Пайвандҳои дастрасӣ

Таваҷҷӯҳи “Белшина” ба ду футболбози ҷавони тоҷик


Футболбозон Ҷаҳонгир Эргашев ва Амирбек Ҷӯрабоев

Футболбозон Ҷаҳонгир Эргашев ва Амирбек Ҷӯрабоев

Ҷаҳонгир Эргашев ва Амирбек Ҷӯрабоев, футболбозони ҷавони тоҷик, дар дастаи “Белшинаи”-и Беларус аз санҷиш мегузаранд.

Ду бозигари мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) – ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев ва нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев – баъди ширкат дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои озмоиш ба бошгоҳи «Белшина», ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Беларус-2015 мақоми чаҳорумро касб кардааст, даъват шуданд.

Дар ин бора рӯзи 25 январ аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Озодӣ хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ, Эргашев ва Ҷӯрабоев дар ҳамаи бозиҳои Ҷоми Иттиҳод бидуни таъвиз иштирок намуда, дар майдон 360 дақиқа ҳунарнамоӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳарду футболбози ҷавони тоҷик дар ихтиёри бошгоҳи футболи «Белшина»-и Бобруйск мебошанд. Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Владимир Ежуров, шогирди футболи тоҷик, сармураббии ин дастаи Беларус таъин шудааст. Феълан “Белшина” дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Пински Беларус қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷаҳонгир Эргашев соли гузашта дар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва Амирбек Ҷӯрабоев дар дастаи «Шахтёр»-и Солигорски вилояти Мински Беларус бозӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG