Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмурод Одинаев аз Аврупо паноҳгоҳи сиёсӣ хостааст


Маҳмурод Одинаев.

Маҳмурод Одинаев.

Маҳмурод Одинаев, яке аз раҳбарони Эътилофи зидди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ва падари Суннатулло Ризоев - маҳбуси зиндони Хуҷанд ба намояндагии Иттиҳодияи Аврупо барои дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ муроҷиат кардааст.

Маҳмурод Одинаев рӯзи 3 март ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки субҳи душанбе ба намояндагии Иттҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ба хотири фароҳам овардани шароит барои паноҳгоҳи сиёсӣ дар яке аз кишварҳои Аврупо муроҷиат намуда, бо сардори шӯъба оид ба масъалаҳои сиёсии ин ниҳод дар Тоҷикистон Иштван Нитрай гуфтугӯ кардааст.

Ба гуфтаи Маҳмурод Одинаев, «ҷаноби Иштван Нитрай дар ҷавоб ба муроҷиати ман гуфт, ки созмони Иттиҳодияи Аврупо ваколати додани паноҳгоҳи сиёсӣ надорад, вале ин муроҷиати ӯро ба сафорати Олмон дар Тоҷикистон хоҳад расонд. Вай ному насаби маро навишт ва ваъда дод, ки дар ҷараён мегузорад.»

Дафтари матбуоти намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон то кунун ин хабарро тасдиқ ва ё такзиб накардааст.

Аммо Маҳмурод Одинаев мегӯяд, пайваста таҳти таъқиби мақомоти интизомӣ қарор дод. Ба гуфтаи ӯ, пас аз интиқоли фарзандаш Суннатулло Ризоев аз зиндони рақами аввали пойтахт ба маҳбаси Хуҷанд, мақомоти умури дохилаи зодгоҳаш - ноҳияи Ҳисор ӯро барои ифшои навори марги Ҳамза Икромзода дар матбуот гунаҳкор дониста, таъқиб доранд ва борҳо нимашаб милисаҳо ба манзили зисташ омада, маҷбураш карданд, ки дар ин масъала баёнот нависад.

Одинаев мегӯяд, аз ҷумла бори охир рӯзи 28-уми феврал маъмурони пулиси Ҳисор ба манзили зисти модари Суннатулло Ризоев омада, ӯро ба милисахона бурданд ва пас аз пурсиш дар бораи Суннатулло раҳояш кардаанд.

Маҳмурод Одинаев мегӯяд, ки ба хотири амнияти худ маҷбур шудааст барои дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ ба намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин ба дафтари идораи Комиссарияти олии ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон муроҷиат кунад.

Маҳмурод Одинаев аз раҳбарони Эътилофи зидди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ба шумор рафта, асосан ба ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон ва ифшои мавридҳои бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон машғул аст. Ӯ дар моҳи июни соли гузашта қасд дошт, бо ҷамъе аз фаъолон бо талаби хатми шиканҷа дар зиндонҳои кишвар аз ноҳияи Ҳисор то Душанбе раҳпаймоӣ созмон диҳанд. Аммо баъди даъват ва бозпурсиаш дар Кумитаи миллии амният Одинаев аз фикри ташкили чунин раҳпаймоӣ даст бардошт.

Савриддин Тошев

Савриддин Тошев

Фарзанди ӯ Суннатулло Ризоев, ки бо ҷурми авбошӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, соли гузашта ҳамроҳ бо маҳбуси дигар - размандаи собиқи мухолифин Савриддин Тошев - дар робита ба як додгоҳи пурсарусадои наворҳои шиканҷа дар зиндонҳо вирди забони матбуот шуд. Онҳоро ба нашри навори гӯё бардурӯғ бо изи лату кӯб дар бадани Тошев ба додгоҳ кашонданд. Додгоҳ ин наворро тақаллубӣ номид ва ба 25 сол ҳукми зиндони Тошев 7 сол ва ба 2 соле, ки аз 16 сол ҳукми зиндони Суннатулло Ризоев монда буд, 9 соли дигар афзуд.

Ҳукми ин ду маҳбус мавҷи интиқодҳои ҳомиёни ҳуқуқ ва расонаҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистонро ба вуҷуд овард. Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, чунин муҷозоти сангин ва ҳимояти бечунучарои додгоҳҳо аз маъмурони маҳбасҳо маҳбусони дигарро аз ифшои мавридҳои бадрафторӣ дар зиндонҳо манъ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG