Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳоле, ки дар матбуоти Эрон дигарбора сӯҳбат аз дороиҳои Бобаки Занҷонӣ дар сархати хабарҳо қарор дорад, масъулони ширкати "Конт групп Тоҷикистон" мегӯянд, ки ин сармоядори боздоштшудаи эронӣ дар Тоҷикистон дороӣ надорад.

Рустам Саидов, раиси ҳолдинги “Конт групп Тоҷикистон” гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон дороӣ надорад ва дар ин бора дар гузашта ширкати онҳо ба матбуот изҳорот додааст. Ин суханонро оқои Саидов дар сӯҳбати мухтасар дар ҳоле ба Радиои Озодӣ баён дошт, ки ахиран дар матбуоти Эрон бори дигар сӯҳбатҳо дар бораи дороии Бобаки Занҷонӣ, сармоядори эронӣ дар сархати хабарҳои ин кишвар қарор гирифт.

Ин бор Юсуфиён Мулло, узви Маҷлиси Эрон ҳатто суханоне аз имкони эъдоми Занҷонӣ ба забон овард. Вай ба сароҳат изҳор дошт, ки дороиҳои Занҷониро дар Тоҷикистон мақомот тасарруф ва моли худ мекунанд. Дар зимн Юсуфиён аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои мусодира ва бозгардони дороиҳои Занҷонӣ бо Эрон ҳамкорӣ кунанд.

Эрон бо Тоҷикистон ҳамкориҳои густардаи иқтисодиву фарҳангӣ дорад ва равобити хуби суннатии ин ду кишвар шояд иҷоза надиҳад, ки мақомоти интизомии Эрон дар мавриди Тоҷикистон роҷеъ ба дороиҳои Занҷонӣ ба ифшогариҳо даст зананд, агар худи Занҷонӣ аз афроди ҷониби ҳамкораш дар Тоҷикистон ном набурда бошад. Вале Додситонии кулли Эрон борҳо изҳор доштааст, ки Занҷонӣ намехоҳад бо додситонӣ ҳамкорӣ кунад ва маълумотро дар ихтиёри онҳо гузорад.

Меҳрангез Кор, ҳуқуқдони эронии муқими Амрико.

Меҳрангез Кор, ҳуқуқдони эронии муқими Амрико.

Меҳрангези Кор, ҳуқуқдони эронии муқими Амрико ба чунин изҳороти Додситонии кулл бовар надорад ва мегӯяд, мақомоти қазоии Эрон ҳар вақт, ки хостаанд, аз роҳи зӯр ё шиканҷа аз боздоштшудагон эътирофот гирифтаанд. Чун Занҷонӣ барои онҳо аз нуқтаи назари амниятӣ як муттаҳами хос аст, бо вай бо эҳтиёт кор мекунанд. Агар асрори ин пулҳо ошкор шавад, паёмадҳои “таркиш”-и он то ба баъзе аз мақомоти ҳукумати Эрон хоҳад расид.

Ин ҷост, ки Занҷонӣ бо чунин рафтор фақат дар бораи сарнавишти худаш фикр намекунад ва медонад, ки дар паси вай шахсиятҳои бузурге қарор доранд. Ба ҳамин далел, мумкин аст то ҳол вай умедашро аз даст надодааст, ки ҳамин шахсиятҳо метавонанд тадриҷан вайро аз зиндон берун бикашанд.

Вале таҳлилгарон ин корро баъид медонанд ва бештар ба ин андешаанд, ки “ҳамкорон”-и пешин Занҷониро тадриҷан бо сарнавишташ танҳо мегузоранд ва ҳатто мумкин аст худашон вайро қурбон кунанд ва ба ин тартиб омилеро, ки замоне вориди бозӣ карда буданд ва вайро фақат чун иҷрокунандаи дастурҳо мешинохтанд, акнун онро аз байн бибаранд, то худашон аз муҷозот дар канор бимонанд.

Дар худи Эрон ҳам бовар надоранд, ки як ронандаи маъмулӣ ба шиддат ба чунин қудрати молӣ бирасад ва соҳиби миллиардҳо доллар сармоя ва ширкатҳои мухталиф шавад. Ҳадс зада мешавад, ки вай такягоҳҳои бузурге дар сатҳи хеле боло доштааст. Хонум Меҳрангези Кор мегӯяд, эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки Занҷониро эъдом кунанд, то ҳамаи он номҳо махфӣ бимонад.

Агар Додситонии кулл натиҷаҳои таҳқиқи худро эълон накунад ва нагӯяд, ки Бобаки Занҷонӣ сармояҳоиЭронро ба Тоҷикистон ё ба Туркияву Малайзия интиқол додааст, дар ин кишварҳо касе ва ҳатто Интерпол ё пулиси байналмиллалӣ наметавонад касеро “ҳамкор”-и Занҷонӣ эълон кунад ва ё бигӯяд, ки ин дороиҳо бояд ба Эрон бозгардонида шаванд.

Чун дороиҳои Занҷонӣ дар Тоҷикистон ба номи шаҳрвандони Эрон сабт нашудааст, мақомоти додситониву додгоҳии Эрон наметавонанд шаҳрвандони кишвари дигарро бидуни “далел” “ҳамкор”-и Занҷонӣ эълон кунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳолдинги “Kont group Tajikistan”фаъолият мекунад ва ба ин ҳолдинг ширкатҳои “Коntgroup investment” “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline”, ва “Kont tourism Tajikistan” дохил мешаванд. Ҷониби Эрон борҳо гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ ба Тоҷикистон бештар аз 2 миллиард евро интиқол дрдааст.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш Далер Абдулло, сухангӯи вақти “Kont group Tajikistan”дар оғози соли ҷорӣ гуфта буд, ки “дар оғози фаъолият ин ҳолдингро Бобаки Занҷонӣ сармоягузорӣ кардааст. Вай дар саргаҳи таъсисаш буд ва ҳамон маблағи зиёда аз 1 миллиарду 250 миллион солмоние, ки ҳолдинги “Kont group Tajikistan” ба Тоҷикистон ҷалб кард, дар саргаҳаш оқои Занҷонӣ қарор дошт ва мо онро рад намекунем”.

Вале сухангӯи “Kont group Tajikistan” дар идома гуфт, ки Бобаки Занҷонӣ дар асоси талаботи иқтисоди бозаргонӣ саҳмияҳои “Конт инвестмент бонк”-ро ба хонум Мерве Илмек-сармоядори Туркия фурӯхтааст ва ҳоло бонк ба вай тааллуқ дорад. Рустам Саидов--раиси ҳолдинги “Конт групп Тоҷикистон” маҳз ҳамин суханонро дар назар дошт, ки сухангӯи вай 11 январи соли ҷорӣ дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ баён дошта буд.

Бо ин гуфтаҳо ҷониби Тоҷикистон мехоҳад нишон диҳад, ки “изи пои Занҷонӣ” дар Тоҷикистон пок шудаст ва аз вай чизе намондааст. Вале воқеан ҳам чунин аст? Ё мақомоти додситонии Эрон далелҳое доранд ва бо собиқаву таҷрибаҳое, ки дар баҳсҳои байналмиллалӣ доранд, мехоҳанд аз эҳтиёт кор бигиранд ва кишвари дӯсти худ Тоҷикистонро шармсор накунанд? То ҳол ҳамин нуктаи дуввум барҷастатар ба назар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG