Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз Русия... Тафтиши муҳоҷирон дар Қазоқистон сахттар шудааст


Боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Алмато, моҳи октябри 2023
Боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Алмато, моҳи октябри 2023

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон рӯзи 7-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки дар пайи ҳодисаи Маскав санҷишу боздошт ва ихроҷи зодагони Тоҷикистон дар ин кишвар низ афзудааст.

"Инҷо вазъияти тоҷикон хуб нест. Амалиёт гузаронда, бисёриҳоро меронанд. Ҳатто чанд нафаре, ки иҷозаи муваққатии иқомат доштанд, низ боздошту ихроҷ карда шуданд," – гуфт яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба шарти фош нашудани номаш. Ин мусоҳиби мо ба камияш шаш сол боз дар Қазоқистон кору зиндагӣ дорад.

Пулиси Қазоқистон рӯзи 5-уми майи имсол гузориш дод, ки дар натиҷаи як амалиёт кори ғайриқонунии 19 хориҷиро ошкор кард. Ба иттилои расмӣ, ҳафт нафари онҳо аз Узбекистон ва боқимонда аз Тоҷикистон будаанд.

"Маълум гардид, ки дар шаҳри Сатпаев бе иҷоза ва бе санад кор мекарданд ва маҷбурӣ аз ҳудуди кишвар ронда шуданд," -- гуфта шудааст дар эъломияи пулиси Қазоқистон.

Мақомоти Тоҷикистон санҷиши муҳоҷирон ва сахттар шудани чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳои Қазоқистон тасдиқ карданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май аз сокинон хост, "пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ дошта бошанд".

"Ҳангоми пурсишу тафтиш ... шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба саволҳои вобаста ба мақсади сафар, замони истодан (будубош), ҷои истиқомат, робитаҳои хешовандӣ ва дӯстӣ доштан бо сокинони Қазоқистон мушаххас ҷавоб дода, дар сурати зарурӣ суроғаи истиқоматӣ ва рақамҳои телефони онҳоро барои тамос пешниҳод намоянд," – гуфта шудааст дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар тақрибан даҳуним ҳазор нафар гуфта мешавад. Тоҷикон дар Қазоқистон асосан дар бозор ва сохтмон кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG