Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Украина бояд ҳукуматеро ба миён биорад, ки ҳузураш дар ҳарду фазо – Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва Иттиҳоди Аврупоро содда кунад.

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, умедвор аст, бӯҳрони сиёсӣ дар Украина ба зудӣ ба поён мерасад ва нерӯҳои сиёсии он бар хилофи якпорчагии ватани худ кор намекунанд: «Ин ки ҳоло музокирот шурӯъ шудааст, хеле муҳим аст. Шахсан ман хеле ба ин хушбин ҳастам. Ҳар чӣ ҳаст- нест, Украина ҳам барои Иттиҳоди Аврупо ва ҳам Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ кишвари муҳим аст. Нисфи мардум рӯ ба ин ҷониб, нисфи дигар рӯ ба ҷониби дигаранд. Тасмиме бояд гирифта шавад, ки манофеъи ҳарду ҷониб таъмин шавад.»

Буҳрони сиёсии Украина, ки аз моҳи ноябр ба ин сӯ идома дорад, ахиран аз майдонҳои эътироз ба сари мизи музокирот гузашт. Эътирозгароне, ки сиёсати раисҷумҳур Виктор Януковичро хуш надоранд, ду моҳ ба ин сӯ умдатан талаб доранд, ки беҳтар аст як кишвари аврупоӣ бошад, то рӯ ба Русия. Тайи қариб се моҳи ахир дар пайи ин эътирозҳо чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд. Ахиран Виктор Янукович, раисҷумҳури Украина ба мухолифони давлат ду мақоми аслӣ – сарвазир ва муовини онро пешниҳод кард. Бо ин вуҷуд, мухолифон хостори интихоботи ҳарчи зуди раёсатиҷумҳурӣ ва ислоҳот дар Қонуни асосианд.

Тоҷикистон ҳам дар ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта шоҳиди чунин майдоннишиниҳо шуда буд. Аз як сӯ, ҷонибдорони ҳизби коммунист, меросбари Шӯравӣ ва аз сӯи дигар, исломиҳо ва демократҳое, ки нав ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон по монда буданд, алайҳи ҳамдигар сангар гирифтанд. Ин ташаннуҷи сиёсӣ ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба бор овард, ки панҷ сол идома кард.

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар оғози майдоннишиниҳои Киев ҳузур доштааст, мегӯяд, имкони сар задани ҷанги дохилӣ дар Украина комилан ночиз аст: «Украина аз нигоҳи маҳалгароӣ ё минтақабандӣ ба Тоҷикистон хеле монанд аст. Тоҷикистон ҳам ба ин маризӣ дучор аст, аммо фарқи мову Украина дар ин аст, ки Киев – пойтахти Украина як шаҳри аврупоист ва на ҳокимият ва на мухолифинро қабул надорад. Мухолифин ҳам байни мардуми Киев эътибори баланд надорад, аммо ба хотири манфиати ҷомиа аз лидери мухолифин ва ҳар лидери мавриди писандаш ҷонибдорӣ мекунад.»

Украина бори дуввум аст, ки аз ҷониби нерӯҳои ҷонибдори ҳамгироӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба майдон мебарояд. Бори аввал дар соли 2004 тавассути “инқилоби норанҷӣ” ин нерӯҳо пирӯз омаданд ва ҳукумати Виктор Юшенко вориди амал шуд. Ин ҳукумат умри дароз надошт. Ба зудӣ ҷои ӯро Виктор Янукович, раҳбари рӯ ба Русия гирифт. Ва инак, нерӯҳои рӯ ба Аврупо дигарбора ҳукумати Украинаро ба чолиш мекашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG