Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири эронӣ гуфт, Занҷонӣ миллиардҳо долларро ба Тоҷикистон бурдааст


Конт Бонк дар Душанбе, ки гуфта мешавад ба Бобаки Занҷонӣ тааллуқ дорад.

Конт Бонк дар Душанбе, ки гуфта мешавад ба Бобаки Занҷонӣ тааллуқ дорад.

Вазири нафти Эрон гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ 2 миллиарду 700 миллион долларро бо имзои чанд вазири ҳукумати Аҳмадинажод ба ҳисоби бонкии тақаллубӣ ё сохтаи худ дар Тоҷикистон гузаронидааст.

Бежан Номдор Зангана, вазири нафти Эрон бо интиқод аз сӯиистифода аз қудрат дар давлати Маҳмуди Аҳмадинажод, бонки Бобаки Занҷониро муттаҳам кардааст, ки бо ҳамкории чанд вазир ва раиси кулли Бонки марказии Эрон, ду миллиарду ҳафтсад миллион доллар дарёфт ва ба "ҳисоби бонкии ҷаълӣ"-и худ гузаронидаанд ва дар ниҳоят ин пул "аз байн рафта" аст.

Ба гузориши хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ --ИРНА, Бежан Номдор Зангана, ки субҳи рӯзи сешанбеи 12 август дар як барномаи иқтисодӣ дар Шабакаи яки телевизиони давлатии Эрон сӯҳбат мекард, гуфтааст, "ду миллиарду 700 миллион доллар дар давлати қабл бо имзои чанд вазир ва раиси кулли Бонки марказӣ ба ҳисоби бонкиии ҷаълии Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуда ва ҳама аз байн рафт."

Бобаки Занҷонӣ -- тоҷири наздик ба давлати Аҳмадинажод дар моҳи декабри соли гузашта бо ҳукми мақомоти қазоии он кишвар боздошт шуд. Яке аз иттиҳомоти аслӣ алайҳи Бобаки Занҷонӣ, пардохт накардани қарзҳои худ ба вазорати нафти он кишвар унвон шудааст.

Бежан Номдор Зангина ҳамчунин дар хусуси ин бонки Бобаки Занҷонӣ гуфтааст, "номбурда бонке дар Тоҷикистон ва сипас дар Малайзия дуруст карда буд, ки маълум нашуд чист ва чаро чунин риски бузурге кардаанд."

Дар давраи дувуми раёсати ҷумҳури Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳамзамонон бо афзоиши фишорҳо ва таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон, ҳукумати вақти он кишвар барои коҳиши ин таҳриму фишорҳо афрод ва ниҳодҳое чун Бобаки Занҷониро ӯҳдадори фурӯши бахше аз нафт кард.

Вазири нафти Эрон дар идома гуфтааст, ки иддае ҳамчун Бобаки Занҷонӣ дар ҳукумати Аҳмадинажод пули нафти кишварро бурданд ва ҳозир нестанд онро пас бидиҳанд. Вай гуфтааст, мизони амволи Бобаки Занҷонӣ бисёр камтар аз қарзҳое аст, ки ӯ бояд ба давлат бидиҳад. Ба гуфтаи вай, бахши асосии қарзҳои Бобаки Занҷоӣ марбут ба "нафти хоме" аст, ки ба ӯ дода буданд, "то онро дар хориҷ бифурӯшад, аммо ҳаргиз пули он ба ҳисоби давлат гузаронида нашудааст."

Сарусадоҳо дар мавриди интиқоли пули нафти Эрон ба ҳисобҳои Бобаки Занҷонӣ ба Тоҷикистон ҳанӯз пас аз боздошти ӯ бархоста буд, вале мақомоти Тоҷикистон онро радд карда буданд. Дар моҳи июни соли гузашта Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон ба матбуот гуфта буд, ки вай дар бораи Занҷонӣ ва таҳримҳои Амрико бар зидди Kont Investment Bank чизе намедонад.

Вакилони парлумони Эрон қаблан гуфта буданд, ки Занҷонӣ 2 миллиарду 60 миллион доллари вазорати нафтро пардохт накарда, санади ҷаълиеро нишон додааст, ки гӯё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, пардохт шудани ин пул ба вазорати нафти Эронро тасдиқ мекунад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ироаи чунин санадеро ба Бобаки Занҷонӣ рад кард ва гуфт, гувоҳиномаи бонк зоҳиран сохта аст.

Бобаки Занҷонӣ тайи 10 соли ахир ба яке аз сармоягузорони матраҳ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ӯро аз саҳҳомони аввалини «Конт- групп Тоҷикистон», ҳолдинги гуногунҷанбае меҳисобанд, ки ширкатҳои алоҳида, назири "Asian Express Terminal", «Конт – Таъминот», «Конт - Турист», "Asian Express Airline" ва «Конт – сохтмон» - ро муттаҳид мекунад.

Asian Express Airline ва «Kont Investment bank» дар рӯйхати ширкатҳое қарор доранд, ки аз сӯи Амрикову Аврупо таҳрим шудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон аммо мегӯяд, ҳоло соҳибмулки ин бонк як шаҳрванди Туркия аст, на Занҷонӣ.

Бо ин вуҷуд, бино ба маълумони «Конт – групп Тоҷикистон», ин ҳолдинг то сентябри соли 2013 ҳудуди 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ, беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузошта, танҳо аз ҳисоби таъмиру таҷдиди терминали марказӣ 24 миллион сомонӣ андозу молиёт пардохт кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG