Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди худкушӣ баъди гум кардани ҳуҷҷати ронандагӣ (ВИДЕО)


Олимҷон Назаров.
Олимҷон Назаров.

Як ҷавони 18-сола дар шаҳри Кӯлоб барои ҳамагӣ чанд сомонӣ ва ҳуҷҷати ронандагии бародараш қасди худкушӣ карда, ба синаи худ корд задааст.

Олимҷон Назаров, донишҷӯи соли аввали факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ба сабаби гум кардани чанд ҳуҷҷати лозимааш қасди ҷони худ кардааст. Тавре ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳуҷҷати ронандагӣ ва пулҳояшро пайдо накарда, зери фишори сахти равонӣ қарор дошт.

Вале вақте худро корд зад, рафиқаш, ки ӯро дар хобгоҳи донишгоҳ ҳамроҳӣ мекард, Олимҷонро зуд ба беморхона бурд ва табион аз марг наҷоташ доданд. Ба нақли Олимҷон: «Вақте ба рафиқам гуфтам, кордатро ба ман деҳ, гуфт, чӣ кор мекунӣ? Бо ягон балоро бар сарамон наорӣ? Ман аз паҳлуяш зуд кордро гирифта, худро задам. Вақте задам, чизеро ҳис намекардам. Ҳангоме ба худ омадам, худамро дар беморхона ва рафиқамро болои сарам дидам. Рафиқам ба хонагиҳоямон занг зада, онҳоро хабардор кард. Моҳи июл баъди аз Русия омаданам як рӯз дар хона ба назарам чунин намуд, ки чизе маро бардошта истода бошад. Худам намедонам, аммо ба хонагиҳоямон гуфтаам, кордро биёред, ҳамаатонро мекушам.»



Шояд ба хотири ба дӯш нагирифтани ягон масъулият ё каноргирӣ аз сарнавишти ин ҷавон, масъулони донишгоҳ мегӯяд, Олимҷон дар хобгоҳи ин муассиса зиндагӣ намекунад ва ҳодисаи қасди худкушии ӯ берун аз хобгоҳ рух додааст.

Кенҷамоҳ Маҷидова равоншинос ва муовини ректори Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб.
Кенҷамоҳ Маҷидова равоншинос ва муовини ректори Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб.
Дар ҳоле ки бархе талоши худкушии Олимҷонро пайомади бемории равонии ӯ меноманд, Кенҷамоҳ Маҷидова, равоншинос ва муовини ректори Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, Олимҷон бемор набуд, балки шояд аз тарси бародаронаш қасди худкушӣ кардааст: «Ҳангоме аз Олимҷон пурсидем, ки чаро ин корро кардааст, гуфт, ҳуҷҷати ронандагии бародарамро бо пулаш гум кардам. Аз тарси он ки дар хона маро ҷазо надиҳанд, қасди худкушӣ кардам.»

Ба қавли хонум Маҷидова, бештари ҷавонон аз тарс ва фишори равонӣ қасд ба ҷони худ мекунанд. Онҳо бештар бо роҳи худсӯзӣ ё истеъмоли дорувори зиёд қасди худкушӣ мекунанд.

Ҷамила Юлдошова, декани факултаи таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонии донишгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, қабл аз он ки ин донишҷӯи онҳо ба ҷони худ қасд кунад, ба рафиқонаш гуфтааст, ки «бачаҳо, ман як ҳуҷҷати ронандагии бародарамро гум кардаам. Маро бародаронам мекушанд. Аз он ки онҳо маро мезананд, беҳтар он аст, ки худамро бикушам. Рафиқонаш гуфтаанд, ки ин корро накун. Мо кумакат мекунем, то ҳуҷҷатҳоятро дубора барқарор кунӣ, аммо вай гӯш накарда, худро ба корд задаст.»

Муҳаммадхон Назаров, бародари Олимҷон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бародарашонро муолиҷа доранд ва ҳолати равонияш хуб аст.

Самандар Абдуллоев, сармутахассиси бахши Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Кӯлоб.
Самандар Абдуллоев, сармутахассиси бахши Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Кӯлоб.
Самандар Абдуллоев, сармутахассиси бахши Кумитаи ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб мегӯяд, онҳо барои ҷилавгирӣ аз худкушӣ ва ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон барномаи «Рушди иҷтимоии ҷавонон»-ро рӯй даст гирифтаанд: «Мо талош мекунем ҷавононро дастгирӣ карда, миёни онҳо бештар чорабиниҳои фарҳангӣ доир намоем. Аммо сабаби аслии даст ба ҷиноят ё худкушӣ задани ҷавонон ин бемасъулиятии падару модар ва бекории худи онҳост.»

Тавре гуфта мешавад, Олимҷон Назаров падар надорад ва дар оилаи камбизоат умр ба сар мебарад. Тибқи омори расмӣ, соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 43 ҷавон даст ба худкушӣ задаанд ва ғолибан бо сабабҳои ночизу камаҳамият.
XS
SM
MD
LG