Пайвандҳои дастрасӣ

Палатаи таҷдиди назари додгоҳи Молдова рӯзи 9 сентябр Собир Валиев, муовини раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро баъди 29 рӯзи боздошт озод кард.

Собир Валиев, муовини раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки рӯзи 12 август бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Кишинёв, пойтахти Молдова боздошт шуда буд, рӯзи 9 сентябр озод шуд. Палатаи таҷдиди назари додгоҳи Молдова ҳукми додгоҳи шаҳри Кишинёвро, ки ҳукми ҳабси Собир Валиевро то 22 сентябр тамдид карда буд, лағв кардааст. Вале баррасии парвандаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон идома дорад.

Дмитрий Флютсаренко, вакили мудофеи Собир Валиев рӯзи 9 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Додгоҳ тавҷеҳҳои моро қабул кард ва ҳукми додгоҳи Кишинёв аз 26 август дар бораи тамдиди замони боздошти Валиевро ғайриқонунӣ донист. Бино ба ҳукми додгоҳ, Собир Валиев беасос боздошт шудааст. Ӯ якуним соат пеш озод шуд.”

Аммо Дмитрий Флютсаренко афзуд, ки баррасии парвандаи истирдоди Собир Валиев бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон ҳамчунон идома хоҳад ёфт: “Ҷониби Тоҷикистон алакай аз тариқи почтаи электронӣ дархости истирдоди Валиевро ба мақомоти Молдова фиристодааст. Мо низ имрӯз нусхаи ин санадро дарёфт кардем. Муваккили ман бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба даъват ба амалҳои ифротгароӣ айбдор мешавад.”

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо аз 3 то 8 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Собир Валиеви 27-сола рӯзи 12 август дар фурудгоҳи пойтахти Молдова ҳангоми нишастан ба парвози Кишинёв-Истамбул боздошт шуд. Додгоҳи аввал ҳамон рӯз ҳукми боздошти ӯ то 31 августро қабул кард. Баъди ду ҳафта бо ҳукми дигари додгоҳи Кишинёв замони боздошти Валиевро боз барои 22 рӯзи дигар тамдид карданд.

“Гурӯҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар аз 9 октябри соли 2014 фаъолияташ мамнӯъ ва бо ҳукми дигари ҳамин додгоҳ аз моҳи декабр созмони экстремистӣ эълон шудааст. Ин созмонро соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов таъсис додааст, ки моҳи марти соли равон дар Истамбул кушта шуд.

Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш дар шаҳрҳои Русия як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро ташкил дода, аз мардум хостанд, то рӯзи 10 октябр дар як эътироз дар майдони марказии Душанбе ҷамъ шаванд. Ин гирдиҳамоӣ дар ниҳоят доир нашуд, вале ба таъқиби фаъолон ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” оғоз гузошт.

Собир Валиев моҳи марти соли равон дар пайи қатли раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар натиҷаи як сӯиқасд дар Истамбул муовини раиси ин созмон интихоб шуд. Ӯ дар чанд гирдиҳамоии тарафдорони ин созмон дар Истамбул ширкат ва суханронӣ кардааст.

Ба ҷуз аз Собир Валиев дастикам 7 тани дигар бо гумони узвият дар “Гурӯҳи 24” дар Русия боздошт шуда, мунтазири баррасии парвандаи истирдодашон ба Тоҷикистонанд. Як фаъоли дигари ин созмон – Шабнам Худойдодова – аз моҳи июн дар шаҳри Брести Беларус дар боздошт қарор дорад ва ахиран ҳукми боздошти ӯро то 17 октябр тамдид карданд. То имрӯз дар бораи маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шудани дастикам 5 тан аз фаъолони “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш аз сӯи додгоҳҳои Тоҷикистон гузориш шудаааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG