Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷумҳурият": Тӯраҷонзода ба сиёсат бармегардад!


Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар матлаби тозае аз эҳтимоли бозгашти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони собиқи мухолифин, ба майдони сиёсат ҳушдор додааст.

“Ҷумҳурият” – нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон – дар матлаби таҳти унвони “Заминдуздии пайвандон ва омилҷӯии муридон” бори дигарб а интиқод аз Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини собиқи сарвазир ва аз раҳбарони пешини Иттиҳоди собиқи мухолифини тоҷик пардохта, навиштааст, ки набояд сарусадоҳо дар бораи аз сиёсат канор рафтану кунҷи узлатро ихтиёр кардани ТӮраҷонзодаро ҷиддӣ гирифт. Ба ақидаи муаллифи ин матлаб, ки худро Валиҷони Камол меномад, чанд гузориши охир дар матбуоти маҳаллӣ дар бораи ин сиёсатмадор дар асл заминасозӣ барои бозгашти дигарбораи ӯ ба саҳнаи сиёсат аст. Ӯ мӯътақид аст, ки ихтиёри Тӯраҷонзода дар дасти худаш нест, балки вай “фармонбардору иҷрогаре беш нест” ва “ҳамин ки дастур шуд”, ба майдон бармегардад.

Бар хилофи чандин изҳороти худи Тӯраҷонзода, ки мегӯяд, азме барои бозӯгашт ба фаъолиятҳои сиёсӣ надорад, дар матлаби “Заминдуздии пайвандон ва омилҷӯии муридон” аз ҷумла гуфта мешавад: Дар хусуси аз сиёсат рафтанҳои Акбари Тӯраҷонзода ва омаданҳои ӯ бошад, бигузор ҳеҷ кас майна об накунад. Вақт аст, ки борҳо пардаи асрори нуҳуфта даридаю асли воқеиятро барои умум фош карда, ки оне хоҷааш мепиндорем фармонбардору иҷрогаре беш нест. Ҳамин, ки дастур шуд, ӯ ба сиёсат боз ворид хоҳад шуд, новобаста аз қазияи писараш Илҳомҷон. Имиҷмейкерҳои наҳзат низ беҳуда дар бораи «таҳдиду фишор болои Акбари Тӯраҷонзода» садо набардоштаанд. Пайту баҳона меҷӯянд то роҳбари маънавиашонро баъди истироҳати чандмоҳа аз сиёсат, боз ба ин майдон биоваранд. Яъне, омили қозикалонро бо омилони ифротисоз аз нав бипайванданд!”

Худи Тӯраҷонзода барои шарҳи ин матлаб дастрас набуд, вале яке аз наздикони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мақолаи “Ҷумҳурият”-ро идомаи маъракаи сиёҳ кардани номи “Ҳазрат” ва маҳсулоти навбатии “Фарбрикаи ҷавоб” номид.

Ҳангоми баррасии номзадии Бобоназарова. Тирамоҳи соли 2013

Ҳангоми баррасии номзадии Бобоназарова. Тирамоҳи соли 2013

Мунтақидони давлат маъмулан чунин матлабҳои зиддди чеҳраҳои саршиноси мухолифин дар нашрияҳои расмӣ ва ҳатто мустақили чопи Душанберо фармоишӣ ва маҳсулоти “фабрикаи ҷавоб”, як ниҳоди ғайрирасмие медонанд, ки ба бовари онҳо, идораҳои мухталифи давлатӣ ба хотири бадном кардани мухолифони давлат таъсис додаанд. Ин “фабрикаи ҷавоб” то кунун бо нашри чунин матолиб дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам бо ширкати фаъол дар баҳсҳои интернетӣ бо номҳои гуногун маъруф шудааст.

Аммо далели асосии пардохти дигарбораи “Ҷумҳурият” ба шахси Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гузоришҳои матботӣ дар вокуниш ба хабари вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз тақрибан ду ҳафтаи пеш аст, ки мегуфт, писари ӯ – Илҳомҷон Тӯраҷонзода - "дар моҳҳои июн-августи соли 2011 бо маслиҳати пешакӣ бо Умар Тағоев, истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия аз ҳисоби заминҳои минтақаи муҳофизатии дарёи Сароби миёна, 528 метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, атрофи онро маҳкам кардааст."

Пулис Илҳомҷон Тӯраҷонзодаи 34-соларо ба андохтани таҳкурсии бирнои истиқоматӣ дар ин мавзеъ гунаҳкор мекунад. Аммо ӯ дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи “Нигоҳ” гуфтааст, дар ин ҳавлӣ боғи зебое бунёд карда, лаби дарёро соҳилбандӣ кардааст, аммо барои бозсозии бинояш, ки хеле фақирона буд, иҷозаи мақомоти Ваҳдатро ба даст оварда натавонист. Ӯро ба он муттаҳам кардаанд, ки заминаш аз меъёр 2 сотих бештар аст, вале Илҳомҷон Тӯраҷонзода ба “Нигоҳ” гуфтааст, заминро ба ҳамин андоза аз соҳибаш харидааст, хабар надоштааст, ки замин на 15, балки 17 сотих аст: “Дар ҳар деҳаи Тоҷикистон 80-90 дарсади сокинон чанд метри мураббаъ замини "зиёдатӣ" дорад ва ками андар кам мешавад, ки мақоме онҳоро барои "ғеҷидани" хандақ ё шиғ муҷозот карда бошанд.”

“Ҷумҳурият” низ дар матлабаш инро эътироф мекунад, ки дар саросари ҷумҳурӣ садҳо чунин парвандаро метаовн пайдо кард: "Вале аҳли қаламу моҷароро фақат қазияи Илҳомҷон Тӯраҷонзода ба худ кашидааст. Чаро?»

Муаллиф Валиҷони Камол дар идома худ ба ин суол посух медиҳад ки: «Онҳо фақат молу мулки дигаронро мебинанд, вале бо сарвате, ки қозидомулло аснои муовини Сарвазири кишвар буданаш аз худ кардааст, корашон нест. Барои журналист куҷо ҳангома вуҷуд дорад, вақте қозидомулло маркази тиҷоратиро дар шаҳри Ваҳдат бо маблағи 38 ҳазор доллар аз худ мекунаду ба маблағи 600 ҳазор доллари ИМА дар соли 2014 мефурӯшад? Ҳангома ҳамин аст, ки чаро Илҳомҷонро дар худсарона азхуд кардани замин гунаҳгор кардаанд? Кӣ ҷуръат кардааст? Наход нафаҳмидаанд, ки чунин коре аслан мумкин нест. Чаро ба Акбари Тӯраҷонзода фишор меоваранд? Бигзор пайвандону наздиконаш он кореро иҷро намоянд, ки худ мехоҳанд! Вагарна пеши роҳи онҳоро гирифтан «фишор» аст! «Фишор» ба Тӯраҷонзода!!!»

Ба ақидаи муаллиф, ҳукумати Тоҷикистон 22 сол боз аз «пайи ислоҳи тахрибкорию вайронасозиҳои пешвоёни дирӯзу имрӯзи ҲНИТ ва Акбари Тӯраҷонзода барин роҳбарони пуштипардагии наҳзатиҳо»-ст.

Ӯ ҳамин тавр, бори дигар Тӯраҷонзода ва ҳизби наҳзати исломӣ – ташаккули умдаи мухолифини имрӯзаро дар сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 айбдор мекунад ва менависад, «магар ҳаминҳо набуданд, ки ҷанги таҳмилии бегонагонро бар сари мардуми тоҷик кашиданд. Ҳавои ҷоҳу мансаб, молу сарват дар сар, камари хизмати бегонагон ихтиёр карданду зери роҳнамоиҳои манфиатхоҳонаи хоҷагони аҷнабӣ Ватану миллатро ба хоку хун кашиданд. Дар ивазаш аз тарафи ҳукумати қонунӣ гузаштҳоро шарафёб гаштанду бахшиданҳо ва чашмпӯшиҳоро дар баробари кирдорҳои ҷинояткоронаю хиёнаткоронаашон. Албатта, сулҳи деринтизор омаду офтоби оромию осудагӣ дар осмони кишвар партавфишон гашт. Танҳо тухмҳои дар давраи бесомониҳо ва берун аз хоки Ватан гузоштаи наҳзатиҳо чӯҷаҳое бароварданд, ки зери қаноти мурғи бегона парвариш ёфтанд. Тадриҷан, онҳо ба Ватан баргаштанд, аммо мусаллаҳ бо ақидаю таълимоти ҷараёну мазҳабҳои барои тоҷикон бегонаи исломӣ ва ба қавли худи наҳзатиҳо ифротисоз. Баҳсҳои ришу ҳиҷоб, тарзу усулҳои одии намозгузорӣ мавқеи илму донишро дар ҷомеаи мо танг кардан гирифтанду ҷараёнҳои нифоқангезу моҷароҷӯёнае мисли салафию ваҳҳобию таҳририю даҳҳои дигар ба забти ҷойгоҳи ақоиди аҷдодӣ ва мазҳаби суннатӣ-ҳанафии мо ҳуҷум карданд. Риши хашини теғнадида ва пироҳан - тумбони барои тоҷик бегона, ҷузъи ҷудонопазири кӯчаю хиёбони зебою муосири мо гашт. Агар мақомоти масъули давлатӣ дахолат намекарданд, аллакай муноқишаҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон оғоз шуда буданд.»

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода(аз рост) бо бародараш Эшони Нуриддинҷон

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода(аз рост) бо бародараш Эшони Нуриддинҷон

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода соли 1954 дар ноҳияи Ваҳдат, дар хонаводаи рӯҳонии маъруф эшони Тӯраҷон ба дунё омадааст. Ӯ соли 1976 мадрасаи Бухоро, соли 1980 донишкадаи исломии Тошканд ва соли 1988 риштаи шариати Донишгоҳи Урдунро хат кардааст. Ӯ ҳамон сол, баъди бозгашт аз ин кишвари арабӣ қозикалон, ё раҳбари мусалмонҳои Тоҷикистон интихоб гардида, ба майдони сиёсат ворид шуд. Тӯраҷонзода дар интихоботи соли 1990 вакили порлумони вақти Тоҷикистон ҳам интихоб шуда буд.

Тӯраҷонзода баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар поёни соли 1992 аз кишвар фирор кард ва то имзои созишномаи сулҳ дар Эрон паноҳ бурд. Соли 1998 ба Душанбе баргашт ва бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин мақом муносибатҳо бо кишварҳои шӯравии собиқро танзим ва назорат мекард. Моҳи марти соли 2005 аз ин мақом барканор ва ба дунбол вакили Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон – таъин шуд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ҳоли ҳозир ягон мақоми расмӣ надорад ва дар зодгоҳаш – рустои Туркободи Ваҳдат – ба сар мебарад. Дар соли 2012 мақомот масҷиди "Муҳаммадия"-и марбут ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо дар Туркободро ба далели баргузории маросими Ошӯро аз ҳаққи баргузории намозҳои ҷумъа ва ба ин васила Эшони Нуридддин Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф ва бародари Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро аз ҳаққи гуфтани мавъиза маҳрум карданд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар тирамоҳи соли 2013 дар интихоботи президентии Тоҷикистон аз номзади ягонаи мухолифин – Ойниҳол Бобоназарова – пуштибонӣ кард, вале ин номзад ба далели сари вақт ҷамъ наовардани 210 000 имзои лозими тарафдоронаш сабти ном нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG