Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қуръакашии марҳалаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2014 "Чашма"-ро бо "Кӯктош", "Локомотив"-ро бо "Ҳулбук" ва "Саройкамар"-ро бо "Нури Норак" сарбасар зад.

Имрӯз, 25-уми июн, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) қуръакашии марҳалаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2014 баргузор шуд. Дар ин марҳала дастаҳои лигаи аввал барои Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Дар минтақаи Душанбе 6 даста ширкат мекунад. Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал «Чашма» бо «Кӯктош», «Ҳосилот» бо «Пахтакор», «Локомотив» бо «Ҳулбук», «Саройкамар» бо «Нури Норак» рақобат мекунанд.

Бозиҳои аввал 30-юми июл, бозиҳои ҷавобӣ 3-юми август баргузор мешаванд. Бозиҳои даври дувум 7-ум ва 11-уми август барпо мегарданд. Ду дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба ҳаққи ширкат дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф мешавад. 10 дастаи лигаи олӣ аз ҳаштякфинал ба мусобиқа шурӯъ мекунад.

Се дастаи дигар ба даври 1/8 –ниҳоӣ аз минтақаи Суғд роҳ меёбад. Дар марҳалаи пешакӣ дар ин минтақа 12 даста ширкат меварзад. Дар ин ҷо низ бозиҳои марҳалаи пешакӣ аз ду давр иборатанд. Бозиҳои даври аввал 28-29-уми июл, бозиҳои ҷавобӣ 1-2-юми июл баргузор мешаванд.

Қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон моҳи август, замоне ки бозиҳои марҳалаи пешакӣ ба анҷом мерасанд, доир мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон-2014

Минтақаи Душанбе . Даври пешакӣ

Давраи аввал. Бозиҳои аввал

30 июл (чоршанбе)

«Чашма» - «Кӯктош»

«Ҳосилот» - «Пахтакор»

«Локомотив» - «Ҳулбук»

«Саройкамар» - «Нури Норак»

Даври аввал. Бозиҳои ҷавобӣ

3 август (якшанбе)

«Кӯктош» - «Чашма»

«Пахтакор» - «Ҳосилот»

«Ҳулбук» - «Локомотив»

«Нури Норак» - «Саройкамар»

Даври дувум. Бозиҳои аввал

7 август (панҷшанбе)

Ғолиби «Чашма»/«Кӯктош» - Ғолиби «Ҳосилот»/«Пахтакор»

Ғолиби «Локомотив»/«Ҳулбук» - Ғолиби «Саройкамар»/«Нури Норак»

Даври дувум. Бозиҳои ҷавобӣ

11 август (душанбе)

Ғолиби «Ҳосилот»/«Пахтакор» - Ғолиби «Чашма»/«Кӯктош»

Ғолиби «Саройкамар»/«Нури Норак» - Ғолиби «Локомотив»/«Ҳулбук»

Минтақаи Суғд. Даври пешакӣ

Даври аввал. Бозиҳои аввал

28 июн (шанбе)

«Ваҳдат» - «Ҷавонӣ»

«Шаҳристон» - МТО

«Зарафшон» - «Эсхата»

29 июн (якшанбе)

«Мастчоҳ» - «Қайроққум»

«Сайҳун» - «Спитамен»

«Исфара» - «Канд»

Даври аввал. Бозиҳои ҷавобӣ

1 июл (сешанбе)

«Ҷавонӣ» - «Ваҳдат»

МТО - «Шаҳристон»

«Эсхата» - «Зарафшон»

2 июл (чоршанбе)

«Қайроққум» - «Мастчоҳ»

«Спитамен» - «Сайҳун»

«Канд» - «Исфара»

Даври дувум. Бозиҳои аввал

Ғолиби «Ваҳдат»/«Ҷавонӣ» - Ғолиби «Шаҳристон»/МТО

Ғолиби «Зарафшон»/«Эсхата» - Ғолиби «Мастчоҳ»/«Қайроққум»

Ғолиби «Сайҳун»/«Спитамен» - Ғолиби «Исфара»/«Канд»

Даври дувум. Бозиҳои ҷавобӣ

Ғолиби «Шаҳристон»/МТО – Ғолиби «Ваҳдат»/«Ҷавонӣ»

Ғолиби «Мастчоҳ»/«Қайроққум» - Ғолиби «Зарафшон»/«Эсхата»

Ғолиби «Исфара»/«Канд» - Ғолиби «Сайҳун»/«Спитамен»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG