Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси вилояти Суғд хароҷоти табобати Шаҳбол Мирзоев -- сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки моҳи март бар асари бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шуда буд, бар ӯҳда гирифтааст.

Дар ҳоле, ки табобати Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии тоҷик пас аз се рӯз дар Хуҷанд ба анҷом мерасид ва ба ноҳияи Ашт, ки дар онҷо бар асари лимит мушкили барқ вуҷуд дорад, бурда мешуд, раиси вилояти Суғд сарфу харҷи табобати ӯро ба дӯш гирифтааст.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол рӯзи 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд рӯзи шанбеи якуми ноябр хонаводаи онҳоро ба ҳузур пазируфт ва изҳори омодагӣ кард, ки пас аз анҷоми давраи табобати Шаҳбол дар беморхона, ба ноҳия бурда намешавад ва дар Маркази реабилитатсионии Хуҷанд то анҷоми пурраи табобат бистарӣ хоҳад шуд.

Нӯъмон Мирзоев афзуд, пас аз анҷоми табобати фарзандаш дар беморхонаи вилоятӣ, мебоист ӯро ба зодгоҳаш ноҳияи Ашт мебурданд. Вале дар онҷо шароитии оддӣ барои нигоҳубини вай вуҷуд надорад ва набуди барқ ҳам мушкили зиёд эҷод мекард ва онҳо аз ин нигаронӣ доштанд.

Вай гуфт, ки бо истифода аз Радиои Озодӣ ба раиси вилоят изҳори миннатдорӣ мекунад, ки онҳоро ба ҳузур пазируфт ва ба арзи онҳо посухи мусбат дод: “Акнун Шаҳбол дар фасли зимистон бо шароити беҳтар дар Маркази реабилитатсионӣ нигоҳдорӣ мешавад ва раиси вилоят ваъда дод, ки ҳамаи сарфу харҷи табобат ва рӯзҳои бистарӣ буданашро пӯшиш хоҳад дод.”

Шаҳбол Мирзоевро тақрибан 1 моҳ қабл аз манзили зисташ дар ноҳияи Ашт бо машварати табибон ба дармонгоҳи шаҳри Хуҷанд оварданд ва барои як муддат дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ аст.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки дар тирамоҳи соли 2013 баъди хатми Донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд ва дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар канори Душанбе адои хидмат мекард, дар моҳи марти соли равон, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз тарафи сӯи ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20 маъюб шуд.

Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев дар моҳи июн ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо додгоҳ дар масъалаи пардохти товони табобати ин сарбози марзбон, ки ба гуфтаи волидонаш, то имрӯз қариб 50 000 долларро ташкил медиҳад, ҳукми мушаххасе набаровард.

Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май ба Русия бурд ва дар ибтидои моҳи май дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав ҷарроҳӣ кард. Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт ва беш аз 3 моҳи дигар ибтидо дар бемористони вилоятии Суғд ва сипас дар Маркази реабилитатсионии шаҳри Хуҷанд табобат гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG