Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зоиров: "Ҷаноби президент, иди ваҳдатро ба мардум баргардонед!"


Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ тайи як муроҷиатнома ба Эмомалӣ Раҳмон, "хостори ислоҳи вазъ" дар кишвар шудааст.

Дар ин муроҷиатномаи Раҳматилло Зоиров, ки рӯзи 15-уми июн дастраси Радиои Озодӣ шуд, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз омӯзиши ҳамаҷониба оид ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишвар, зурур шуморидааст, ки барои ислоҳи вазъ ба раиси ҷумҳур муроҷиат кунад. Дар муроҷиатномаи Раҳматило Зоиров аз ҷумла гуфта мешавад, ки "Тоҷикистон шадидан ба коҳиши ташаннуҷи вазъи геополитикӣ ва ба хусус сиёсати дохилӣ, ниёз дорад."

Ба гуфтаи оқои Зоиров, вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ ва идеологии Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дорад ва вазъи сиёсати геополотикӣ ва дохилии кишварро тира карда ва ҳатто хатти сиёсати берунаи кишварро то андозе аз масираш хориҷ карда ва ҷомеаи Тоҷикистонро ба ду лагер ҷудо кардааст.

Тавре дар муроҷиатнома омадааст, “як гурӯҳ худро ҳақ шуморида, даст ба сина мезанад ва бахши дигар “аз бало ҳазар” гуфта, хомӯширо пеша кардаанд”. Ба гуфтаи Зоиров, “ҳаводиси 2 соли ахири дохили кишвар, баёнгари ин нуктаҳост."

Ба эътиқоди Раҳматилло Зоиров, "дастоварди муҳими Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ин оштии миллӣ ва ҷашни Рӯзи ваҳдат мебошад, ки мо ифтихор мекардем, аммо имрӯз ин ид вуҷуд надорад.”

Ин аст. ки раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз раиси ҷумҳур хоҳиш кардааст, ки ин ҷашни миллиро ба мардуми Тоҷикистон ба шакли комил баргардонад: “Бо бовари том мегӯям, ки барои ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ ва барои он, ки ба мардум сулҳ бахшида шавад ва эътимод ба мусолиҳа бештар шавад, қадамҳои фаротари шаффоф ва инсонпарварона бояд гузошт.”

Аз ин хотир, Раҳматилло Зоиров пешниҳод кардааст, ки маҳкумшудҳое чун Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва фаъолони ҲНИТ, ки ба гуфтаи ӯ, шахсан ба ҷиноят даст назадаанд, ба муносибати 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар, афв шаванд.

“Ба шумо ҷаноби президент ҳамчун чеҳраи баландмақоми кишвар бо такя ба моддаи 64-и Қонуни асосӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунам, ки ба таври оҷил ташаннуҷи геополитикӣ ва вазъи сиёсати дохили кишварро коҳиш диҳед ва бар асоси ҳамкориҳои созанда, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллиро ҳамаҷониба ба мардуми кишвар баргардонед",- омадааст дар поёни ин мароҷиатнома.

Парвиз Мулоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки пешниҳодҳои Зоиров бештар ба садои "як мусофир дар биёбон" мемонанд. Дар робита ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июн баргузор мешавад ва Зоиров мегӯяд, ки ин ҷашни миллӣ бо асолати пешинааш баргардонида шавад, Парвиз Муллоҷонов ба ин ақида аст, ки "ҳоло дар Тоҷикистон ҳамчун як нерӯи муназзами мухолифин надорем".

Ӯ дар робита ба коҳиш додани ташаннуҷи вазъи геополитикӣ ва ба хусус сиёсати дохилӣ, ки Зоиров дар муроҷиатномаи худ ба президент матраҳ кардааст, гуфт, ки дар ҳақиқат арзишҳои демократӣ бояд дар кишвар рушд дода шаванд ва ба созмонҳо ва идораҳои ғайридавлатӣ имкони ҳамаҷонибаи фаъолият дода шавад.

Ин коршиноси тоҷик дар пайванд ба нуқтаназари Зоиров оид ба тақсими ваколатҳои президент гуфт, ки ин пешниҳодҳо нахустин нестанд ва тайи чанд сол аст, ки созмонҳои байналмиллалӣ таклиф мекунанд, ки тақсими қудрат дар Тоҷикистон ба таври пурра сурат бигирад: "Ҳоло парлумони Тоҷикистон нуфузи зиёд надорад. Бояд мавқеаш мустаҳкамтар бошад. Бо додани имконот ба парлумони кишвар, фазои демократӣ солим хоҳад шуд ва ба рушди иқтисоду иҷтимоиёти кишвар мусоидат хоҳад кард."

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ки Зоиров ҳуқуқшиноси шинохта аст ва ҳаққ дорад фикри худро баён дорад, вале дар мавриди ҷашни ваҳдати миллӣ як навъ миннатгузорӣ мекунад.

Раиси ҳизби демократи Тоҷикистон дар иртибот ба масъалаи тақсими ваколатҳои президент, ки Зоиров пешниҳод мекунад, гуфт, "набояд фаромӯш кард, ки имрӯз бо назардошти дар ҳоли гузариш ба арзишҳои демократӣ қарор доштани кишвар, чунин иқдом номумкин аст."

Ба гуфтаи Усмонзода, салоҳиятҳое. ки дар дасти президент ҳаст, ин масъулият аст ва ҷавобгариву пурсиш дорад: "Ба дӯши худ гирифтани салоҳиятҳо нишон медиҳад, ки президент дилсӯз аст ва мехоҳад соҳҳаҳои кишвар пурра рушд кунанд ва амният комилан барпо шавад."

Муроҷиати раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле сурат мегирад, ки то чанд рӯзи дигар дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Аммо таҷлил аз ин рӯз дар вазъе доир мешавад, ки бори аввал раҳбарону фаъолони як ҷониби сулҳ ё дар маҳбасанд ё дар ғурбат.

19 соли пеш - 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин имзо шуд ва ба ҷанги панҷсолаи тоҷикон хотима бахшид. Ин ҷанг ҷони тақрибан 150 ҳазор танро рабуда, ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар зиён овард. 27 июн дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG