Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фарёди ду хоҳар аз ду сӯи Панҷ (ВИДЕО)


Акси хонаводагии Зӯҳро Саидбурҳонова ва Мағфират Зуҳурова

Акси хонаводагии Зӯҳро Саидбурҳонова ва Мағфират Зуҳурова

Дар ҳоле ки ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон наздик мешавад, сокинони кишвар сарнавиштҳои худро дар ин муддат қисса мекунанд.

Хоҳарон Зӯҳро Саидбурҳонова ва Мағфират Зуҳурова, сокинони ноҳияи Бохтар ва Сарбанди вилояти Хатлон, дар оғози истиқлол зиндагии оромона доштанд. Аммо шурӯи ҷанги дохилӣ онҳоро аз ҳам ҷудо кард.

Мағфират Зуҳурова дар суҳбати видеоӣ бо Озодӣ гуфт, ки аслан дар фикраш набуд, як рӯз аз хоҳари худ ҷудо мешавад ва солҳо дидорашро намебинад. Зӯҳро Саидғуфронова, хоҳари Мағфират, дар оғози ноамниҳо дар минтақаи Қӯрғонтеппа худро ба марзи Афғонистон расонд ва баъдан тавассути қаиқҳои худсохт ба он сӯи Омӯ гузашт.

Нақли Зӯҳро Саидбурҳонова ва Мағфират Зуҳурова:

"Як намози шом занозанӣ ва ҷанг сар шуд. Мо ба мошини боркашон савор шуда, ба Қумсангир (Ҷайҳун) рафтем. Дар онҷо чор моҳ истода, соли навро гузарондем, ки онҷо низ нооромӣ шуд. Баъд ба тарафи марз рафтем ва онҷо тавассути қаиқҳои худсохт ба Афғонистон гузаштем," - нақл кард ӯ. Зӯҳро Саидғуфронова мегӯяд, ҷудоӣ аз хешу табор барояш гарон буд ва ҳамеша ба хотири наздиконаш, ки дар ватан буданд, ташвиш дошт.

Зӯҳро Саидбурҳонова

Зӯҳро Саидбурҳонова

Вале як шеъре, ки баъдан тавассути хоҳараш Мағфират дар Радиои Тоҷикистон садо дод, зиндагии ӯву хонаводаашро ба таври мусбат тағйир дод. "Вақте ба Афғонистон расидам, дод задам. Дод задам, ки беватан шудам. Як афғон омад ва ба ман афлесун дод, ки инро бихӯр, модар. Гуфтам, заҳрро хӯрам, ки беватан шудам. Гуфт, ки ватани мо ватани Шумо ҳам аст, вале ман гуфтам, ки ватани ҳар кас ба худаш зеб дорад. Дар онҷо рисқамонро меёфтем ва мехӯрдем, аммо мегиристем, ки кай ба ватан бармегардем," - ба ёд овард ӯ.

Мағфират Зуҳурова мегӯяд, барномаи “Хоки Ватан”, ки пуле миёни гурезаҳои тоҷик ва наздиконашон дар ватан буд, ӯро ба хонаи радио бурд. Вай тавассути ин барнома ба хоҳараш Зӯҳро паём фиристод ва аз зинда буданашон хабар расонд.

Зӯҳро Саидғуфронова мегӯяд, ин паёми хоҳарашро аз радио шунида ва аз зинда будани наздиконаш хушҳолӣ кард. Баъдан ӯ низ тавассути баъзе фирориён, ки ватан бармегаштанд, ба хоҳараш нома фиристодааст: "Хурсандона, ин номаро ба наздиконам расонданд ва баъдан тавассути радио эълон карданд, ки моро дар совхози "Наврӯз" интизоранд. Инро аз радио шунида ва гуфтам, ки меравем. Баъд хестему омадем".

Мағфират Зуҳурова

Мағфират Зуҳурова

Ҳоло ин хоҳарон дар рустои Навободи Сарбанд ва Қизилшаҳри Бохтар оромона ба сар мебаранд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд баъди бозгашт ба ватан манзили худу ёронашонро вайрон ёфтанд, вале шабу рӯз заҳмат кашиданду ҳоло ҳам соҳиби манзил ҳастанд ва ҳам соҳиби кору замин. Онҳо мегӯянд, истиқлоли Тоҷикистон ба ивази қурбониҳои зиёд ба даст омадааст ва набояд ба осонӣ аз даст биравад.

Оташи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон баъди як соли мустақил эълон шудани кишвар аланга гирифт ва то моҳи июни соли 1997 идома кард. Дар ҷараёни ин ҷанг 90 ҳазор нафар аз Тоҷикистон гуреза шуда, бахши аъзами онҳо дар Афғонистон паноҳ бурда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG