Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми сартароше, ки сардори маҳбасро бо қайчӣ кушта буд, бекор шуд


Умед Тешаев

Умед Тешаев

Додгоҳи Олии Тоҷикистон 30 сол ҳукми зиндони қотили сардори маҳбасхонаи Кӯлобро «сабук» дониста, онро бекор кардааст.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон баъд аз баррасии ҳукми Умед Тешаев, ки ҳангоми сартарошӣ бо 18 зарби қайчӣ сардори маҳбасхонаи Кӯлоб, Умар Қаюмовро кушта буд, ба натиҷае расид, ки ҳукми 30 соли зиндон барои ин ҷиноят кофӣ нест ва парвандаро ба таҳқиқи дубора фиристод. Ин ҳукм 8-уми апрели соли равон аз тарафи Додгоҳи вилояти Хатлон содир шуда, ҳанӯз ҳамон вақт сабаби эътирози наздикони Қаюмов шуда буд.

Зоҳиран ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон бо шикояти пайвандони сардори маҳбасхонаи Кӯлоб бекор карда шуд. Сайёд Қаюмов, писари Умар Қаюмов дар як сӯҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нест ва хоҳиш дорад, ба қотили падараш ҳукми абад дода шавад.

Ӯ гуфта буд, "ман ба ин ҳукми додгоҳ розӣ нестам. Ба қотил бояд ҳукми паррон ё қатл дода мешуд. Аммо ҳоло, ки ҳукми қатлро аз байн бурдаанд, бояд нисбати вай ҳукми ҳабси абад таъин мегардид. Зеро вай ду куштори бераҳмона кардааст."

Аммо Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили дифои Умед Тешаев мегӯяд, зерҳимояааш дорои бемории рӯҳӣ аст ва дар ҳолати шиддати беморӣ ба ин кор даст задааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки онҳо аз сӣ сол ҳукм гирифтани Тешаев розӣ нестанд, боз додгоҳ мехоҳад, ҳукмро дигар кунад. Раҷабов мегӯяд, дар ҳоле, ки Додгоҳи олӣ 30 солро ҳукми «сабук» хондааст, дигар намедонад, ки аз ин бештар ҷазои сангин дар қонунгузории Тоҷикстон чӣ гуна ҷазое вуҷуд дорад.

Умед Тешаев дар як дӯкон дар Кӯлоб ба ҳайси сартарош кор мекард. Рӯзи 29-уми августи соли 2013 ӯ барои куштани Абдурасул Алиев бо 54 зарби корд боздошт шуд ва баъдан 17,5 сол зиндонӣ шуд. Аммо16-уми феврал дар дохили зиндон вақте, ки сардори маҳбас аз ӯ хоҳиши ба тартиб даровардани мӯйи сар мекунад, ӯро низ бо 18 зарби корд ба қатл мерасонад.

Наздикони Тешаев мӯътақиданд, ки ӯ гирифтори бемории рӯҳӣ ҳаст ва бояд табобат бигирад, аммо додгоҳ дар баррасии охири парвандааш, ӯро солим дониста, барои содир кардани ду ҷиноят дар маҷмӯъ 30 сол ҳукми зиндон дод. Наздикони Умар Қаюмов, ки 15 соли собиқаи корӣ дар зиндони Кӯлобро дошт, ҳукми ҳабси абади Тешаевро талаб доранд.

Умар Қаюмов хатмкардаи факулати забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва мактаби олии ҳуқуқшиносии вазорати корҳои дохилии Узбакистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соли 1988 хатм намуда ва беш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳо кор кардааст. Тайи тақрибан 15 соли охир ӯ сардори маҳбаси Кӯлоб буд. Полковник Умар Қаюмов, ки 65 сол дошт, мебоист ҳанӯз соли гузашта бознишаста мешуд, аммо бо дарназардошти хизматҳои шоистааш аз ӯ хостаанд, ба кораш идома диҳад.

Наздикони Умед Тешаев мегуянд, ки пас аз ҳодисаи қатли сардори маҳбас Умед Тешаев мавриди шиканҷа қарор гирифтааст. Бахтиёр Эргашев, тағои Умед Тешаев гуфт, баъди ин ҳодииса ӯро дар маҳбас таҳти шиканҷа қарор дода, сахт латукӯб ва гӯши чапашро чок кардаанд. Вай афзуд, ки имрӯз эътилофи зидди шиканҷа ва Дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Душанберо аз ин қазия дар ҷараён гузоштаанд. Аммо муфаттишони парванда шиканҷа шудани Тешаев ва чок задани гӯши ӯро дур аз воқеъият хонда, рад мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG