Пайвандҳои дастрасӣ

"Боз ту мусоҳибадиҳанда шудӣ, гуфтанду маро заданд" (ВИДЕО)


Як ҳамҷинсгарои тоҷик, ки ахиран ба Радиои Озодӣ аз зиндагии пур аз фишораш дар Тоҷикистон шикоят карда буд, иддао дорад, ки барои ин сӯҳбат ӯро чанд корд задаанд.

Ин марди 32-сола, ки худро Комил меномад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ду мард дар авоили ҳафта ба ӯ дар назди манзилаш дар Душанбе ҳамла кардаанд. Колмил мегӯяд: “Онҳо ба ман гуфтанд: “Ҳар як рӯзи шумот баринҳо бояд чунин гузаранд. Онҳо ба ман гуфтанд, ки бояд аз ҳамҷинсгаро буданам шарм кунам ба ҷои бешармона мусоҳиба додан ба матбуот дар бораи гароиши ҷинсии худ.”

Комил дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳамлагарон рӯзи 8 феврал ӯро пеш аз корд задан хеле лату кӯб ҳам кардаанд: “Ман хеле тарсидам, вақте яке аз онҳо кордашро ба тарафи рӯи ман рост кард. Ман аз тарс рӯямро бо дастонам пӯшондам ва онҳо ба ҳарду дасти ман корд заданд.”

Комил мегӯяд, вақте фарёд зад, ки кумакаш кунанд, он ду мард фирор карданд ва раҳгузарон ба ӯ ёрӣ доданд, ки худро ба бемористон бирасонад. Радиои Озодӣ ҳанӯз воқеъияти даъвои Комилро тасдиқ ё рад карда наметавонад, вале ӯ акси се захми аз сӯи табибон дӯхташударо ба Озодӣ фиристод ва мегӯяд, ки ин акси захмҳои бардоштаи ӯст.


Ин ҳамҷинсгарои тоҷик дар ҳоле аз ҳамла ва сӯиқасд ба ҷонаш шикоят мекунад, ки нашри навори сӯҳбати видеоии ӯ дар сомонаи Озодӣ мавҷи баҳсҳои тундеро дар ҷомиа ба по карда буд. Ӯ дар он сӯҳбат дар моҳи январ мегуфт, ки ҳатто дар хонаводааш аз тарафи бародарони худи ӯ ҳам таъқибу азият мешавад.

Раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ рӯзи 7 феврал дар мавъизаи намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеи Душанбе ҳозиронро аз ҷурми ҳамҷинсгароӣ ҳушдор дод ва гуфт, муҷозоти ҳамҷинсгароён дар охират аз нигоҳи ислом хеле сахт ва мудҳиш аст. Вай аз аҳли намози ҷумъа хост, ба ҷавонон насиҳат кунанд, ки аз ин падидаи ғайриахлоқӣ ҳазар намоянд. Вай бо овардани ҳадиси он ки ҳамҷинсгароён то рӯзи қиёмат дар оташ хоҳанд сӯхт ва баъд аз он ба ҷазоҳои бадтаре гирифтор хоҳанд гашт, гуфт: "Вазифаи ҳар мусулмон аст, ки бетараф набошем ва насиҳат кунем."

Ҷаноби Абдуқодирзода аз он изҳори таассуф кард, ки баъзан мешунавад, афроди таҳсилдидаву бофарҳанг "занҳои ҳалоли худро монда, роҳ сӯи мардони ҳаром мегиранд". Вай дар ин замина аз қонунӣ шудани издивоҷи намояндагони як ҷинс бо ҳам дар бархе аз кишварҳои ғарбӣ шадидан интиқод кард.

Мавъизаи Саидмукаррам Абдуқодирзода дар ҳоле садо дод, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ба имомхатибони ҳамаи масҷидҳои ҷомеи кившар тавсия дода буд, рӯзи 7-уми феврал дар намози ҷумъа дар бораи ҳамҷинсгароӣ мавъиза кунанд. Гуфта мешавад, чунин мавъизаҳо дар масҷидҳои дигари кишвар низ садо додаанд.

Дар як рӯйдоди ҳамсон ҳафтаи гузашта иҷрокунандаи вазифаи муфтии Қирғизистон, Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев зидди ҳамҷинсгароӣ фатво дода, гуфт, ислом ин падидаро ҳаром ва гуноҳи кабира мешуморад. Вай дар посух ба танқидҳои созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch (HRW) гуфт, ки вазъи ҳамҷинсгароёнро дар Қирғизистон “таассуфангез” номида, гуфтааст, полис онҳоро боздошт, латукӯб ва таҷовуз мекунад. Ҳоҷӣ Мақсад Токтомушев дар ин робита аз ҳукумат, порлумон ва мақомоти адлияи Қирғизистон хост, пеши роҳи созмонҳоеро бигиранд, ки “зери ниқоби ғояҳои башардӯстона дар ҷомеа тухми нифоқ мекоранд.”

Равобити маҳрамонаи намояндагони як ҷинс дар Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1998 ба ин сӯ ҷиноят шумурда намешавад. Аммо бархӯрди ҷомиа нисбат ба ақалиятҳои ҷинсӣ дар ҷомиаҳои муҳофизакори мусалмонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад. Аксари ҳамҷинсгароён дар ин кишвар мегӯянд, маҷбуранд, равиши худро махфӣ нигоҳ доранд, зеро ба табъиз рӯбарӯ хоҳанд шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон бар инанд, ки ҳамҷинсгароӣ кори хусусии инсонҳост ва бояд ҳуқуқи ин афрод поймол карда нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG