Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамсари Ш.Қудратов: "Мақомот компютер, телефони мобил ва санадҳоеро бо худ бурданд"


Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шӯҳрат Қудратов.

Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шӯҳрат Қудратов.

Талошҳои пайвандони вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов барои мулоқот бо ӯ бенатиҷа анҷом ёфтаанд..

Чанд нафар аз пайвандони вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов барои мулоқот бо ӯ ба Оҷонсии зидди фасод рафтаанд, вале то ҳол барояшон чунин иҷоза дода нашудааст. Ба худи вакили дифоъ ҳам имкон надодаанд, ки бо як занги телефон аҳли хонаводаашро аз қазияи худ огоҳ кунад.

Дар ин байн кормандони Оҷонсӣ манзили Қудратовро кофтуков кардаанд. Гулафрӯз Қурбонова, ҳамсари Шӯҳрат Қудратов, сешанбеи 22-юми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ, гуфт, ӯ ҳанӯз намедонад, ки бо кадом гуноҳ шавҳарашро боздошт кардаанд.

Ба қавли хонум Қурбонова, соати 12:00-и рӯзи душанбеи 21-уми июл ҳудуди 10 нафар аз кормандони Оҷонсии зидди фасод бидуни нишон додани дастури кофтуков вориди манзили истиқоматии онҳо шуданд. Ӯ мегӯяд, ки он лаҳзаҳо ба ҷуз ӯ ва се фарзанди ноболиғаш каси дигаре дар хона ҳузур надоштааст.

Ҳамсари Шӯҳрат Қудратов афзуд, ки кормандони Оҷонсӣ тамоми хонаро кофтуков намуда, ҳама пул ва чанде аз васоил, аз ҷумла компютер, телефонҳои мобилӣ ва ҳуҷҷатҳои Шӯҳратро бо худ бурдаанд: «Ҳамаи пулҳоямро гирифта бурданд ва то ҳол дар дастам чизе надорам, ки барои фарзандонам бихарам ва онҳо ду рӯз ба ин тараф гурусна ҳастанд».

Пайвандони Шӯҳрат сабаби боздошти ӯро дар ошкоро баён кардани андешаҳояш медонанд. Бунафша Нуралиева, хоҳари Шӯҳрат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби асосии дастгир шудани бародараш маҳз ошкорбаёнӣ ва парвандаи Заид Саидов аст: «Дирӯз кормандони Оҷонсии зиддӣ фасод бо роҳбарии Фахриддин Бозоров хонаҳоро кофтуков карда, ҳама дороияшонро гирифта бурданд. Ҳатто нагузоштанд шоҳидонро аз ҷониби ҳамсояҳо даъват кунем. Гуфтанд мо шоҳидони худамонро дорем».

Гулафрӯз Қурбонова мегӯяд, ки худ дӯзанда аст, падарарӯсаш низ ба синну солаш нигоҳ накарда кор мекунад, то зиндагии хонаводаашонро пеш баранд. Хушдомани нафақахӯраш бошад, ҳоли ҳозир дар бемористон бистарист. Ба қавли хонум Қурбонова, қаблан ҳам борҳо шавҳараш аз ҷониби шахсони номаълум зери фишор ва таҳдид қарор гирифта буд. Маҳз пас аз он ки ӯ вакили дифои Зайд Саидов шуд, фишорҳо болояш афзоиш ёфтанд. Ҳатто як бор ду духтари ноболиғаш, ки назди бинои истиқоматияшон бозӣ мекарданд, аз ҷониби шахсони номаълум аксбардорӣ шуданд: «Боре ба телефони Шуҳрат паём омад, ки рафта аризаатро гир. Ҷони худатро фикр намекунӣ, фикри фарзандонатро кун!»

Сарнавишти Шӯҳрат Қудратов, ки ба ҳайси вакили дифоъ дар коллегияи адовокатҳои «Сипар» кор мекунад, аъзои ин созмонро нигарон кардааст. Раҳбари коллегия Бузургмеҳр Ёров гуфт, созмон тасмим дорад, барои ҳимоят аз Шӯҳрат чанд вакили дифоъро вазифадор кунад. Ва азбаски Шӯҳрат Кудратов ҳамчунин узви раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст, ин ҳизб гуфтааст, барои ҳимояи ӯ як ҳимоятгари ҷамъиятиро мефиристад. Боздошти вакил дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам сару садои зиёд ба миён овардааст. Аксари корбарони ҳабси ӯро ба парвандаи соҳибкори шинохта ва зиндонӣ Зайд Саидов бастагӣ медиҳанд.

Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили Зайд Саидов, рӯзи душанбе, 21 июл аз сӯи маъмурони Оҷонсии зидди фасоди молиявӣ ба иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуд. Ӯ аз вакилони шинохтаи тоҷик аст, ки аз ин пеш дар чанд мурофиаи пурсарусадо ширкат ва, аз ҷумла, аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр", ҳимоят кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG