад. Ва он тарзе ки ҳоло мо ин қарзҳоро истифода мебарем, ба будҷа гаронӣ меорад ва мо қарзҳоро сари вақт баргардонда наметавонем. Бояд фаъолитяи мониторинги истифодаи қарзҳо ба дӯши ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.»

Барномаи қарзи давлтии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2016 дар ҳоле аз сӯи парлумон қабул мешавад, ки тибқи иттилои расмӣ то кунун қарзи берунии Тоҷикистон маблағи 2 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Иҷрои тарҳи нав ҳаҷми умумии қарзро ба марзи се миллиард доллар хоҳад кашонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG