Пайвандҳои дастрасӣ

Нисо Одинаева - тоҷике дар байни нухбагони илми Русия


Нисо Одинаева, донишманди тоҷики муқими Русия.

Нисо Одинаева, донишманди тоҷики муқими Русия.

Нисо Одинаева аз ҷумлаи шахсиятҳои камшумори тоҷик аст, ки дар доираҳои илми тибби Русия маъруфият пайдо кардааст.

Нисо Одинаева доктори илми тиб, профессор ва корманди калони илмии Фарҳангистони улуми тиббии Русия аст ва дар Маркази илмии саломатии кӯдаки ин фарҳангистон кор мекунад.

Анатолий Скалний -раиси Пажуҳишгоҳи микроэлементҳо дар шаҳри Лиони Фаронса, ки бо корҳои илмии хонум Одинаева ошност мегӯяд, ин донишманди тоҷик дар пешрафти илми тибб дар Русия саҳми худро гузоштааст. "Ӯ баъзе тадбирҳо анҷом медиҳад, то насли ояндаи кишварро аз нуқси ҷисмонӣ наҷот диҳад. Мутаассифона, ин мавзӯъ дар Русия хеле дарднок аст, мавзӯъ ба тамоку ва алкогол иртибот дорад. Ҳамнаслҳои Одинаева ба ин мавзӯъ камтар таваҷҷуҳ кардаанд ва чунин таҳқиқот, мутаассифона, он қадр ривоҷ наёфтааст”,- мегӯяд Анатолий Сталний

Аз оғози корҳои илмӣ Одинаева ба омӯзиши сабабҳои таваллуди кӯдакони норасид машғул буд ва таъсири тамоку ва алкоголро ба саломатии кӯдакон дар батни модар таҳқиқ кард.

Рисолаи докториро дар мавзӯи “Беҳаракатии кӯдакони норасид баъд аз таваллуд” дар соли 2002 ҳимоя намуд. Скалний меафзояд, Ҷумъаева ҳоло имкон дорад, ки бо расидан ба қуллаҳои муайяни илм дар Русия қаноат накунад, балки барои расидан ба сатҳи аврупоӣ ва ҷаҳонӣ талош варзад.

Муҳоҷирате, ки фурӯпошии Шӯравӣ онро бебозгашт кард

Нисо Одинаева дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи Ҷумъа Одина-нависандаи машҳури тоҷик ба дунё омадааст. Вай баъд аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои идомаи таҳсил дар аспирантура соли 1989 ба Маскав рафт. Ин марҳилаи ба ларза даромадани пояҳои бақои Шӯравӣ буд. Дар нахустин солҳои фурӯпошии ин империя кору зист дар Маскав мушкил шуд. Бо вуҷуди ин, Нисо нахост аз корҳои илмӣ даст кашад ва аз мушкилиҳои Маскав ва сахтиҳои мусофирӣ фирор кунад. Вай медонист, ки Маскав яке аз марказҳои муҳими илми тиб дар ҷаҳон аст ва бояд пажуҳишҳову мутолеоти худро идома диҳад. “Душвориҳои мо аз хислатҳои мо сарчашма мегиранд. Тарбияи мо ва анъанаҳои мо фарқ дорад. Албатта душвориҳо буданд, агар инро ҳам дар назар бигирем, ки касе дар ин ҷо моро интизор набуд. Ман ин ҷо одами комилан бегона будам. Дар ҷое, ки ман кор мекунам, то омадани ман аз тоҷикон касе набуд. Вале дар маҷмӯъ ман мушкилиҳои касбӣ эҳсос накардам, барои он, ки донише, ки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба мо дар Душанбе дода буд ва таҳкурсие, ки мо доштем, бадтар аз донишгоҳҳои Русия набуд”.

Ӯ акнун аз нухбагони эътирофшудаи илми Русия аст

Ӯ ҳанӯз аз солҳои таҳсил дар донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе таҳқиқоти худро дар бахши тиби кӯдакон оғоз кард ва дар ҳамин бахш дар муассисаҳои таҳқиқоти илмии Маскав, дар бемористонҳои кӯдакона ва ҳамчунин дар муассисаҳои модару кӯдак таҳқиқоти арзишманд анҷом дод.


Ҳоло ин донишманди тоҷик дар Маскав раҳбарии рисолаҳои илмиро низ бар уҳда дорад. Як нафар аз Қазоқистон зери раҳбарии Одинаева рисолаи докториашро барои ҳимоя омода кардааст. 4 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя кардаанд ва кор бо рисолаҳои номзадии ду нафари дигар идома дорад.
Бо вуҷуди кору зиндагии тӯлонӣ дар Маскав, хонум Нисо худро аз Тоҷикистон ҷудо намедонад ва мегӯяд ҳамеша ба зодгоҳи худ рафту омад дорад ва рӯзгордориашон дар хона тоҷикист. Ӯ мегӯяд, муттаассифона дар Русия калимаи муҳоҷирро бештар ба тоҷикон иртибот медиҳанд: “Дар Русия калимаи муҳоҷирро 90 дарсад бо калимаи “тоҷик” ҳамрадиф медонанд ва ҳамеша онро ба маънои манфӣ ба забон мегиранд. Албатта, ин ҷо таъсири муҳит ҳам ҳаст. Тарзи муносибат муҳоҷиронро шояд таҳрик медиҳад”.

Хуршеда Ҳамроҳқулова

Хуршеда Ҳамроҳқулова

Вале Хуршеда Ҳамроҳқулова-донишманди дигари тоҷик ва узви Шӯрои миллиятҳои шаҳрдории Маскав мегӯяд, худи Нисо бо донишу маҳорати худ ҳамеша нишон додааст, ки тоҷикон дар Русия фақат муҳоҷири корӣ нестанд, балки аз нухбагони илми ин кишвар ба шумор мераванд:

“Ин хел одамон дар Русия фақат обрӯи тоҷиконро баланд мекунанд. Русҳо гумон мекунанд, ки тоҷикон фақат кӯчарӯбу коргари сохтмон ҳастанд. Вале ин хел шахсиятҳо ҳам ҳастанд, ки мо метавонем бо онҳо фахр кунем, ки аз миллати худ ин хел одамон дорем”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG