Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сохтани роҳи Чин-Қирғизистон-Узбекистон октябр сар мешавад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфт, ки сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар моҳи октябри имсол шуруъ хоҳад шуд. Вай дар ин бора рӯзи 6-уми май хабар дод.

Ба гуфтаи Ҷабборов, ҳоло Қирғизистон аз ҷиҳати ҳамлу нақл дар "бунбаст" қарор дорад ва барои рафтан ба кишварҳои дигар аз роҳҳои оҳани Русияву Қазоқистон истифода мебарад.

"Вақте ки роҳи оҳан сохта шуд, метавонем ба ҷаҳон бароем. Ин роҳи худи мо хоҳад буд", - гуфт Ҷабборов.

Искандар Шаршеев, иқтисоддон ва таҳлилгар дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, роҳи оҳан ба Қирғизистон фоидаҳои иқтисодии зиёд меорад. Барои мисол, робитаҳои нақлиётии Қирғизистонро бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқи Осиё, инчунин Аврупо тақвият мебахшад. Ба илова, тарҳи мазкур ҷойҳои нави корӣ муҳайё мекунад.

Бо ин вуҷуд таҳлилгар мегӯяд, бе кумаки сармоягузорони бузурги ҷаҳониву минтақаӣ, инчунин, ёрии ниҳодҳои молӣ Қирғизистон аз уҳдаи сармоягузории сохтмони ин роҳ намебарояд.

Арзиши ин тарҳ 4,7 миллиард доллар аст.

XS
SM
MD
LG