Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештари мавориди худкушӣ дар Ашт будааст


ЮНИСЕФ мегӯяд, аксари наврасон ва ҷавонон, ки даст ба худкушӣ мезананд, аз хонаҳои таҳсилнокарда буда, умдатан бо роҳи худовезӣ аз зиндагӣ даст мекашанд.

Қисми зиёди онҳо орзуҳои амалӣ нагаштаву ормонҳои ношикаста ва сирру асрори дар қалбашон нуҳуфтаро ба дили хок бурда, баъди маргашон бо ишорае аз худкушӣ ёд карда мешаванд.

Бунёди кудакони СММ ахиран пажуҳишеро дар бораи худкушиҳои солҳои ахир дар шимоли Тоҷикистон нашр кард, ки бахши умдаи худкушиҳо дар он минтақа анҷом мешаванд.

Ин таҳлил аз мавориди худкушиҳое, ки тули солҳои 2008 то 2010 дар шимоли Тоҷикистон сурат гирфтааст, иборат буда, ангезаҳои ин раванд бар пояи сӯҳбат бо 137 хонавода, ки аъзоёни аз 12 то 24 солаи онҳо қасд ба ҷони худ кардаанд, муайян шудааст.

Омилҳои аслие, ки ҷавонону наврасонро ба ин амал таҳрик додааст, фишори равонӣ, мушкили иқтисодӣ, издивоҷи маҷбурӣ, муноқишаи хонаводагӣ ва муҳаббати беҷавоб будааст.

Яке аз боризтарин ҳодисаҳои қасд ба ҷони худ кардан худро ба дарё андохтани ҷавондухтари 22-сола дар шаҳри Хуҷанд буд, ки дар ҳолати ваҳим аз об берун оварда шудааст. Ин ҷавондухтар сабабаи ба чунин амал даст заданашро дар моҷарои хонаводагӣ рабт додааст ва гуфтааст, аз ин зиндагӣ дилсард шудаву ягона роҳи наҷот аз издивоҷи маҷбуриро дар худкушӣ дидааст. Ӯ бо ин роҳ хостааст норозигии худро нишон бидиҳад ва бо ҳамин васила аз наздикони худ интиқом бигирад.

Зимнан, ин аз камтарин чунин мавридҳои зинда мондани як нафар пас аз ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ӯ ба ҳисоб меравад.

Гулнора Гулмирзоева, равоншиноси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия зимни муаррифии ин пажӯҳиш гуфт, дар ин давра мизони худкушӣ миёни ҷавонони 15 то 19-сола шасту се дарсад афзуда, бештари мавориди худкушӣ дар ноҳияи Ашт ба назар расидааст. Хонум Гулмирзоев афзуд, «бо истифода аз руйхати ба ҳисобгирии аҳолӣ, ки соли 2010 анҷом шуда буд, дар вилояти Суғдин сатҳи солонаи худкушӣ, 11, 2 дар ҳар 100 ҳазор ҷавони 12 то 24 соларо ташкил медодааст. Сатҳи худкушии духтарон 11, 7 ва писарорн 10,6 ба ҳар 100 ҳазор нафар барорбар будааст.Тибқи таҳлил 90 дарсади худкушиҳо, тариқи худовезӣ, 80 дарсад бо истифодаи доруворӣ ва 65 дарсад тариқи ғарқшавӣ, 30 дарсад бо роҳи худсӯзӣ ва 28 фисад ҳаво додан аз баландӣ анҷом гирифтааст.»

Гулнора Гулмирзоева мегӯяд, нафароне, ки қасд ба ҷони худ кардаанд, як моҳи пеш аз ин амал атрофиёнро ба гунае ҳушдор додаанд. Аммо тавре таҳлил нишон додааст, аксран волидайн ва атрофиён тасмими онҳоро ҷиддӣ қабул накардаанд ва барои шунидани дарди онҳо, ҳозир нашудаанд. Тавре маълум шудааст, бештари ин ҷавонон дар пайи истеҳзои атрофиён ба андому сурат, ишқи ноком ва тафовути зиёди дигар аз ҳамсолони дорои худ тасмим гирифтаанд ба зиндагии худ нуқта гузоранд.

Ниссо Қосимова, як маъсули барномаҳои ЮНИСЕФ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2006 дар сартосари кишвар марказҳои тиббиву машваратиро таъсис додаанд, ки 11 дарсади муроҷиати ҷавонону наврасон марбут ба муноқишаҳои онҳо бо волидайн будааст. Хонум Қосимова мегӯяд, ин қишр бо вуҷуди он, ки нерӯи кофиро барои рушди шахсият доранд, аммо ба маҳзи вобастагии иқтисодӣ, фишору маҳдудиятҳо аз сӯи волидайн ва вуҷуди пасти афкори интиқодӣ, ҳангоми қабули ин ё он тасмим, онҳоро дар як бунбасти равонӣ қарор медиҳад. Хонум Қосимова афзуд, «мо медонем, ки дар оилаҳои аксран назари кӯдак ба инбоат гирифта намешавад, ва тиби анъанаҳои мо кӯдак ҳаққи ибрози андешаи худро надорад. Ва суоле, ба миён меояд, ки чигуна мешавад ҳамин мушкилро ва ихтилофро аз байн бурд. Бояд малакаи кӯдакон дар заминаи қабули қарор, рушди афкори интиқодӣ ва мутобиқ шудан дар шароитҳои мухталиф рушд дода шавад. Зеро вақте кӯдак роҳи бурунрафт аз мушкилоти худро пайдо намекунад, дар худ қулф мезанад ва билохира қасд ба ҷони худ мекунад.»

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Қуддусов, раҳбари маркази назрсанҷии «Соцсервис» мегӯяд, ҳарчанд ин пажӯҳиш тавонистааст омилҳои аслии қасд ба худкушӣ кардани ҷавонону наврасонро рӯшан намояд, вале ҳалли амалии ин мушкилотро нишон намедиҳад. Вай гуфт, «вазъи вазнини иқтисодӣ асосан аз бекорӣ сар мезанад. Мо дар кившар хадамоти давлатии шуғли аҳолӣ дорем, ки ба он метавонанд ҳар як хоҳишманд муроҷиат кунанд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо 20 дарсади бекорони воқеъӣ ба ин хадамот муроҷиат мекунанд. Яъне ин пажӯҳиш метавонист кори ин хадамотро барои мардум тарғиб кунад, то ин ки онҳо барои ҳалли мушкилоти иқтисодияшон аз кӯмаки онҳо истифода баранд. Вале вақте мо мебинем, ки яке аз манбаҳои аслии муроҷиат дар ҳолати худкушӣ ин домуллоҳои масҷид ҳастанд, онҳо дар ин соҳа умуман мутахассис нестанд.»

Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, омори худкушии ҷавонону наврасон дар Суғд аз сӯи додситонӣ дарёфт шудааст ва аксаран хонаводаҳое, ки узви онҳо даст ба чунин амал мезананд аз ифшо кардани ин ҳодисаҳо, худдорӣ мекунанд. Бо ин ҳама тибқи омор расмӣ, соли ҷорӣ дар ин минтақа 22 нафар қасди ҷони худ кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, 8 нафар камтар будааст.

Зимнан, оморҳои расмӣ ҳокист, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 458 нафар худкушӣ кардаанд. Аммо дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ бошад, 173 нафар, ба шумули 87 зан ва 16 тифл даст ба худкушӣ задаанд.

Ин пажӯҳиш ба ибтикори ЮНИСЕФ ё Барномаи кӯдакони СММ ва бо дархости мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон миёни кӯдакони 12 то 24-сола сурат гирифтааст. Аммо дастандаркорони ин пажӯҳиш мегӯянд, ки дар анҷоми ин таҳқиқот, Донишгоҳи Колумбиаи ИМА ва донишгоҳҳои Тоҷикистон, ба хусус Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, Донишгоҳи Миллӣ ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, саҳм гирифтаанд.

Мубтакирони ин пажӯҳиш мегӯянд, ки бар пояи сӯҳбатҳо бо пайвондони кӯдакон ва наврасоне даст ба худкушӣ задаанд ва онҳое, ки он афродро мешиносанд, ин гузоришро омода намуда ва ангезаҳои даст ба чунин амал задани онҳоро муайян кардаанд
XS
SM
MD
LG