Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти як ба яки Зоиров бо Ғоиб дар бораи Шӯҳрат


Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл боздошт шуд.

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл боздошт шуд.

Раҳматулло Зоиров мегӯяд, дар мавриди парвандаи зерҳимояаш Шӯҳрат Қудратов бо раиси Оҷонсии зидди фасод Абдулфаттоҳи Ғоиб ба таври муфассал сӯҳбат кардааст.

Рӯзи шанбе мулоқоти як ба яки Раҳматулло Зоиров, вакил мудофеи Шӯҳрат Қудратов бо раиси Оҷонсии зидди фасод Абдуфатоҳи Ғоиб оид ба парвандаи Қудратов баргузор шудааст. Раҳматулло Зоиров, вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов рӯзи 1 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи шанбеи 30 август бо Абдуфаттоҳи Ғоиб мулоқоти ҷиддӣ дошт ва тасмим гирифта шуд, ки ҷузъиёти ин гуфтушунид дар васоити ахбори умум ба ҳеҷ сурат ошкор нашавад.

Ҷаноби Зоиров бо назардошти чунин тасмим зикр кард, ки мулоқоти онҳо доир ба масъалаи парвандаи Шӯҳрат Қудратов буд, вале дар ин бора он ки чӣ радду бадал шуд, феълан худдорӣ мекунад. Раҳматулло Зоиров гуфт, ки то замони мулоқот бо раиси Оҷонсии зидди фасод, ба муносибати шаффоф ва мунсифонаи муфаттишон ба парвандаи зерҳимояаш чандон бовар надошт, вале акнун баъди ин дидор бовар дорад, ки ҷараёни тафтишоту баррасӣ аз рӯи қонун сурат хоҳад гирифт.

Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Ҷаноби Зоиров афзуд, ки ба Абдуфаттоҳи Ғоиб бовар дорад ва изҳори умедворӣ кард, ки баррасии парвандаи Шӯҳрат Қудратов одилона сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл, дар таърихи 21 август Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Шӯҳрат Қудратов айбномаи наве бар асоси моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) эълон кард.

Иттиҳоми нав алайҳи Қудратов бар асоси шаҳодати Тӯрабек Охунов, бародари раиси низ зиндонишудаи ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов эълон шудааст. Қудратов муддати ду сол аз ҳуқуқи хонаводаи Охуновҳо ва ширкати ӯ низ ҳимоя мекард ва ҳоло Тӯрабек Охунов вакили собиқашро ба қаллобӣ ва тасарруфи 10 000 доллар ҳамчун ришва айбдор мекунад.

Шӯҳрат Қудратов вакили Зайд Саидов -- соҳибкори зиндонии Тоҷикистон рӯзи 21 июл бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас, боздошт шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG