Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маҷаллаи навбатии "Як рӯз бо Шумо" хабарнигори Радиои Озодӣ масъалаеро баррасӣ мекунад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон аз он зиёд хушашон намеояд. Ҳарчанд ин амал дар баъзе кишварҳои Ғарб қабул ва расман эътироф мешавад.

Дар барномаи имрӯз ман мехоҳам бо шумо дар мавзӯъе сӯҳбат кунам, ки дар Тоҷикистон то ҳанӯз пӯшида маҳсуб мешавад. Агарчӣ аксарият аз сухан кардан дар мавриди ин мавзъӯи баҳсбарангез парҳез мекунанд, теъдоде шарм медоранд, теъдоде, ҳам хомӯширо дар ин маврид ихтиёр менамоянд.

Ахиран ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе нафаре муроҷиат кард, ки мехост ошкоро дар мавриди зиндагии худ ҳарф занад ва гӯяд ошкор, ки ӯ марбут ба аққалиятҳои ҷинсист. Ин ҷавони 32-сола худро Комил муаррифӣ кард ва гуфт, ҳанӯз 25 сол пеш дарк карда буд, ки аз дигар ҳамсолони худ фарқ дорад.

Яъне ӯ аз ҳамон даврон бештар бо духтарон дӯстӣ дошта, завқаш ҳам мисли онҳо будааст. Тавре ин ҷавон мегӯяд, тайи ин солҳо ӯ зиндагии пасипардагӣ дошт, вале ҳоло мехоҳад роҷеъ ба мушкилот ва бархӯрди ҷомеа нисбати ӯву афроди мисли ӯ садо баланд кунад.

Комил дар ҳоле аз бархӯрди бади пайвандон ва ҷомеа дар нисбати худ ва ҳамтоёнаш шикоят мекунад, ки қонунҳои Тоҷикистон робитаи наздики мард бо мард ва ё зан бо занро манъ накардааст. Дақиқтараш, ҳукумати Шӯравӣ ҳамҷинсгароиро маҳкум ва барои он муҷозот пешбинӣ карда буд. Аммо соли 1998 Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ банди марбут ба муҷозоти ақалиятҳои ҷинсиро лағв кард. Вале бо ин ҳол, муносибат ва бархӯрди ҷомеа бо ин гурӯҳи одамон тағйир наёфта ва то ҳол намояндагони аққалиятҳои ҷинсӣ дар ин кишвар шахсияти худро ошкор намекунанд. Онҳо ҳарос доранд, ки мавриди таҳқиру масхара қарор гирифта, ба истилоҳи мардуми «радди маърака» мешаванд.

ВИДЕОИ СӮҲБАТ БО КОМИЛ ИНҶОСТ:

Фозил, мардт дигаре, ки розӣ шуд бо тағйири исмаш дар бораи худ сӯҳбат кунад, мегӯяд, ҳоло 63 сол дорад ва соҳиби зану фарзанду наберагон аст, аммо то ба ҳол натавонистааст, аз ин одати худ даст кашад. Тавре ин мард мегӯяд, ӯ то ҳадди аксар кӯшиш мекунад, ки пайвандонаш аз сирри ӯ огаҳ нашаванд ва ба обрӯи онҳо латма назанад.

Бо вуҷуди он, аз назари умумӣ қонунгузории Тоҷикистонро дар мавриди ҳамҷинсгароӣ метавон таҳаммулпазир ва мутобиқ ба талаботи ҷомеаи демократӣ унвон кард, вале бархӯрди ҷомеаи суннатӣ ва аксаран мусалмони кишвар ба ин падида чандон соддаву осон нест ва ҳамҷинсгароиву ҳамҷинсгароёнро дар ин ҷомиа бисёриҳо аслан қабул надоранд.

Вале гоҳе ҳам ба назар мерасад, ки мардум то як андоза дар нисбати ҳамҷинсгароён муносибати бетарафиро ихтиёр мекунанд ва табвагӯён даст ба сӯи гиребон мебаранду аз Худо талаб мекунанд, ки ин мушкилро ба онҳо наздик накунанд. Аммо агар мабодо яке аз аъзои оилаи онҳо ҳамчинсгаро бошад, ӯро то ҳадди имкон дар бунбаст қарор медиҳанд ва кӯшиш мекунанд рӯзашро “сиёҳ” карда ва ё вайро аз ин роҳ “гардонанд”.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки аксаран ақаллиятҳои ҷинсӣ аз сӯи мақомоти милиса мавриди тавтеъа қарор мегиранд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳамҷинсгароён аз кишвар фирор мекунанд ва ё агар ҷонашон ба ҳалқ омад, ҳатто даст ба худкушӣ мезананд.

Бояд гуфт, дар бозори танфурӯшӣ баъзе аз ҳамҷинсгароён ҳам ҳастанд ва онҳо ба қавли коршиносон ба хотири ба даст овардани пули муфт муштариёни худро ба дасти милиса месупоранд ва бо таҳдиди ошкор кардани сирри онҳо маблағ мерӯёнанд.

Ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори фаҳше нашр шуд, ки робитаи наздики яке аз кормандони як созмони байналмилалии мустақар дар Тоҷикистонро бо ҳамҷинсаш инъикос мекард. Ва ин навор аз ҷониби афроди номаълум сабт ва дар интернет паҳн гардидааст

Елена Иброҳимова, раҳбари яке аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи ақалиятҳои ҷинсӣ мегӯяд, ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон ҳадди аксар кӯшиш мекунанд, ки шахсияти худро ошкор наcозанд.Елена Иброҳимова мегӯяд, дар миёни намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон духтарон низ ба мушоҳида мерасанд. Ба гуфтаи вай, худи намояндагони ақалиятҳои ҷинсӣ ҳамҷинсгароиро беморӣ намедонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш Нафиса Муродова, равоншиноси тоҷик гуфта буд, ки Афлотун, донишманди юнонӣ ҳамҷинсгароиро ба маризии ҷисмонӣ нисбат додааст. Вале Абуалӣ ибни Сино, олим ва мутафаккири бузурги тоҷик онро ба бемории равонӣ марбут донистааст.

Заррина Кенҷаева.

Заррина Кенҷаева.

Аммо Заррина Кенҷаева, яке дигар аз равоншиносони тоҷик, ки таҷрибаи кор бо ҳамҷинсгароҳоро доштааст, мегӯяд, ҳамҷинсбозӣ мисли нашъамандӣ одат аст ва бо иродаи қавӣ шахс метавонад аз ин роҳ баргардад.

Дар ҳоле, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи мусалмонист ва бо он ки аз лиҳози шаръӣ низ ҳамҷинсгароӣ маҳкум мешавад, аммо мардум ошкоро нисбати ин тофиа бархурди хашмин надоранд ва фарди ҳамҷиснгароро баъзан таҳммул мекунанд. Ҳарчанд ҳамҷинсгароҳо низ худро фарди ин ҷомеа медонанд, аммо иродаашонро худро болотар аз муносибат ва ҳамзистӣ бо мардум намегузоранд. Комил, қаҳрамони барномаи мо низ умедвор аст, ки атрофиён агарчӣ иродаи ӯро қабул надоранд, аммо "радди маърака"-аш намекунанд ва барояш имкони зиндагӣ карданро дар Тоҷикистон медиҳанд. Ҳарчанд ӯ ҳатто аз ҷониби бародаронаш таъкиб мешавад, вале "дигар ҷои рафтан надорам," - мегӯяд Комил.

Аммо то он вақт, ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон ҳамоно зиндагии зеризаминӣ дошта, маъмулан дар шабакаи Интернет "рӯи об мебароянд" ва тавассути сомонаҳои интернетӣ барои худ дӯст пайдо мекунанд.

ВИДЕОИ ПУРРА ДАР ГӮШАИ ОЗОДӢ ДАР ЮТЮБ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG