Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар як хобгоҳи муҳоҷирон дар Маскав


Як гурӯҳи корбарони Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфтанд, шоми 26-уми апрел хобгоҳи муҳоҷирони корӣ дар кӯчаи Подъемний переулок оташ гирифтааст.

Як гурӯҳи корбарони Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфтанд, шоми 26-уми апрел хобгоҳи муҳоҷирони корӣ дар кӯчаи Подъемний переулок оташ гирифтааст. Сабаби сар задани сӯхтор маълум нест, ва, хушбахтона, ҳеҷ касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ё дигарҳо дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Муҳоҷирон бо ирсоли аксу навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин хобгоҳ беш аз 300 коргари хориҷӣ, аксаран тоҷикон зиндагӣ мекардаанд. Дар паи сӯхтор шаб маҷбур шудан дар кӯча бимонданд ва ҳоло ҷои хобе надоранд.

Дар наворҳое, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки сӯхтор дар ошёнаи дуввуми хобгоҳ сар зада мошинҳои оташнишонӣ сӯхторнишонӣ оташро хомӯш мекунанд. Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, сӯхтор аз як ҳуҷраи хобгоҳ сар шуда ба дигар ҳуҷраҳо гузаштааст.

Мақомот расман сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари онро то ҳол шарҳ надодаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG