Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қасди худкушӣ ва эътирози як марди тоҷик дар Остона


Абдулло Рӯзиев дар рӯи пул

Абдулло Рӯзиев дар рӯи пул

Рӯзи 27 апрел як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон талош кардааст, худро аз рӯи як пул дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон ба дарё андозад. Ӯ ҳоло дар сафорати Тоҷикистон қарор дорад.

Сафири Тоҷикистон дар Остона Назирмад Ализода бо марди тоҷик, ки рӯзи 27 апрел дар пойтахти Қазоқистон қасди худкушӣ карда буд, мулоқот кардааст. Ба гуфтаи мақомот, сафорат ба ин шаҳрванди саргардоншуда барои бозгашт ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Ин марди 36-сола, ки Абдулло Рӯзиев аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд будааст, рӯзи 27 апрел, тақрибан соати 14-45 мехост худро аз рӯи як пул дар шаҳри Остона ба дарё андозад. Раҳгузарон ин қасди ӯро дида, ба пулис хабар додаанд. Абдулло Рӯзиев ба музокира розӣ шуда, гуфтааст, агар ба вай имкони мулоқот бо намояндагони сафорати Тоҷикистонро бидиҳанд, аз худкушӣ даст мекашад.

Дар навори видеоие, ки дар Ютуб нашр шудааст, Абдулло Рӯзиев бо сару рӯ ва бадани пур аз осори захм ба хабарнигорони ҷамъшуда мегӯяд, ки ин корро ба хотири наҷоти зиндагиаш кардааст. Ӯ мегӯяд, “бигзор дунё бубинад, бигзор ҳама бидонанд. Охир, ҳамаро кушта наметавонанд.” Аммо дар посух ба суоли як хабарнигор, ки оё касе қасди куштани шуморо дорад?, ӯ посух намедиҳад ва танҳо мегӯяд, “дигар ягон шарҳ дода намешавад.”

Дар раёсати иттилоот ва таҳлили вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 27 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндагони сафорат ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ин шаҳрванди тоҷикро бо худ ба сафорат бурдаанд. Абдулло Рӯзиевро дар сафорат сафир Назримад Ализода ба ҳузур пазируфта, арзашро шунидааст.

Абдулло Рӯзиев гуфтааст, ки ӯ бо қатори роҳи оҳан аз Хуҷанд барои коркунӣ ба Русия раҳсипор шуда буд, вале ӯро дар истгоҳи роҳи оҳани Казанкаи вилояти Челябински Русия аз қатор фароварда, пас гардондаанд. Исми ин мард дар рӯйхати сиёҳи афроди мамнӯъулвуруд будааст ва ӯ ҳаққи убури марзи Русияро надоштааст.

Абдулло Рӯзиев, ба гуфтаи намояндагони раёсати иттилооти вазорати хориҷа, боз ҳам талош кардааст, бо ягон роҳи заминӣ аз марзи Русия убур кунад, вале ӯро марзбонони Русия аз нав дастгир карда, дигарбора аз он кишвар берун кардаанд.

Абдулло Рӯзиев дар лобалои ин ҳама саргардониҳо дар ними роҳ бепулу ноумед монда, худро ба шаҳри Остона мерасонад ва ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишташ болои пул мебарояд.

Мақомоти дипломатии Тоҷикистон мегӯянд, Абдулло Рӯзиев ҳоло дар бинои сафорат қарор дорад ва ба ӯ барои бозгашт ба Тоҷикистон кумак расонда хоҳад шуд.

Абдулло Рӯзиев нахустин нафарест, ки бо чунин шеваи бесобиқа ба масъалаи сарнавишти ҳазорони тоҷики аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрумшуда ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.

Бино ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то 1 январи соли 2016 шумори онҳое, ки ба далели ихроҷ ё берун карда шуданашон аз қаламрави Русия ҳаққи бозгашт ба он кишварро аз даст додаанд, ба 331 ҳазор нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки ҳудуди 1 миллион муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ихроҷи ҳар як муҳоҷири тоҷик аз Русия ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгорашон маҳрум шудани дастикам як хонавода аст.

Пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ аз Русия, ки дар сол то 4 миллиард долларро ташкил медод, як манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам як чархаи муҳими аробаи иқтисоди ин кишвар эътироф мешавад. Аммо дар соли 2015 ба далели мушкилоти иқтисодии Русия сатҳи даромади муҳоҷирони корӣ бамаротиб пойин рафт ва аз Русия ба Тоҷикистон дар тӯли сол ҳамагӣ чизе бештар аз 1,2 миллиард доллар пул омад. Яъне 3 маротиба камтар аз як соли қабл.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG