Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои иртиботи видеоӣ зоҳиран ба “зиндаҷудоӣ”-и падарони муҳоҷир ва фарзандони онҳо дар Тоҷикистон хотима гузоштааст.

Сумаяи Фирдавс, духтари ҳафтсолаи як муҳоҷири тоҷик, имсол дар баробари 200 ҳазор нафар ба синфи 1-ум ба яке аз мактабҳои Душанбе рафт. Падараш Фирдавс Қодиров як сол боз дар Русия кор мекунад ва ҳоло аз фосилаи 4 ҳазор километр дур ҳар шаб бо духтари худ дарс омода мекунад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Агар дар инҷо мебуд, дасташро мегирифт ва дуруст навиштанро нишон медод. Ба мактаб мерафт, мепурсид. Ҳозир бо фанновариҳои нав якдигарашонро мебинанд, лекин аз пеш будан дигар аст.

Вай ба хотири аз даст надодани кораш наметавонад, ки ба Тоҷикистон биояд ва барномаҳои иртиботие мисли “Скайп”, “IMO” ва “Вайбер” ӯро аз дур бо духтари ҳафтсола ва писари чорсолааш мепайвандад. Фирдавс рӯзи 8-уми сентябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳар шаб пас аз кор тамоси видеоӣ мегирад ва то ним соат бо духтараш вазифаҳои хонагиашонро иҷро мекунанд. “Гапи модарашро камтар мегирад. Доим хотиррасон мекунам, ки бояд дарсҳояшро хонад. Фақат худам бо ӯ дарс тайёр мекунам. Бояд духтар хонад, то фардо азоб накашад. Аз ҳоло ӯро барои оянда омода кардан зарур аст,” – афзуд ӯ.

Ҳар шаб соатҳои 6 то 8 Сумая дар даст телефони мобил дар кунҷе аз хона интизори тамоси падар менишинад. Нигора Латипова, ҳамсари Фирдавс мегӯяд, Сумая то лаҳзаи тамос гирифтани падараш ба дарсҳо хуб омода мешавад ва тамос бо падар масъулияти Сумаяро боло бурдааст. Ӯ гуфт, “кӯшиш мекунад, ҳарфҳо ва хондани худро то лаҳзаи занг задани падар хуб кунад. Мехоҳад, ки доногии худро назди падар исбот кунад.”

Cумая бо модарбузургаш Нигина Бегова

Cумая бо модарбузургаш Нигина Бегова

Нигина Бегова, модаркалони Сумая, мегӯяд, писараш барои беҳбуд бахшидан ба зиндагӣ ба Русия рафтааст. Ӯ гуфт, “холӣ будани ҷои писарам ҳис мешавад. Инҷо мешуд, аз пеш дасташро мегирифт ва дуруст навиштанро нишон медод. Ба мактаб мерафт, мепурсид. Бо ҳамин чизҳои навбаромад якдигарашонро мебинанд, лекин аз пеш будан дигар аст.”

Ҷомеашиносон робитаи падар бо фарзандонро аз ҳар лиҳоз сарнавиштсоз медонанд. Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик, гуфт, дар шароите ки ба хотири кор мардони тоҷик ҷисман паҳлӯи фарзандон ҳузур надоранд, тамоси видеоӣ тариқи васоили навини иртиботӣ амали хуб аст. «Баъди 5-7-солагӣ кӯдак ба ҷомеа ворид мешавад ва ҳузури падар барояш хеле муҳим аст. Барои он ки падар барои кӯдак намояндаи олами берун аст. Вақте падар ӯро ба олами берун шинос мекунад, ин ба кӯдак ҳисси бехатарӣ медиҳад, ҳисси боварӣ медиҳад. Кӯдак ба олами берун бовар мекунад, зеро ҳамроҳаш раҳбалади хуб дорад,» - шарҳ дод ӯ.

Абдураҳим Сафарзода, як муҳоҷири фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, воқеан, ҳоло тамосҳои видеоии муҳоҷирон бо пайвандони худ рушд кардааст, аммо на ҳама муҳоҷирон аз он барои таълими дурусти фарзандон истифода мекунанд. Ӯ гуфт, “бисёре аз муҳоҷирон, ки худ дар гузашта омӯзгору саводнок буданд, ҳоло кӯшиш мекунанд, ба ин восита дар таълими фарзандони худ саҳмгузор бошанд. Онҳо, ки дар муҳоҷират худ азоб мекашанд, мехоҳанд, фарзандашон дониш дошта бошад, то ояндааш мисли онҳо пур аз мушкил набошад. Аммо дар ин миён муҳоҷироне ҳастанд, ки бовар дорам, на аз наздик ва на аз дур талоши хуб шудани сифати дониши фарзандашонро надоранд.”

Абдураҳим мегӯяд, тамосҳои видеоӣ ҳатто аз зангҳои телефонӣ низ барои муҳоҷирон арзонтар аст. Ба қавли ӯ, агар хонаводаи муҳоҷир бо маблағи 35 сомонӣ, муодили 4 доллар, барои як моҳ 1 гигабайт бастаи интернетӣ бихарад, ин барои як моҳи сӯҳбати видеоӣ кофӣ аст. Дар ҳоле ки арзонтарин дақиқаи тамоси телефонӣ аз Русия ба Тоҷикистон 20 дирам ё 2,5 сенти амрикоӣ аст.

Бар асоси омори расмӣ дар Русия беш аз 600 ҳазор ва тибқи омори ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷиқ қарор доранд. Қаблан, созмонҳои ҷамъиятӣ гуфта буданд, ки кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ бинобар дур будан аз меҳрубони падар дар таҳсил мушкилӣ доранд. Ҳоло талошҳои иртиботи видеоии муҳоҷирон бо фарзандонро ҷомеашиносон поёни даврае медонанд, ки дар забони мардумӣ “зиндаҷудоӣ” унвон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG