Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ситоиши "Ҷумҳурият" аз Кабирӣ ва интиқодаш аз "ҳайитчиёни наҳзат"


Муҳаммадалӣ Ҳайит

Муҳаммадалӣ Ҳайит

“Ҷумҳурият” дар як матлаб ба таври бесобиқа аз Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ ситоиш кардааст, вале мегӯяд, дар дохили ин ҳизб “нерӯча”-и тозае ба раҳбарии Муҳаммадалӣ Ҳайит қувват мегирад, ки ба ақидаи муаллифон, мухолифи сиёсати сабру тамкини пешгирифтаи раҳбари кунунии ҲНИТ мебошанд.

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон - дар як матлаб бо номи “Андешаҳо дар ҳошияи баёнияи ҲНИТ” ба таври бесобиқа аз раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Муҳиддини Кабирӣ тавсиф кардааст, вале менависад, ки сиёсати сабру тамкин ва таҳаммулгароиеро, ки ҲНИТ дар аҳди Кабирӣ пеша кард, “нирӯча”-и тозае дар дохили худи ин ҳизби мухолиф танг карда истодааст. Дар ин матлаб, ки рӯзи 11 октябр бо имзои Қурбон Кабиров ва Салимҷон Сафарзода нашр шудааст, ин “нирӯча” дар дохили ҲНИТ-ро бо ишора ба муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит “ҳайитчиёни наҳзат” ном кардаанд.

Муаллифон менависанд, “иқрор бояд шуд, ки ахиран раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ худро ҳамчун нафаре муаррифӣ кард, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ авлотар медонад. Номбурдаро муяссар гашт, ки тавассути иқдомоти дурандешонаи сиёсӣ дар давраи интихобот аз як ҷониб манфиатҳои умумимиллиро бар ҳадафҳои ҳизбӣ-гурӯҳӣ боло гузорад ва аз тарафи дигар пайдо шудани рахнаро дар муносибатҳои ҳизбу давлат пешгирӣ кунад. Аммо касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки ин гашти қавии Муҳиддин Кабирӣ дар майдони бозиҳои сиёсӣ, то кадом давра ҳизби наҳзатро ҳимоя менамояд.

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Ба назари муаллифон, мушкил дар як ҷиноҳ ё ба истилоҳи онҳо, ҳамон “нирӯча”-ест, ки дар ин матлаб шартан “ҳайитчиёни наҳзат” ҳам номаш кардаанд: ”Барои ҳеҷ кас дигар пӯшида нест, ки вақтҳои охир дар дохили ҲНИТ нерӯчаи тозае сар баровардааст, ки шартан онро метавон дастаи «ҳайитчиёни наҳзат» унвон кард. Теъдоди онҳо он қадар зиёд набошад ҳам, бо афкору ақидаҳои «ҳизбуллоҳ»-ии худ ҳамеша пофишорӣ мекунанд, ки ҲНИТ дар тасмимгириҳои хеш аз эҳтиёту таҳаммулгароӣ даст кашад.

М.Ҳайит: Байни ману Кабирӣ ихтилоф андохта наметавонанд

Муҳамадалии Ҳайит рӯзи 13 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ матлаби ахири “Ҷумҳурият”-ро низ сохтаву бофтаи “фабрикаи ҷавоб” номид ва гуфт: “Дар байни мо ягон ихтилоф вуҷуд надорад. Мо ҳама дар ҳамон хатти кашидаи раҳбарияти ҳизб ҳастем ва ҳар коре ки мекунем, бо машварат анҷом медиҳем. Ва ҳеҷ кас ҳеҷ ихтилофе байни ману Кабирӣ андохта наметавонад.”

Муҳаммадалии Ҳайит аз намояндагони наслест, ки собиқаи пинҳонкории даврони Шӯравӣ дар ҲНИТ-ро надорад. Ӯ то соли 1990 муҳаррири барномаҳои радиои Тоҷикистон буд, вале баъди ҳодисаҳои феврал ба далели пуштибонии фаъолонааш аз тазоҳургарон аз радио канор зада шуд. Муҳаммадалии Ҳайит дар соли 1992 ба ҳайси намояндаи ҳукумати муросои миллӣ ба радиои давлатӣ ба ҳайси раис баргашт, вале баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон аз ин симат рафт ва чандин сол дар ҳоли фирор ба сар бурд. Ӯ дар ҳамон солҳои 90 ба ҲНИТ пайваст ва имрӯз то ба мақоми муовини раисаш расидааст.

Муҳаммадшарифи Ҳимматзода

Муҳаммадшарифи Ҳимматзода

Мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ вақт пинҳон намекарданд, ки назар ба дигар аъзои ҲНИТ ба Муҳаммадалии Ҳайит назари манфитар доранд. Дар соли 2009 вақте Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, раҳбари рӯҳонии ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумон дигар натавонист ба иллати беморӣ ба иҷрои вазифаи вакилиаш идома биҳад, ҲНИТ ба ҷои ӯ Муҳаммадалии Ҳайитро ҳамчун нафари баъд аз Ҳимматзода дар рӯйхати ҳизбӣ пешниҳод кард. Вале мақомот бо ин баҳона, ки то интихоботи нав камтар аз як соли дигар вақт мондааст, оқои Ҳайитро ба узвияти порлумон напазируфтанд. Талошҳои мукаррари ӯ барои роҳ ёфтан ба порлумон чӣ аз рӯйхати ҳизбӣ ва чӣ аз ҳавзаҳо низ ноком шуданд. Бархе афроди огоҳ мегӯянд, ҲНИТ маҳз ба хотири ин ки курсии дуюми вакилиашро комилан нагиранд, дар интихоботи соли 2010 дар рӯйхати ҳизбиаш исми Ҳайитро пойинтар бурд ва бар иловаи Муҳиддини Кабирӣ муовини дигараш – Саидумар Ҳусайнӣ – аз номи ҲНИТ ба Маҷлиси намояндагон рафт.

Матбуоти давлатии Тоҷикистон дар гузашта низ чандин бор Муҳаммадалии Ҳайитро ҳамчун намояндаи як ҷиноҳи нисбат ба раҳбарони кунунии ҲНИТ оштинопазири ин ташаккули сиёсӣ муаррифӣ кардаанд.

Ҳамлаҳо ба оқои Ҳайит бахусус дар пайи расонаӣ шудани як санади мавсум ба “протоколи 32/20”, ки мегуфт, гӯё дар як ҷаласаи моҳи ноябри соли 2011-уми ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои саркӯби мухолифини сиёсӣ, аз ҷумла хонаводаи рӯҳониёни пурнуфуз Тӯраҷонзодаҳо ва ҲНИТ, баррасӣ шудааст, афзоиш ёфт. Дар ин муддат алайҳи ӯ дар расонаҳои давлатӣ ва дар Интернет чандин матлаби тунди интиқодӣ нашр шуд, собиқаи ӯро ҳам кофта, “ёфтанд”, ки гӯё дар замони Шӯравӣ ҳангоми хидматаш дар Афғонистон дар ГРУ – идораи иктишофии артиши Шӯравӣ – кор кардааст...

М.Ҳайит баъди ҳамлаи 19 апрел

М.Ҳайит баъди ҳамлаи 19 апрел

Рӯзи 19 апрели соли 2013 Муҳаммадалӣ Ҳайит дар назди манзилаш дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамла ва латукӯби афроди ношинос қарор гирифт ва тақрибан ду ҳафта таҳти табобат қарор дошт. Ӯ дар пайи он ҳамла ин латукӯбро низ бахше дигар аз ҷарпаёни иҷрои ҳамон протоколи “бадном” унвон кард. Омилони ҳамла ва латукӯби ин сиёсатмадори мухолифро то ҳол пайдо накардаанд.

“Протоколи 32/20”

Аммо муаллифони “Ҷумҳурият” менависанд, худи ин протоколи 32/20 як санади “сохта” аст, ки Муҳаммадалии Ҳайит ва тарафдорони ӯ, ё ба таъбири муаллифон, “ҳайитчиёни ҲНИТ” “ҳатто агар тухми мурғашон дертар барояд, шикваро аз кадом як протоколи сохтаи 32/20 оғоз мекунанд (рушди техникии муосир имкон медиҳад, ки ҳатто донишҷӯи сатҳи миёна рӯзе даҳҳо чунин протоколу санадҳои тақаллубиро сохта дар шабакаи Интернет паҳн кунад).” Вале ба дунбол онҳо эътироф мекунанд, ки “агар чунин протоколе ҳам бошад, ҳаққу вазифаи давлат аст, ки чунин корҳоеро барои таъмини амнияти мардум ва сохти конститутсионӣ пешбинӣ намояд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо пиёдасозии чунин нақшаҳо шашяки рӯйи Заминро зери нуфузи худ гирифта буд. Давлатҳои Ғарб даҳсолаҳост, ки бо барномаҳои мухталифи таҳти шиорҳои «озодӣ» ва «демократия»-и пардапӯш, ҷониби тамоми кишварҳои дунё дастдарозӣ доранд. Чаро «ҳайитчиёни наҳзатӣ» дар ин мавзӯъҳо хомӯшанд?

Матлаби “Ҷумҳурият” дар асл посух ба баёнияи ҲНИТ аз 14 ноябри соли 2013 ва баҳогузориаш ба интихоботи президентии як сол пеши Тоҷикистон аст. Ин матлаб ба ин далел моломоли “насиҳат”-ҳои зиёде ба “бахши солимфикр”-и раҳбарони ҲНИТ аст, ки ба умеди “хоҷаҳои хориҷӣ” нашаванд ва ба муваффақиятҳои ҳукумати Тоҷикистон бо назари нек нигоҳ кунанд: “Онҳо ҳатто андеша накардаанд, ки танҳо фаъолияти ҳизби худашон, ҳизби ягонаи исломӣ дар тамоми Осиёи Миёна посухгӯи бисёре аз даъвоҳояшон аст. Мавҷудияту фаъолияти наздики 4000 масҷид дар ҳудуди кишвар чӣ? Тибқи оморҳои расмӣ дар Ӯзбекистон бо 30 миллион аҳолиаш 2050 масҷид фаъолият дорад, дар Қазоқистони 16-миллиона – 2200, дар Туркманистон бо 5 миллион нуфузаш – 400 ва дар Кирғизистон - 1700. Кӣ метавонад даъво кунад, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон имконият надорад озодона ба масҷид рафта, ойину суннатҳои мусулмонии худро ба ҷой оварад? ...Додани 5 миллиард доллар ҳамчун қарзи имтиёзнок аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ба ҳукумати Тоҷикистон магар нишонаи эътимоду боварӣ ба ҳамин ҳукумату ҳамин Сарвари давлат нест?”

Саид Абдуллоҳи Нурӣ(аз чап) бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон

Саид Абдуллоҳи Нурӣ(аз чап) бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳанӯз дар солҳои 70-уми асри гузашта дар шакли ҳалқаҳои мазҳабӣ рӯи кор омада, то суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 11991 ба таври пинҳонӣ амал мекард. Муасссиси ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва пойгоҳҳои асосии иҷтимоияш дар гузашта водиҳои Вахшу Рашт ва як қисми ноҳияҳои Исфараву Мастчоҳ дониста мешуд.

Дар поёни соли 1992, баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, аксари раҳбарон, аъзо ва тарафдорони ҲНИТ аз кишвар фирор карданд. Ин ҳизб дар ҳайати Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин, ки дар солҳои 1992-1997 алайҳи ҳукумат меҷангид, нирӯи асосӣ буд ва ба ин далел, раҳбарии ин Иттиҳодро раҳбари ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ бар ӯҳда дошт ва аз номи мухолифин созишномаи сулҳ бо ҳукуматро низ ӯ имзо гузошт. Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997, ҲНИТ фаъолияташро дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ расмӣ кард. ҲНИТ ҳоло баъди ҳизби ҳокими халқии демократӣ дувумин ташаккули сиёсии бузургтарин дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ҳизб, ба гуфтаи масъулонаш, қариб 45 000 узв ва дар порлумони кунунӣ ду вакил дорад.

Аммо дар ин авохир аз забони рӯҳониён, аз ҷумла аз забони пайравони собиқи худи ҲНИТ, пешниҳодҳое баланд мешавад, ки Ислом ба ҳизби сиёсӣ ниёз надорад ва, ба таъбири Мулло Абдураҳим Каримов, фармонедҳи собиқи мухолифин ва ҳоло устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, “агар ниёз медошт, аз Паёмбарамон(с) ҳатман дафтарчаи ҳизбиаш ба мерос мемонд.”

Раҳбарони ҲНИТэътироф мекунанд, ки бархе мақомот дар сӯҳбатҳои инфиродӣ бо худи онҳо низ баъзан ин масъаларо матраҳ мекунанд, ки чӣ мешавад, агар худи Шумо ихтиёран ҳизбро банде ва номи Исломро дигар бо сиёсат олуда накунед?

Нозирон бар инанд, ки ситоиши ғайриинтизори “Ҷумҳурият” аз шахси Кабирӣ, ки тавонистааст “пайдо шудани рахнаро дар муносибатҳои ҳизбу давлат” пешгирӣ кунад, ба ҳамин баҳсҳо рӯи масъалаи “будан ё набудан”-и ҲНИТ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон бармегардад. Яъне ҲНИТ то замоне ҳаст ё хоҳад монд (ва онҳам бидуни ягон замонат), ки қоидаҳои аз сӯи давлат ҷоришудаи бозӣ дар майдони сиёсатро риоя куна ва “аз бинӣ боло гап назанад.”

Вале агар дар дохили ҲНИТ ”ҳайитчиён” дастболо шаванд ва ин гурӯҳ аз сиёсати сабру тамкини кунуниаш, ки мояи интиқоду зиёде ҳатто тамасхурҳое аз Кабириву тарафдоронаш ҳам шудааст, даст бикашад, пас, ба назари нозирони умур, ин ҳизб яқинан бо дасти худ ба осиёби онҳое об мерезад, ки мегӯянд, миссияи ҲНИТ кайҳо адо шудааст ва Душанбе метавонад бе ин ифтихор ҳам, ки ягона ҳизби сабтиномшудаи исломӣ дар Шӯравии собиқро дорад, аробаи худро пеш бикашад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG