Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯҳрат Қудратовро бо Амиралӣ Суламаев рӯ бар рӯ карданд


Шӯҳрат Қудратовро рӯзи 24 июл дар боздоштгоҳи Оҷонсии зиддифасод бо Амиралӣ Суламаев рӯбарӯ кардаанд. Ин вакили мудофеъ ба он айбдор мешавад, ки зерҳимояаш Суламаевро ба додани пора ташвиқ кардааст.

Шоми 24 июл дар боздоштгоҳи Оҷонсии зидди фасод рӯбарӯкунии шоҳид бо Шӯҳрат Қудратов, ки чанд рӯз қабл ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуда буд, сурат гирифтааст. Раҳматулло Зоиров, вакили дифои Шӯҳрат Қудратов рӯзи 25 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз зерҳимояи вай бо як шоҳид дар боздоштгоҳи Оҷонсӣ дар ҳузури муфаттиш Умед Раҳмонов рӯбаӯ карда шуд.

Раҳматулло Зоиров афзуд, «ба суолҳое, ки ҳам Шӯҳрат Қудратов ва ҳам ман ба шоҳид медодем, муфаттиш Раҳмонов иҷозат намедод, ки вай озодона ҷавоб диҳад. Муфаттиш манъаш мекард ва шоҳид танҳо ба таври умумӣ Қудратовро гунаҳкор мекард.»

Раҳматуллоҳ Зоиров афзуд, ки ин тарзи муносибати муфаттиш хилофи Кодекси мурофиаи ҷиноӣ мебошад ва имрӯз шикояти худро дар мавриди муносибати нодуруст ва ғайриқонунии муфаттиши оҷонсӣ пешниҳод хоҳад кард.

Зоиров ҳамчунин афзуд, ки додгоҳи Фирдасӣ рӯзи панҷшанбе қарори худ дар бораи ҳабси 2- моҳаи Шӯҳрат Қудратовро содир кард ва дар ин муддат тафтишоти пешакии парвандаи Шӯҳрат Қудратов анҷом дода мешавад.

Шаби 23 июл шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон гузориши вижаи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар бораи Шӯҳрат Қудратовро ба намоиш гузоштанд. Дар ин навори видеоӣ лаҳзаи боздошти вакили мудофеъ ва узви раёсати ҳизби мухолифи сотсиал-демократро дар назди кадом боғи пойтахт ҳамроҳи се нафар, ки исмашон эълон нашуд, намоиш доданд. Тибқи ин навор Шӯҳрат Қудратов гӯё дар ҳоле боздошт шудааст, ки аз ҷайбаш маблағеро бадар мекард.

Мувофиқи гузориши Оҷонсӣ, Шӯҳрат Қудратов гӯё аз зерҳимояаш барои як додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ ришва гирифтааст. Дар навор гуфта мешавад, ки ин вакил аз коллегияи адвокатҳои «Сипар» Амиралӣ Суламаевро, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешуд, ба додани пора ба додрас Низомов А.Ш. моил кардааст.

Аммо Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл, дар рӯзи боздошташ ҳангоми бозҷӯии дафтари кории ӯ дар бинои "Соҳибкорон" аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди коррупсия ба хабарнигорон гуфт, ки пора нагирифтааст.

Шӯҳрат Қудратов дар чандин парвандаи пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.

XS
SM
MD
LG