Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши убури марз бо 590 тир ва ним кило борут


​Марзбонони Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо миқдори зиёди тиру борут дар марз хабар медиҳанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 1 сентябр хабар дод, ки шаби 29 ба 30 август як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон ҳангоми убури ғайриқонунии марзи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо миқдори зиёди тиру борут дастгир шудааст.

Гулмира Бурубаева, раҳбари маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “ин мард мехост дар минтақаи Кулунду на аз гузаргоҳи расмӣ, балки аз як масири қочоқӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон баргардад. Баъди боздошт маълум шуд, ки ӯ қасди қочоқи миқдори зиёди тиру борутро дар сар доштааст. Аз 560 тири камони шикорӣ, аз ҷумла 450 тири камони 16-калибра ва 140 тири камони 12-калибра, ҳамчунин 450 грамм борути навъҳои “Сокол” ва “Сунар” мусодира шуд.”

Гулмира Бурубаева аз ифшои исми шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон худдорӣ кард, вале гуфт, марзбонон баъди боздошт ӯро ба шӯъбаи маҳаллии милиса дар Кулунду супурдаанд.

Ба гуфтаи сухангӯи марзбонони қирғиз, қочоқи тиру муҳимот тибқи қонунҳои Қирғизистон муҷозоти ҷиноӣ дорад, чунки “ҳатто интиқоли чунин мавод дар дохили кишвар бояд бар асоси иҷозатномаи махсус сурат бигирад. Чӣ расад ба интиқоли тиру борут аз марзи як кишвар ба кишвари дигар.”

Таҳқиқи парвандаи ин шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳоли ҳозир, шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд бар ӯҳда доштааст.

Банди дуюми моддаи 204-уми Кодекси ҷиноии Қирғизистон (қочоқ) барои қочоқи силоҳ ва тиру муҳимот ва маводи дигаре, ки интиқоли онҳо аз марзи ин кишвар тибқи қоидаҳои вижа сурат бояд бигирад, ба ҳайси ҷазо аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ кардааст. Вале Гулмира Бурубаева мегӯяд, азбаски ин шаҳрванди Тоҷикистон бори аввал бо чунин мавод дастгир шудааст ва зоҳиран тиру борутро на барои кадом аъмоли, ба гуфтаи сухангӯи марзбонони қирғиз, “баду сиёҳ”, балки ғолибан барои шикор мебурд, имкон дорад, ки дар мавриди ӯ бо ягон парвандаи маъмурӣ ва ҷарима иктифо кунанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар пайи амалиёти якуним моҳ пеш алайҳи як гурӯҳи тарафдорони созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар пойтахт, шаҳри Бишкек назоратро бар интиқоли маводи хафвхок, аз ҷумла силоҳу муҳимот, тақвият додаанд. Дар амалиёти рӯзи 16 июл дар Бишкек 4 ҷангӣ кушта ва 7 тани дигар захмӣ шуданд. Ба бовари мақомоти амниятии Қирғизистон, ин афрод аз сӯи “Давлати исломӣ” барои анҷоми як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар амр гирифта буданд. Аз ҷумла онҳо, ба гуфтаи мақомот, қасд доштаанд дар рӯзи иди Рамазон дар Бишкек ва ҳамчунин дар пойгоҳи низомии Русия дар Кант ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд. Дар робита ба ин қазия вакили собиқи парлумон ва раҳбари қаноти ҷавонони Оқ-Жол – ҳизби марбут ба раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев – низ дастгир шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр марзи мустақим доранд, ки то имрӯз 506 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Вуҷуди минтақаҳои зиёди баҳсӣ дар тӯли марзи ин ду кишвар ва асосан дар байни вилоятҳои Суғду Бодканд, ҳар сари чанд вақт боиси бурузи танишҳо ва ҳатто задухӯрдҳои мусаллаҳона байни марзбонони тоҷику қирғиз ва ҳам сокинони ду тарафи марз мешавад.

Минтақаи Кулундуи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон, маконе ки шаҳрванди Тоҷикистон бо қариб 600 тири камон дастгир шуд, бо ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст. Рӯзи 25 августи соли 2014 дар як тирандозӣ дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров афсари марзбони Тоҷикистон - Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ дар ин хатти марз ва ҷияни Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои марзбонии -ва як сокини мулкӣ - кушта шуда, 5 нафари дигар аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG