Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини Исфара бо гумони куштори як зани қирғиз боздошт шуд


Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, сокини ноҳияи Исфара шаҳрванд “АА” дар куштори сокини ноҳияи Ботканди Қирғизистон Сарахан Нурматова ҳамчун айбдор боздошт шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ("куштор") парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар 27 август ба радиои Озодӣ гуфт, пас аз ёфт шудани ҷасади Сарахан Нурматова, як сокини ноҳияи Ботканди Қирғизистон дар назди кони ангишти Шӯроб, тафтишот оғоз карда шуда як сокини Исфара бо номи “АА” ҳамчун айбдор боздошт карда шуд.

Тибқи таҳқиқоти муқаддамотии додситонии кулли Тоҷикистон, шаҳрванди Қирғизистон Сарахан Нурматова 7 июни соли 2015 барои таъмири мошини дарздӯзиаш ба назди сокини Исфара меояд ва миёни онҳо муноқишае сар мезанад. Тафтишоти пешакӣ мегӯяд, ки эҳтимолан ин занро аввал ба сараш зада баъдан гулӯяшро бо рӯйполе хафа карда куштаанд. Баъди куштани ин зан, ҷавоҳироти тиллои ӯ, ва аз ҷумла мошинаи дарздӯзиаш дуздида шуда, ҷасадаш дар ҳудуди корхонаи “Ангишт”-и Шӯроб дар як чуқурӣ гӯр карда шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон марзи пуштарак дошта, сокинони ҳарду кишвар ба қаламравҳои ҳамдигар ворид ва рад мешаванд.

XS
SM
MD
LG