Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» ба дарвозаи «Парвоз» 5 голи беҷавоб зад


Шоми 29-уми май бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон поён ёфтанд.

Шоми 29-уми май бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон поён ёфтанд.

Бозии марказии ин давр миёни ду дастаи пешсаф дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. «Истиқлол»-и Душанбе ба дарвозаи тими мизбон - «Парвоз» - панҷ голи беҷавоб зад. Голҳоро Дэвид Мауто (дақиқаи 12-ум), Хуршед Маҳмудов (60), Фатҳулло Фатҳуллоев (70), Ҷаҳонгир Эргашев (75) ва Умедҷон Шарифов (82) заданд.

«Истиқлол» бо 19 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвал боз ҳам мустаҳкамтар намуд ва ягона дастаест, то ҳоло бохт надорад. Баъди бохт «Парвоз» бо 12 имтиёз ба зинаи чаҳорум фуромад.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар шаҳри Кӯлоб бар тими «Равшан» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, бо 14 имтиёз дар ҷадвал ба ҷойи дувум баромад. Голҳои «Хуҷанд»-ро Чарлз Теко, Фирӯз Юсуфов (аз пеналтӣ) ва Манучеҳр Аҳмадов ба самар расонданд. Ҳарду голи «Равшана»-ро Наврӯз Рустамов зад.

Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии қаҳрамонии феълии футболи Тоҷикистон – «Равшан», баъди бохти дастааш дар даври 7-ум аз тими «Хуҷанд» иброз доштааст, ки аз вазифааш истеъфо медиҳад.
«Аввалан дастаи «Хуҷанд»-ро бо пирӯзиаш табрик мегӯям. Имрӯз мо бе ду бозигари асосиамон, ки дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий-2014 дар Боку иштирок доранд, бозӣ кардем. Имрӯз «Равшан» вазъиятҳои зиёди голзанӣ дошт, на камтар аз «Хуҷанд». Танҳо ҳунари бозигарони ҷавони мо имкон надод, ки аз вазъиятҳо пурсамар истифода карда шавад. Ба замони барои «Равшан» вазнин нигоҳ накарда, ман то лаҳзаҳои охирин бо даста будам. Ман ба таври расмӣ иброз медорам, ки истеъфо медиҳам. Ин тасмими худи ман аст. Ман дар «Равшан» якчанд мавсими хуб гузарондам. Мо ду бор паиҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудем. Имрӯз баъди бозӣ бо «Хуҷанд» ман тасмим гирифтам, ки аз даста меравам. Ман ба ҳамаи он бачаҳое, ки кор кардам, ташаккур мегӯям ва ба онҳо дар бозиҳои боқимондаи чемпионати Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббии нав барори кор орзу мекунам», - гуфтааст Ғайраталӣ Мираҳмадов ба сомонаии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ).


Дар бозии дигари даври 7-ум «Хайр»-и Ваҳдат, ки дар майдони худ «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бо 13 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Голи ягонаро Айдох Наполеон, легионери африқоии «Хайр», дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расонд.


ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ аз тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Голҳоро Алишер Холмуродов ва Бахтиёр Ҳасанов заданд. Бояд гуфт, ки Сафархон Мирзоев, капитани «Энергетик», барои таҳқири сардовар дар дақиқаи 34-ум корти сурх гирифтта, аз майдон хориҷ шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, бинобар ширкати мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку аз 28-уми май то 7-уми июн, мувофиқи Регламент ё тартиби баргузории чемпионати Тоҷикистон-2014, бозии даври 7-уми мусобиқаи лигаи олӣ байни «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз 29-уми май ба 17-уми июн гузаронида шуд.


Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум.

«ПАРВОЗ» - «ИСТИҚЛОЛ» - 0:5
Голҳо: Дэвид Мауто, 12 (0:1). Хуршед Маҳмудов, 60 (0:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 70 (0:3). Ҷаҳонгир Эргашев, 75 (0:4). Умедҷон Шарифов, 82 (0:5).
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгох».

ССКА «ПОМИР» - «ЭНЕРГЕТИК» - 0:2
Голҳо: Алишер Холмуродов, 6 (0:1). Бахтиёр Ҳасанов, 20 (0:2).
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Душанбе).
Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

«РАВШАН» - «ХУҶАНД» - 2:3
Голҳо: Чарлз Теко, 22 (0:1). Фирӯз Юсуфов, 35 – аз пеналтӣ (0:2). Наврӯз Рустамов, 48 (1:2). Манучеҳр Аҳмадов, 57 (1:3). Наврӯз Рустамов, 87 – аз пеналтӣ (2:3).
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

«ХАЙР» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - 1:0
Гол: Айдох Наполеон, 75.
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)761027-319
2«Хуҷанд» (Хуҷанд)74218-714
3«Хайр» (Ваҳдат)741211-613
4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)740310-1212
5«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)631211-610
6«Энергетик» (Душанбе)72236-88
7«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)72234-68
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)62042-56
9«Равшан» (Кӯлоб)720510-256
10ССКА «Помир» (Душанбе)70162-131

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Комил САИДОВ («Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ»), Хуршед МАҲМУДОВ («Истиқлол»), Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр») – 4 тӯб, Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ (ҳарду – «Истиқлол»), Чарлз ТЕКО, Манучеҳр АҲМАДОВ (ҳарду – «Хуҷанд») – 3-тӯбӣ.

Даври 8-ум
13 июн (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – 18:00
«Энергетик» - «Регар-ТадАЗ»
«Далерон-Ӯротеппа» - «Вахш»
14 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – 18:00
«Истиқлол» - «Хайр»
«Хуҷанд» - «Парвоз»
15 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – 18:00
ССКА «Помир» - Равшан
XS
SM
MD
LG