Пайвандҳои дастрасӣ

Пулиси Туркия писари Қувватовро бо қотилони эҳтимолӣ рӯ ба рӯ кард


Қумринисо Ҳафизова ва писараш Абӯбакр

Қумринисо Ҳафизова ва писараш Абӯбакр

Хадамоти зидди террористии Туркия дар ҷараёни тафтиши қазияи куштори Умаралӣ Қувватов, писари 11-солаи ӯ Абубакрро бо қотилони эҳтимолӣ рӯ ба рӯ кардааст.

Гурӯҳи бозҷӯии бахши зидди терроризми пулиси Истанбул Абубакр – писари 11-солаи Умаралӣ Қувватовро бо се нафари гумонбар дар қатли падараш рӯ ба рӯ кардааст.

Қумриннисо Ҳафизова -- ҳамсари раҳбари кушташудаи “Гурӯҳи 24” рӯзи 10 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин рӯбарӯкунӣ аз нимаи дуюми рӯзи душанбе то субҳи сешанбе идома карда, дар заминаи таҳқиқи қатли Умаралӣ Қувватов сурат гирифтааст. Ӯ афзуд, дар ин рӯбарӯкунӣ бо афроди гумонбар дар паҳлӯи писараш набуд.

Аммо ба нақли Абубакр Қувватов, кормандони пулис се мардро ба ӯ нишон дода ва пурсидаанд, ки оё кадоме аз онҳоро мешиносад ва агар шиносад, онҳоро дар куҷо ва дар кадом ҳолат дидааст. Абубакр гуфтааст, дар баробари Сулаймон Қаюмов, инчунин, як марди дигарро шинохтаст, ки “эҳтимол ба қотил монанд буд”. Айни замон исми гумонбарон, шаҳрвандии онҳо ва ҷузъиёти дигари марбут ба ҳувияташон маълум нест.

Аз ин пеш, матбуоти Туркия хабар дод, ки ба дунболи Сулаймон Қаюмов боз ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Умаралӣ Қувватов боздошт шудаанд. Ин се нафар, ба навиштаи нашрияҳои Туркия, дар лаҳзаи куштор дар саҳнаи ҷиноят будаанд – яке дар камин буда, дигаре дар хона онҳоро заҳр додааст ва сеюмӣ ба сӯи Қувватов тир кушодааст. Матбуоти Туркия бо такя ба манобеи худ навиштанд, ин се нафар куштори раҳбари "Гурӯҳи 24"-ро ба хотири пул анҷом додаанд.

Қумриннисо Ҳафизова ҳамчунин гуфт, қабл аз маросими хоксупории ҳамсараш барои охирин бор ҷасадашро аз наздик дидааст. Ӯ мегӯяд, тири қотил аз пушт, аз ноҳияи сараш ворид шуда, аз пешонааш хориҷ гардидааст.

Умаралӣ Қувватов, аз мунтақидони шадидлаҳни ҳукумати Тоҷикистон, шаби 5 ба 6 март дар шаҳри Истанбул аз тири туфанги шахси ношиносе кушта шуд. Ин ҳодиса чанд лаҳза баъд аз он рух дод, ки Қувватов ҳамроҳ бо ҳамсар, ду муҳофиз ва ду писари хурдсолаш (Усмони 6-сола ва Абубакри 11-сола) аз меҳмонии Сулаймон Қаюмов, марди 30-солаи зодаи ноҳияи Восеъ ва аз нафарони ворид ба доираи Қувватов берун шуданд. Баъди куштор ҳамаи онҳо ба касалхона бо нишонаҳои заҳролудшавии бадан интиқол ёфтанд.

Дар ҳоле ки тарафдорони Қувватов куштори ӯро бо фаъолиятҳои сиёсиаш рабт медиҳанд, пулиси Истамбул аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ мекунад. Ҳамасари Қувватов ба матбуоти Туркия гуфтааст, хадамоти амниятии Тоҷикистон дар марги шавҳараш даст доранд. Аммо Абдулфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, Қувватов барои ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди пайгарди қонун қарор дошт ва “касе ба куштори ӯ манфиатдор набуд”.

Соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов чор сол пеш аз Маскав дар бораи мухолифаташ бо ҳукумати Тоҷикистон хабар дод ва наздикони президентро барои азхудкунии тиҷорат ва сарвати бисёрмиллиондолларааш гунаҳкор хонд. Ӯ гуфт, фаъолияти оппозитсионии худро дар чаҳорчӯби созмони “Гурӯҳи 24” роҳандозӣ мекунад ва ҳадафи ниҳоиаш сарнагун кардани ҳукумати Тоҷикистон аст.

9 октябри соли 2014 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро чун як ташаккули экстремистии сиёсӣ мамнӯъ кард ва то ҳол чандин нафарро барои узвият дар ин созмон ба ҷавобгарӣ кашид. Моҳи феврал Умедҷон Солиҳов, як муҳоҷири тоҷик барои узвият дар “Гурӯҳи 24” ва ширкаташ дар митинги зидди ҳукумати Тоҷикистон дар Новосибирк ва иттиҳомоти дигар ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд. Худи Солиҳов ин иттиҳомро рад кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG