Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои рафъи монеъаҳо дар баҳси ҳастаии Эрон ва "шашгона"


Мансабдорони воломақоми Эрон, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 10 ноябр ба музокироти бидуни тарҳрезии пешакӣ ба хотири рафъи мушкилот дар роҳи расидан ба созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон шурӯъ карданд. Гуфтушунид бо ширкати вазири умури хориҷиии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ ва фиристодаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон дар шаҳри Маскади Уммон рӯзи якшанбе шурӯъ шуд ва панҷ соат идома дошт. Ба иттилои хабаргузориҳо,

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Эрон ва “шашгона” – ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон то ҳанӯз дар мавриди бархе нуктаҳои барномаи ҳастаиии Эрон, аз ҷумла, ғанисозии ураниум, ихтилофи назар доранд. Ва ин дар ҳоле, ки мӯҳлати ниҳоии имзои созиш миёни Теҳрон ва “шашгона” рӯзи 24 ноябр муқаррар шудааст. Имзои ин созиш имкон медиҳад, ки бархе таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳрон лағв карда шаванд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 9 ноябр изҳор намуд, ки то ҳол миёни ҷонибҳо ихтилофи назари амиқ боқӣ мондаанд ва аз ин рӯ имзо шудани созиш баъид ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG