Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллоҷонов: "Ҳадафи пажуҳишҳо таъмини манофеи геополитикии Русия аст"


Мизи гирди байналмилалӣ дар Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе бо номи "Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон". 7-уми майи 2016.
Мизи гирди байналмилалӣ дар Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе бо номи "Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон". 7-уми майи 2016.

Маркази Лев Гумилёв, як бунгоҳи пажуҳишии дар Русия бо таъсиси як экспедитсияи хоса, ният дорад расму оин ва бовару одатҳои мардумии Бадахшони Тоҷикистонро биомӯзад.

Як бунгоҳи пажуҳишӣ дар Русия бо таъсиси як экспедитсияи вижа ният дорад расму оин ва бовару одатҳои мардумии Бадахшони Тоҷикистонро таҳқиқ намояд. Олег Шишкин, муҳаққиқи маркази Лев Гемилёв рӯзи 7-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, экпедитсияи онҳо ба Помир аз лаби дарёи Панҷ шурӯъ шуда то ба Бадахшон мерасад. Вай афзуд: “Ман бори аввал ба Помир меравам. Аммо 20 сол мешавад таърихи Помирро таҳқиқ мекунам. Дар бораи ин минтақа ман аз бойгониҳои Вазорати корҳои хориҷаи Империяи Русия ва Вазоарти мудофеа зиёд хондаам. Натиҷаи тадқиқоти ман ин шуд, ки китобе нашр карда бо номи “Мубориза барои Ҳимолой”.

Олег Шишкин.
Олег Шишкин.

Шишкин афзуд, минтақаи Помири Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи мардумшиносӣ ва ҳам аз нигоҳи аҳамияти минтақавияш барои пажӯҳишагрони Маркази Лев Гумилёв хеле аҳамияти зиёд дорад: “Минтақаи Помир дар ҳаводиси солҳои аввали асри гузашта хеле муҳим буд. Чунки маҳз аз Помир тариқи мавзеи Лангар пайроҳаи махфии коммунистҳо ба Ҳиндустон мерафт. Пас аз чандин соли пажӯҳишҳо, ҳамакнун мо мехоҳем маҳз аз ҳамин пайроҳа убур кнуем.”

Зимнан, маркази Лев Гумелёв имрӯз “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон”-ро дар як мизигирди байналмилалӣ дар Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ кард. Дар ин харита маконҳои муққадаси Тоҷикистон гирдоварӣ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ба ин харита қалъаи Ҳисор, қалъаи Ҳулбук, дараи Ширкент бо нақши пои динозаврҳояш ва ҳамчунин дараи Яғноб, Искандаркӯл ва маконҳои, аз назари мо, муқаддас ва дидании Бадахшон шомил шудаанд.”

Маркази Лев Гумилёв, як созмони мардумшиносӣ (этнографӣ)-и Русия, ба омӯзиши таърихи пайдоиш ва одату анъанаҳои халқҳои АвроОсиё машғул аст.

Маркази Лев Гумилёв расму оини Бадахшонро меомӯзад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, фаъол шудани марказҳои пажӯҳишии Русия ва аз ҷумла маркази Лев Гумилёв дар Тоҷикистон ба хотири таъмини ҳадафҳои геополитикии Русия дар Тоҷикистон аст. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгар дар умури масоили сиёсӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фаъол шудани Маркази Лев Гумилёв дар Осиёи Миёна ва Тоҷикистон аз он хотир аст, ки андешаҳои ин олими мардумшиноси рус ба сиёсатҳои Кремлин дар минтақа рост омадааст.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик.

Муллоҷонов афзуд: “Лев Гумелёв андешаҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Авроосиёро ҷонибдор буд. Аммо дар оғози солҳои 90-ум ин андешаҳо миёни сиёсатмадорони рус чандон ҷонибдор надошт, бинобар ин идеяҳои Гумелёв ба ҳошия ронда шуда буданд. Ҳамакнун Путин, ки идея дар як шакли дигар ҳам бошад барқарор кардани империяи Шӯравиро дар сар дорад, ин идеяи Гумелёвро ба ҳадафҳои хеш истифода мекунад.”

Муллоҷонов афзуд, ҳоло маркази Лев Гумелёв аз фондҳои наздик ба давлат ва ё бевосита аз Ҳукумати Русия маблағ дарёфт мекунад ва андешаҳою тавсияҳои муҳаққиқони ин марказро дар сатҳи баланди ҳукуматӣ гуш мекунанд. Ин аст, ки ба гуфтаи Муллоҷонов, аз як сӯ экспедитсияи пажӯҳишгарони Лев Гумилёв ҳадафи илмиву мардумшиносӣ дошта бошад, аз сӯи дигар ба ҳадафҳои дарозмуддати сиёсӣ низ иттилои зарурӣ ҷамъ доранд.

Лев Гумилёв, фарзанди шоирони маъруфи рус Анна Ахматова ва Николай Гумилёв, аз мардумшиносони маъруфи Русия буда, ӯро бештар бо назарияи этногенези миллатҳояш мешиносанд.

Маркази Лев Гумилёв аз сӯи як гурӯҳи донишмандони пайрави ақидаҳои ӯ таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир, дар Маскав, Санкт-Петербург ва дар Озарбойҷону Тоҷикистон ва Афғонистон намояндагӣ дорад. Маркази Лев Гумилёв асосан ба омӯзиши таъриху одатҳо ва этнопсихологияи халқҳои сокини минтақаи АвроОсиё ва тарғиби фарҳангу суннатҳои ин халқҳо машғул аст.

XS
SM
MD
LG