Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Р.Сафаров имкони созиши Эрон бо Ғарбро 55% мешуморад


Дастфишории Ҷавод Зариф (аз чап) бо Ҷон Керри дар Масқат

Дастфишории Ҷавод Зариф (аз чап) бо Ҷон Керри дар Масқат

Дар шаҳри Масқат, пойтахти Умон аз 9 ноябр ба ин сӯ музокироти барномаҳои ҳастаии Теҳрон байни ҳайати Эрон ва кишварҳои "шашгона" идома дорад. Эроншиноси тоҷик Раҷаб Сафаров натиҷаҳои ин музокиротро барои Ҷумҳурии исломӣ муҳим арзёбӣ мекунад.

Мансабдорони воломақоми Эрон, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 10 ноябр музокироти бидуни тарҳрезии пешакӣ ба хотири рафъи мушкилот дар роҳи расидан ба созиш оид ба барномаи ҳастаии Эронро идома доданд.

Гуфтушунид бо ширкати вазири умури хориҷиии Эрон Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри ва фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон дар шаҳри Масқати Умон рӯзи якшанбе шурӯъ шуд ва панҷ соат идома дошт. Ба иттилои хабаргузориҳо, Эрон ва “шашгона” – Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон - то ҳанӯз дар мавриди бархе нуктаҳои барномаи ҳастаиии Эрон, аз ҷумла, ғанисозии ураниум, ихтилофи назар доранд. Ва ин дар ҳоле, ки мӯҳлати ниҳоии имзои созиш миёни Теҳрон ва “шашгона” рӯзи 24 ноябр муқаррар шудааст. Имзои ин созиш имкон медиҳад, ки бархе таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳрон лағв карда шаванд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 9 ноябр изҳор намуд, ки то ҳол миёни ҷонибҳо ихтилофи назари амиқ боқӣ мондаанд ва аз ин рӯ имзо шудани созиш баъид ба назар мерасад.

Раҷаб Сафаров, раиси Маркази мутолеоти Эрони муосир, мақараш дар шаҳри Маскав мегӯяд, ки дар робита ба созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон коршиносон ба се гурӯҳ тақсим шудаанд - бархе ба имзои созиш мутмаинанд, бархе дигар онро ғайримумкин мехонанд ва гурӯҳе мегӯянд, ки имзои созиш бори дигар ба таъхир гузошта хоҳад шуд.

Раҷаб Сафаров

Раҷаб Сафаров

Мусоҳиби мо мегӯяд, “имкони имзои созиш аз нигоҳи ман, чун таҳлилгар, 55 дарсад аст ва аммо он ҳам бо баъзе шартҳо, аз ҷумла, бо шарти гузаштҳо, манзурам гузаштҳои якҷониба аз сӯи Эрон. Агар созиш имзо нашавад, он барои ҳукумати раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ паёмадҳои ногувор хоҳад дошт. Гап сари он ки теъдоди бузурги эрониҳо рӯзу соати лағви таҳримҳои байнулмилалиро мешуморанд ва онҳо умедворанд, ки созиш имзо ва ин таҳримҳо аз байн бурда мешаванд, дарҳои кишвар боз хоҳанд шуд, ҳукумат аз ҳисоби фурӯши нафт даромади зиёд хоҳад гирифт ва зиндагӣ беҳбуд хоҳад ёфт. Аз ин рӯ имзо нашудани созиш одамони зиёдеро ноумед хоҳад кард ва ин барои, ба истилоҳ, “электорати эътирозӣ” баҳонае барои баргузории раҳпаймоиҳои хиёбонӣ ва изҳори норозигӣ аз сиёсати ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ хоҳад шуд.”

Раҷаб Сафаров афзуд, ки аз шикаст дар музокирот бо “шашгона” раҳбари олии Эрон оятулло Алии Хоманаӣ ҳам сахт нороҳату хашмгин мешавад, зеро ин нокомӣ – баёнгари бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ забон наёфтани ҳукумати Рӯҳонӣ хоҳад буд.

Раҷаб Сафаров бо ишора ба сӯҳбатҳояш дар Теҳрон мегӯяд, ки нокомӣ дар имзои созиш барои се қишри ҷомеъаи Эрон – муҳофизакорон, ҷавонон ва бозаргонҳо ҳам дастак хоҳад шуд, ба вижа, ки муҳофизакорон аз аввал ошкоро хилофи гуфтушунидҳои ҳукумати Рӯҳонӣ бо Ғарб, аз ҷумла, бо Амрико буданд. Мусоҳиби мо ба электорати эътирозӣ ҳамроҳ шудани ҷавонону тоҷирон ва ба хиёбонҳо рехтани онҳоро ҳам аз эҳтимол дур намедонад.

Нозирони байналмилалӣ дар корхонаи ҳастаии Исфаҳон

Нозирони байналмилалӣ дар корхонаи ҳастаии Исфаҳон

Зимнан, аз нигоҳи Раҷаб Сафаров, кишварҳои ғарбӣ инро хуб медонанд ва метавонанд болои ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ ба хотири гузашт дар музокироти ҳастаӣ бештар фишор оваранд. Вале мегӯяд мусоҳиби мо, ҳайати музокиракунандаи Эрон аз “хатти сурх”-е, ки барояш муқаррар шудааст, берун нахоҳад шуд ва табиист, ки ба ҳама талабҳои Ғарб “бале” нахоҳад гуфт. Таҳлилгар меафзояд, “шашгона” пойфишорӣ дорад, ки теъдоди сентрафугаҳои Эрон аз даҳ ҳазор бештар набошад, дар ҳоле, ки барои рушди мӯътадили барномаи ҳастаии Эрон дасти кам 80 баробар бештар сентрафуга зарур аст. Дигар мушкили ҷиддӣ дар музокирот – бо барномаи мушакӣ пайванд додани барномаи ҳастаии Эрон аст. Аммо мақомоти Эрон мегӯянд, ки қатъи барномаи мушакӣ ё ҳатто мутаваққиф кардани он маънои бемудофиа мондани кишварро хоҳад дошт.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Раҷаб Сафаров, тайи ду ҳафтаи оянда набарди шадиди дипломатие дар пеш аст, ки натиҷаи онро сад дар сад пешгӯӣ кардан ҳеҷ имкон надорад. Аз сӯи дигар, аз нигоҳи ӯ, маъмурияти Барак Обама ба имзои созиш манфиатдор аст, зеро онро метавонад чун як пирӯзии ҳукумати демократҳо дар арсаи сиёсӣ ва дар ҳалли яке аз сахттарин мушкилҳои даҳсолаҳои ахир арзёбӣ намояд.

Дар Ғарб бар ин боваранд, ки ҳадафи Эрон аз таъқиби барномаи ҳастаӣ, аз ҷумла аз ғанисозии уран даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаист. Эрон инро ҳамеша рад мекунад ва мегӯяд, танҳо ҳадафаш тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG