Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полумони Тоҷикистон санади танзимкунандаи фаъолияти Ломбардҳоро тасвиб кард ва бо ин бизнеси соягии муомилоти пуливу молиро дар чаҳорчуби қонун ҷой дод.

Сокинони Тоҷикистон гаравхона ё ломбардро, ки имрӯз парлумони Тоҷикистон мавҷудияи онҳоро қонунӣ кард, байни худ “дӯкони Қорӣ Ишкамба” меноманд. Онҳое, ки “Марги судхӯр”-и Садриддин Айниро медонанд, зуд мефаҳманд, ки ин ишора ба ноҳаққӣ ва судхӯрии ломбардҳост.

Фаридун сӣ сол дорад ва мегӯяд, фишори гаравхонаро дар пӯсту ҷони худ эҳсос кардааст. Вай боре ангуштарии тиллоии 400-доллариро ба гарав гузошта, қарз гирифт, аммо маҷбур шуд, онро ба 200 доллар аз даст диҳад. Сабаб дар он буд, ки Фаридун натавонист, дар мӯҳлати таъиншуда суд ё баҳраи қарзро бипардозад: «ба вақти гирифтани қарз масъулони ломбард ба ман гуфтанд, ки баъд аз 10 рӯз ман бояд 1050 сомонӣ баргардонам, дар сурати ғайр фоизи маблағ зиёд хоҳад шуд. Вақте ман пурсидам тақрибан чӣ қадар, гуфтанд, 200 сомонӣ. Дар вақти гирифтани қарз, ба ҷуз як чек ё расиде, ки дар он маблағи додашуда зикр гашта буда, дигар ба ман ҳеҷ санаде барои имзо пешниҳод нашуд Вале вақте ман баъд аз 16 рӯз барои баргардондани маблағ ва гирифтани ангуштаринам омадам, аз ман талаб шуд, ки ҳудуди 700 сомонӣ пули изофӣ бисупорам. Ман чун мунтазир набудам, ки фоийз то ин андоза баланд нишон дода мешавад, ки дигар аз ӯҳдаи додани он набароям ва ҳамин хел ангуштаринамро аз даст додам. »


Ин мусоҳиби мо мегӯяд , чун сахт эҳтиёҷ дошт ва барои гирифтани қарз аз бонк вақту қоғазбозии зиёд сарф мешуд, ночор рӯ ба гаравхона овард. Аммо, меафзояд Фаридун, агар аз қабл медонист, ки ба доми фиреб меафтад, ҳаргиз ба гаравхона намерафт. Дар зимн, шаҳрвандоне, ки аз тарзи кори гаравхонаҳо шикоят мекунанд, зиёданд.

Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 30 ломбард мавҷуд аст, ки ҳар яке ба ҳисоби миёна аз 30 то 50 муштарӣ дорад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар кулл таҷрибаи истифодаи мардум аз ломбард мусбат нест, аксарият барои гирифтани қарз аз ин гаравхонаҳо худдорӣ мекунанд. Аз ҷумла Раъно Рабимова, сокини пойтахт мегӯяд, «то ҷое ман медонам, ҳанӯз аз даврони шӯравӣ дар назди фурӯшгоҳи марказии пойтахт махсус чунин ломбард амал мекард, ки мардум бо додани ҷавоҳироти худ қарз мегирифтанд. Ман ҳатто дар ҳамон вақт ҳам ба ин гаравхона тавваҷӯҳ надоштам, ҳоло бошад тамоман аз чунин ҷойҳо худдорӣ мекунам. »

Як сабаби шикоятҳо аз ломбардҳо ин буд, ки фаъолияти онҳо қонуну қоидаи муайян надошт ва ҳам шаҳрвандони фиребхӯрда намедонистанд ба куҷо муроҷиат кунанд. намояндагони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон мегӯянд, н вазъ боис шуд, ки Қонун «Дар бораи гаравхона ё “ломбард”-ро ба тасвиб бирасад. Порлумон ин санадро рӯзи чаҳоршанбеи 27 март қабул кард.

Сафаралӣ Гулов, вакили парлумон ва муаллифи тарҳи мазкур ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар бештари кишварҳои ҷаҳон гаравхонаҳо фаъолияти густарда доранд ва чун воситаи ёрии молӣ ба шаҳрвандон истифода мешаванд. Аммо дар Тоҷикистон бинобар набуди қонуни махсус, шаҳрвандоне, ки молу мулки худро дар ломбардҳо ба гарав мегузоштанд, аз ҳимоят маҳрум мемонданд. Ҷаноби Гулов мегӯяд, « Мақсади асосии ин қонун ба танзим даровардани фаъолияти гарвахонаҳо ва ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Дар тарҳи қонуни мазкур молу мулки мавриди гарав баҳогузорӣ шуда, шарту шароити қарздиҳӣ, иҷборан гирифтани молу мулки ба гарав гузошташуда ва бозгардондани қарз мушаххас шудааст. Дар баробари ин, қонуни мазкур барои рушди соҳибкории хурду миёна ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кориву ворид шудани маблағҳои иловагӣ ба буҷа мусоидат хоҳад кард.»

Ҷаноби Гулов, аз ҷумла бо ишора ба таъсиси даҳҳо гаравхонаҳои пинҳонӣ дар кишвар гуфт, соли гузашта 6 ломбарде, ки ба таври ғайриқонунӣ фаъолият доштанд, баста шудаанд.

Аммо то куҷо ин қонун ба мушкили шаҳрвандон дар истифода аз хидмати гаравхонаҳо расидагӣ хоҳад кард?

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони мегӯяд, ҳарчанд қабули чунин қонунро муҳим медонад, аммо интизори инро надорад, ки он дар муносибатҳои миёни шаҳрвандон ва ломбардҳо тағйири ҷиддиеро ба бор хоҳад овард: «то чӣ андоза ин қонун метавонад ҳуқуқи шаҳврандонеро, ки аз хидматрасониҳои ломбардҳо истифода мекунанд, аз моҳияти шартномаи истифода аз хидмати ин муассисаҳо вобастагӣ дорад. Ва чун қаблан таҷриба буд, аммо ба таври зарурӣ қонунгузорӣ масъаларо танзим намекард , минбаъд бештар самарабахшии қабул шудани ин қонун аз таҷрибаи фаъолияти ҳамин гуна сохторҳои нав дар муносибатҳои иқтисодӣ гувоҳӣ хоҳад дод.»

Қонуни гаравхона ё “ломбард” аз чаҳор боб ва 18 банд иборат буда, дар таҳияи он аз таҷрибаи кишварҳое чун Русия, Арманистон, Беларус ва Қазоқистону Қирғизистон истифода шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG