Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳром Сулаймонов - умеди футболи тоҷик дар футболи Аврупо


Шаҳром Сулаймонов - дар марказ
Шаҳром Сулаймонов - дар марказ

Футболбози 18-солаи тоҷик Шаҳром Сулаймонов аз дастаи маъруфи “Рубин”-и Қазон собиқаашро аз имсол дар тими “Ҳаккен”-и Шветсия идома медиҳад.

Яке аз умедҳои футболи тоҷик – нимҳимоятгари тарафи чап Шаҳром Сулаймонов – аз дастаи маъруфи “Рубин”-и Қазони Русия ба тими “Ҳаккен” аз шаҳри Готенбурги Шветсия гузаштааст. Ҷузъиёти қарордоди варзишкори ҷавони тоҷик бо тими шведӣ ҳанӯз эълон нашудааст, вале ин барои бори аввал аст, ки як намояндаи футболи тоҷик ба ҳайъати як тими футболи Шветсия - яке аз кишварҳои матраҳ дар футболи ҷаҳонӣ - роҳ меёбад.

Вале Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон рӯзи 27 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, Шаҳром Сулаймон се рӯз пеш, қабл аз сафари Шветсия ба Душанбе омада буд ва ҳоло алакай барои омодагӣ ба мавсими имсола ба тими “Ҳаккен” пайвастааст: “Шаҳром аз намояндагони хеле умедбахши насли нави футболи тоҷик аст. Ӯ ҳанӯз дар соли 2009, вақте ҳамагӣ 12 сол дошт, ба Қазон рафта, дар академияи “Рубин” 6 сол тарбия гирифт. Шаҳром яке аз номзадҳо ба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод буд, вале ба далели масруфият барои музокираи қарордодаш бо “Ҳаккен” дар ин мусобиқот ширкат карда натавонист. Вале мо дар оянда рӯи вай ҳисоби зиёд дорем.”

Шаҳром Сулаймонов дар тими ҷавонони “Рубин” таҳти рақами 54 бозӣ мекард. Ӯ дар қаҳрамонии футболи Русия барои солҳои 2013-2014 дар байни футболбозони зери синни 17 беҳтарин бозигари ин мусобиқот эътироф шуда буд. “Рубин” дар он мусобиқот аз ҷумла бо шарофати бозии Шаҳром сазовори ҷои аввал ва унвони қаҳрамонӣ шуд.

Тими “Ҳаккен" аз шаҳри Готенбург аз сорли 1983 дар Allsvenskan –лигаи олии қаҳрамонии футболи Шветсия бозӣ мекунад ва дар мусобиқоти соли гузашта ҷои 7-умро соҳиб шуда буд. Дар 10 соли охир тими “Ҳаккен” се дафъа – дар солҳои 2007, 2011 ва 2013 – сазовори роҳхат ба Ҷоми Аврупо шуда буд. Мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Шветсия моҳи апрел шурӯъ мешаванд.

Шаҳром Тоҷиддинович Сулаймонов 26 июни соли 1997 ба дунё омадааст. Бародари ӯ Шерзод Сулаймонов низ дар гузашта футболбоз буд ва дар соли 2007 дар ҳайъати тими наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Кореяи ҷанубӣ то даври чорякниҳоӣ рафта буд. Шаҳзод ҳоло менеҷери тими “Истиқлол”-и Душанбест.

Ба ғайр аз Шаҳром Сулаймонов дар тими “Рубин”-и Қазон боз як намояндаи футболи Тоҷикистон – Алишер Ҷалилов – низ бозӣ мекунад.

Аммо дар футболи Аврупо ба сурати умум намояндагони футболи тоҷик ангуштшуморанд. Феълан танҳо чанд тан аз фарзандони муҳоҷирон аз Тоҷикистонанд, ки баъди кӯчидани волидонашон дар Олмон ба воя расидаанд ва ҳамонҷо бозӣ мекунанд, вале ҳанӯз бидуни кадом натиҷаҳои назаррас.

Фаридун Солиев мегӯяд, аз намояндаҳои футболи тоҷик дар қораи Аврупо аз ҳама муваффақтар дар ҳоли ҳозир Маҳмаднаим Шарифӣ ба назар мерасад: “Маҳмаднаим Шарифӣ, ки ҳоло 24 сол дорад, ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90 ҳамроҳи волидонаш ба Маскав кӯчида, дар мактаби футболи дастаи “Локомотив”-и пойтахти Русия тарбия гирифтааст. Ӯ қаблан дар хатти ҳимояи “Локомотив” бозӣ мекард ва ҳоло - дар Австрия, дар ҳайъати тими маъруфи “Штурм”.

Маҳмаднаим Шарифӣ
Маҳмаднаим Шарифӣ

Маҳмаднаим Маҳмадкаримзода Наимӣ 3 июни соли 1992 дар Душанбе ба дунё омада, аз чорсолагиаш дар Русия зиндагӣ кардааст. Наимӣ аз соли 2009 дар “Локомотив", аз соли 2012 дар тими “Амкар”-и Перм ва аз соли 2013 дар тими “Капфенберг”-и Австрия ва аз соли 2014 дар “Штурм” бозӣ мекунад.

Дар соли 2009, вақте Маҳмаднаим ҳамашӣ 17 сол дошт, ӯро ба тими ҷавонони Тоҷикистон ҳам даъват карданд. Вале ӯ ин даъватро рад кард ва гуфт, талош хоҳад кард, то ба тими миллии Русия роҳ биёбад.

Дар ҳоли ҳозир танҳо футболбози зодаи Тоҷикистон аст, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ ба ҳайъати тими миллии Русия роҳ ёфта, дар ҳайъати тими футболбозони зери синни 19 ҳафт дафъа ва дар тими футболбозони зери синни 20 чор дафъа ба майдон баромадааст.

XS
SM
MD
LG