Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти қатли Умаралӣ Қувватов аз забони ҳамсараш


Қумриниссо Ҳафизова мегӯяд: "Намедонам куҷо равам ва чӣ кор кунам."

Қумриниссо Ҳафизова мегӯяд: "Намедонам куҷо равам ва чӣ кор кунам."

Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, чӣ гуна кушта шудани шавҳарашро нақл кард.

Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи Гурӯҳи 24 дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳарашро дар пеши чашми фарзандони хурдсолаш куштаанд. Ӯ рӯзи 7-уми март баъди ҷавоб шуданаш аз бемористон чӣ гуна сурат гирифтани сӯиқасдро нақл кард ва гуфт, ҳодиса аз меҳмонии Сулаймон Қаюмов, яке аз рафиқони шавҳараш дар маҳаллаи Оқсаройи Истанбул шурӯъ шудааст. Ба гуфтаи Қумриниссо Ҳафизова, шарбату ёгуртҳое, ки мизбон барои фарзандонаш оварда буд, таъми ғайриоддӣ ва бисёр талх дошт ва дар муддати кӯтоҳ ҳолашонро бад кард:

“Сокҳо бисёр талх буданд. Ман ба даҳонам задам, бисёр талх буд. Вақте ба шавҳарам гуфтам, гуфт, ки мӯҳлати истифодаашро бин, шояд гузашта бошад. Ман дидам, гуфтам, ки не нагузаштааст. Писари калониам гуфт, ки канӣ ман хӯрам оча, сок талх аст, ё мумкин даҳони шумо талх бошад. Ӯ ҳам каме хӯрд ва гуфт, ки талх аст, падараш ҳам хурд ва гуфт бисёр талх аст. Вале писари хурдиам гуфт, ки ман аз шумо зӯр ҳастам, ман “человек паук” ҳастам ва як бакалро пур кард ва хӯрд. Писари хурдиам зуд аз по афтод, баъди ӯ ман аз по афтодам, оҳиста-оҳиста ҳамаамон шудем. Умаралӣ (ба Сулаймон) гуфт, ки ту ба мо заҳр додӣ, ту ҳамаи моро куштан мехоҳӣ. Баъд хесту гуфт, ки аз хона бароед, дасти маро гирифт, дасти кудаконро гирифт ва аз хона баромадем.”

Қумриниссо Ҳафизова, ки зимни нақли ин ҳодиса беист мегирист, дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки қатли шавҳараш дар як кӯчаи торики Истанбул тавре сурат гирифт, ки касе пай набурд:

“Гуфтем, ки то хонаро худро расонда баъд, мошини ёрии таъҷилӣ даъват кунем, вале дар роҳ ман ва писари хурдиам дигар маҷоли роҳ рафтан надоштем ва моро ба замин шинонданд. Умаралӣ дасти маро гирифта буд, ки ман наафтам, сумкаҳои моро гирифта буд. Писари калониам дасти дигарамро гирифта буд, рӯяшро тарафи падараш гардонд ва ногаҳон дод зад ва ман баъди овози ӯ дидам, ки шавҳарам афтодааст.“

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қотил зоҳиран бо таппончаи бесадо шавҳарашро кушт, зеро садои тир баланд набуд. Қумриниссо Ҳафизова қотилро ҳам надидааст: “Мо он нафарро тамоман надидем. Вақте шавҳари ман афтод, пешониаш сӯрох буд, сарашро бардоштам ва дод задам, ки духтур даъват кунанд. Бадани шавҳарам гарм буд, он вақт. Вақте маро ба беморхона бурданд ва ман ба ёд омадам гуфтанд, ки аз паси сараш тир задаанд.“

Қумриниссо Ҳафизова мегӯяд, ки сари шавҳарашро рӯи зонуяш гузошт ва фарёд кашид, ки мошини ёрии таъҷилиро даъват кунанд ва мошини пулис ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳам тақрибан баъди 5 ё 10 дақиқа ба маҳалли ҳодиса расиданд ва худи ӯву фарзандонашро ба бемористон бурданд. Ҳамсараш лаҳзаҳои охирини аз по афтодани Умаралӣ Қувватовро чунин нақл кард: “Чизе нагуфт, чашмонаш пӯшида буд, якпаҳлӯ хоб буд, фақат пешониш метофт, хунаш мерафт, на даст ва на пояҳояш ҳаракат намекард. “

Суҳроб Тураев яке аз шоҳидони дигари ҳодиса низ шоми 7-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳам баъди хӯрдани шӯрбо комилан аз ҳуш рафтааст ва аксарият, ки онҷо буданд, баъди истеъмоли хӯрок дар меҳмонӣ, дуруст гап зада наметавонистанд ва забонашон мегирифт. Ба ин суол, ки чаро фавран мошини ёрии таъҷилиро даъват накардед, Сӯҳроб Тӯраев гуфт, раҳбари Гурӯҳи 24 нахостааст, ки дар ин хона бимонад, зеро ба қавли Умаралӣ Қувватов “ҳамаашонро дар он хона мекуштанд”. Сӯҳроб Тӯраев мегӯяд, Сулаймон Қаюмов, ҳамаи онҳоро барои оши худоӣ ва панҷсолагии даргузашти падараш даъват карда будааст.

Мақомоти амниятии Туркия барои тафтиши қатли Умаралӣ Қувватов, ҳамсарашро ба идораи пулис даъват кардаанд ва Қумриниссо Ҳафизова мегӯяд, ки дар бораи ҳодисаи кушта шудани шавҳараш ва олуда шудани худу фарзандонаш ба онҳо баёнот додааст. Касе аз мақомоти амниятӣ ҳам ба хона барои бозпурсӣ наомадаанд: “Не то ҳол наомадаанд, то ҳозир наомадаанд. Ман аз беморхона баромадам, дар мошини пулис рафтам, дар бораи шавҳарам навиштам, ки ман ҷабрдида ҳастам, ҳамингуна ҳодиса гузашт. Дар бораи шавҳарам баёнот додам, ки чӣ хел паронданд, дар бораи кудаконам, ки чӣ хӯрданду чӣ нахӯрданд, то хона ба таксӣ омадам, гуфтанд, ки мо ҳамин қадар кӯмак карда метавонем.”

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов гуфт, танҳо ба се хотири духтараш, ки дар хона танҳо будаанд, шифохонаро тарк кардааст ва баёнот ҳам додааст, ки дар сурати бадтар шудани саломатӣ ва ё чизи дигар табибонро гунаҳкор намекунад. Қумриниссо Ҳафизова дар идомаи сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоли писарони заҳролудшудааш беҳтар шудааст, вале онҳо то замони шифои комил ёфтан дар бемористон мемонанд:

“Писари калониам беҳтар шудааст, писари хурдиам ҳоло ҳам ба худ омада наметавонад. Ман аввал пеши пулис рафтам гап задам, баъд пеши писаронам, писари хурдиам то дирӯз, ки ман дида будам, ба ёд наомада буд. Беҳол аст, дар ҳолати хоб аст, фақат дар зери капел аст, писари калониам ба ёд омадааст.”

Ҳоло табибон маълум накардаанд, ки аъзои хонаводаи Умаралӣ Қувватов аз кадом моддае заҳролуд шудаанд, вале ба Қумриниссо Ҳафизова гуфтаанд, ки “агар шумо берун намеомадед, то саҳар ҳамаатон ҳалок мешудед”.

Қумриниссо Ҳафизова, дар ин ҳодиса ҳукумат ва мақомоти амниятии Тоҷикистонро муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки дар гузашта ба ӯву шавҳараш таҳдидҳо сурат гирифтааст. Қумриниссо Ҳафизова афзуд, ки дар гузашта ба ӯ паёмҳое дар Фейсбук гузоштаанд, ки роҳи пешгирифтаи шавҳарашро ҷонибдорӣ накунад. Ӯ гуфт, иддаоҳо дар бораи қарздории шавҳараш ва ё барои муомилаҳои тиҷоратӣ кушта шудани ӯ асос надорад: “Не аз ягон кас қарздор набуд. Шавҳари ман дар зиндонҳо буд, ман аз ягон кас барои адвокатҳои шавҳарам пул нагирифтам. Шавҳари ман аз ягон кас қарздор набуд, фақат як нафар намедонам, аз куҷо баромадагӣ буд, инашро ҳам ба шумо бигуям, ки дар вақти зиндон шудани Умаралӣ бо ҳамин силоҳ ришакӣ баромад карда дар Ютюб гузошта буд, ки мо Умаралиро худамон нест мекунем.”

Қумриниссо Ҳафизова мегӯяд, Сулаймон Қаюмови 30-сола ва шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бино ба гузоришҳо мумкин аст, дар қатли шавҳараш даст дошта бошад, хуб намешинохт, вале шавҳараш ба ӯ эътимод дошт ва бо ҳам дар як масҷид намоз мегузоштанд ва Сулаймон меҳмони онҳо низ шудааст: “Шавҳари ман, ки марди худотарсе буд, ба ӯ бовар мекард, мегуфт бачаи хуб аст. Ман мегуфтам, ки ба одамон бисёр бовар накун, ҳамаро ба хона даъват накун, барои онкӣ ҷони ту дар хатар аст. Мегуфт, ки ин бачаи даст ба хайр аст, садақа мекунад, ман ба инҳо боварӣ дорам.”

Хонаводаи Умаралӣ Қувватов, ки худи ӯ баъди раҳоиаш аз зиндони Дубай ба Туркия омад, дар ин кишвар дар дафтари Созмони Милал барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ ариза дода будаанд ва ба гуфтаи Қумриниссо Ҳафизова, се рӯз пеш аз марзи Умаралӣ Қувватов ба дафтари Созмони Милал дар умури паноҳандагон барои баррасии ин масъала рафта буданд: “Мо бояд як ҳафта пас мерафтем дар шаҳри Билеҷӣ гуфтанӣ шаҳри Туркия, дар қайд мемондем, ки як ҳафта ҳам нагузашта се рӯз пас, шавҳари маро паронданд.”

Ҷасади шавҳараш ҳоло дар сардхона будааст ва ӯ мегуяд, ҳоло ба қароре наомадааст, ки ӯро барои дафн ба Тоҷикистон фиристанд, ё не. Қумриниссо Ҳафизова мегӯяд, танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад ва намедонад, ки сарнавишти ояндааш чӣ мешавад: “Ҷони ману фарзандони ман ҳам дар хатар аст, ман намедонам, чӣ кор кунам.”

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватови 47-сола, роҳбари "Гурӯҳи 24"-ро шаби 5 ба 6 март дар маҳаллаи Оқсарои Истамбул ба сараш тир зада куштанд. Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, чор соли пеш Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт, вале пас аз чанд муҳокима дар додгоҳ озод шуд.

Дертар дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта Қувватову се ҳамроҳашро дар Истамбул дастгир карданд ва мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, аз Туркия истирододи ӯро дархост кардаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 январи соли ҷорӣ гуфта буд, “дар ин дархост куллия ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов сабт шуда”, аммо тасмими истирдод ба дасти мақомоти Туркия аст. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ ва фаъолияти онро дар кишвар мамнӯъ эълон кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG