Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшудаи Зайд Саидов, бо иттиҳоми қаллобӣ айбномаи нав эълон кард.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Шӯҳрат Қудратов, вакили боздоштшудаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, айбномаи наве бар асоси моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) эълон кардааст. Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июл бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас боздошт шуда буд.

Иттиҳоми нав алайҳи вакили соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов бар асоси шаҳодати Тӯрабек Охунов, бародари раиси низ зиндонишудаи ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов эълон шудааст. Қудратов муддати ду сол аз ҳуқуқи хонаводаи Охуновҳо ва ширкати ӯ низ ҳимоя мекард ва ҳоло Тӯрабек Охунов вакили собиқашро ба қаллобӣ ва тасарруфи 10 000 доллар ҳамчун ришва айбдор мекунад.

Мақомоти Оҷонсии зиддифасод ва ҳам Раҳматулло Зоиров, вакили Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки субҳи 21 август дар бинои Оҷонсӣ дар маҳаллаи 46-уми Душанбе Тӯрабек Охуновро бо Шӯҳрат Қудратов рӯбарӯ кардаанд.

Раҳматулло Зоиров гуфт, дар пайи анҷоми ин ҳаракати тафтишотӣ муфаттишони Оҷонсӣ алайҳи муваккили ӯ айби нав бар асоси моддаи 247(қаллобӣ) эълон карданд.

Ҷӯрабек Охунов дар додгоҳ. Акс аз соли 2010

Ҷӯрабек Охунов дар додгоҳ. Акс аз соли 2010

Тавре ҷаноби Зоиров мегӯяд, ҳангоми рӯбарӯ кардан Тӯрабек Охунов иддаъо кардааст, ки Шӯҳрат Қудратов барои хидмати адвокатиаш дар ҷараёни баҳси додгоҳии раиси пешини «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов аз вай 10 ҳазор доллар гирифтааст. Ҷӯрабек Охунов дар cоли 2010 бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб аз худ кардани маблағҳои мизоҷон дастгир шуда, дар соли 2012 ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Вале Шӯҳрат Қудратов гуфтааст, ки на 10 ҳазор доллар, балки 7 ҳазор доллар гирифтааст ва он ҳам дар ивази 20 моҳе, ки аз Ҷӯрабек Охунов ҳамчун вакили мудофеъ пуштибонӣ кардааст.

Раҳматулло Зоиров мегӯяд, ки ин айбнома алайҳи зерҳимояаш низ сохта аст.

Дафтари матуботи Оҷонсии зидди фасод низ рӯ ба рӯ кардани Қудратов бо бародари Охуновро тасдиқ кард ва гуфт, ки бар асоси аризаи Тӯрабек Охунов, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси ширкати «Мовароуннаҳр» мебошад, алайҳи Қудратов айби нав эълон карда шудааст. Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, дар лаҳзаи рӯбарӯсозӣ муфатишони Оҷонсӣ ва вакили мудофеъи Қудратов - Раҳматулло Зоиров ҳузур доштаанд.

Лаҳзаи боздошти Шӯҳрат Қудратов

Лаҳзаи боздошти Шӯҳрат Қудратов

Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июли соли равон дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас боздошт шуд. Ӯву тарафдоронаш боздошти ин вакили шинохтаро сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои мавқеи фаъолаш дар амри ҳимоят аз соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов мешуморанд. Зайд Саидов соли гузашта баъди эълон и азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи Тоҷикистони нав боздошт ва бо ҷароиме, чун порагирӣ, сӯъиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Тарафдорони Саидов низ мегӯянд, боздошт ва таъқиби вай ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад.

Қудратов алакай дувумин вакили дифои Зайд Саидов аст, ки боздошт мешавад. Дар моҳи март Фахриддин Зокиров, вакили дигари ин соҳибкор бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк боздошт шуд ва то ҳол дар пушти панҷара қарор дорад.

Шӯҳрат Қудратов, муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ва аз вакилони мудофеи шинохта дар Тоҷикистон аст, ки дар чандин парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG