Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоро ба Ватан фиристоданд


Абдулло Рӯзиев дар рӯи пул
Абдулло Рӯзиев дар рӯи пул

Шаҳрванди тоҷикеро, ки рӯзи 27 апрел дар шаҳри Остона қасди худкушӣ карда буд, имрӯз бо кумаки сафорати Тоҷикистон ба Душанбе фиристодаанд.

Абдулло Рӯзиев, як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон, ки рӯзи 27 апрел мехост худро аз рӯи як пул дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон ба дарё андозад, рӯзи 28 апрел бо кумаки сафорати Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Душанбе фиристодаанд. Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Остона рӯзи 28 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски аз Остона ба Душанбе парвози мустақим нест, Абдулло Рӯзиевро аз тариқи шаҳри Алма-Ато равон кардаанд.

Дар консулгарии Тоҷикистон дар Алма-Ато ба Озодӣ гуфтанд, ки Абдулло Рӯзиев ба парвози субҳи 28 апрел савор шуда, соати 12 ба вақти Тоҷикистон ба Душанбе расидааст.

Исми Абдулло Рӯзиев рӯзи 27 апрел дар пайи қасди худкушиаш дар пойтахти Қазоқистон вирди забони расонаҳо шуд. Абдулло Рӯзиев, ки 36 сол дошта, аз ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон аст, рӯзи чоршанбе, соати тақрибан 14-45 корд дар даст талош кардааст, худро аз рӯи пул ба дарё андозад. Вале раҳгузарон ба пулис хабар додаанд. Баъди расидани пулис Рӯзиев гуфтааст,

агар ба вай имкони мулоқот бо намояндагони сафорати Тоҷикистонро бидиҳанд, аз қасди худкушиаш даст мекашад.

Дар навори видеоие, ки дар Ютуб нашр шудааст, Абдулло Рӯзиев бо сару рӯ ва бадани пур аз осори захм ба хабарнигорони ҷамъшуда мегӯяд, ки ин корро ба хотири наҷоти зиндагиаш кардааст. Ӯ дар ин навор мегӯяд, “бигзор дунё бубинад, бигзор ҳама бидонанд. Охир, ҳамаро кушта наметавонанд.” Аммо ӯ аз посух ба суоли як хабарнигор, ки оё касе қасди куштани шуморо дорад?, худдорӣ мекунад ва танҳо мегӯяд, “дигар ягон шарҳ дода намешавад.”

Намояндагони сафорат ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ин шаҳрванди тоҷикро бо худ ба сафорат бурдаанд. Абдулло Рӯзиевро дар сафорат сафир Назирмад Ализода ба ҳузур пазируфта, арзашро шунидааст.

Абдулло Рӯзиев гуфтааст, ки ӯ бо қатори роҳи оҳан аз Хуҷанд барои коркунӣ ба Русия раҳсипор шуда буд, вале вайро дар истгоҳи роҳи оҳани Казанкаи вилояти Челябински Русия аз қатор фароварда, пас гардондаанд, чунки исми ин мард дар рӯйхати сиёҳи афроди мамнӯъулвуруд будааст ва ӯ ҳаққи убури марзи Русияро надоштааст.

Абдулло Рӯзиев боз ҳам талош кардааст, бо ягон роҳи заминӣ аз марзи Русия убур кунад, вале вайро марзбонони Русия аз нав дастгир карда, дигарбора аз он кишвар ихроҷ кардаанд.

Абдулло Рӯзиев дар лобалои ин ҳама саргардониҳо дар ними роҳ бепулу ноумед монда, худро ба шаҳри Остона мерасонад ва ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишташ болои пул мебарояд.

Абдулло Рӯзиев нахустин нафарест, ки бо чунин шеваи бесобиқа ба масъалаи сарнавишти ҳазорони тоҷики аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрумшуда ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.

Бино ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то 1 январи соли 2016 шумори онҳое, ки ба далели ихроҷ ё берун карда шуданашон аз қаламрави Русия ҳаққи бозгашт ба он кишварро аз даст додаанд, ба 331 ҳазор нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки ҳудуди 1 миллион муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ихроҷи ҳар як муҳоҷири тоҷик аз Русия ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгорашон маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия, ки дар сол то 4 миллиард долларро ташкил медод, як манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам як чархаи муҳими аробаи иқтисоди ин кишвар эътироф мешавад. Аммо дар соли 2015 ба далели мушкилоти иқтисодии Русия сатҳи даромади муҳоҷирони корӣ бамаротиб пойин рафт ва аз Русия ба Тоҷикистон дар тӯли сол ҳамагӣ чизе бештар аз 1,2 миллиард доллар пул омад. Яъне 3 маротиба камтар аз як соли қабл.

XS
SM
MD
LG