Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба сарбози маҷрӯҳшуда Шаҳбол Мирзоев ба миқдори чаҳор ҳазор сомонӣ кӯмак кардааст.

Ҷалолиддин Нуров, сардори бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи 26 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар арафи Иди Фитр ба собиқ сарбози қисми низомии 2620 Шаҳбол Мирзоев, ки айни замон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст, дар ҳаҷми 4000 сомонӣ кӯмак расониданд. Манбаъ гуфт, аз ҷониби раҳбарияти ин ниҳод ба Шаҳбол Мирзоев барои мутолиа китобҳои гуногун аз ашъори ниёгон ва муосир низ супурда шудааст.

Ҷалолиддин Нуров ҳадаф азин иқдомро саҳм гузоштан дар баровардани ниёзи як ҷавони кишвар номид. Ӯ гуфт, ки масъулони ин ниҳод зимни аёдат ва сӯҳбат бо Шаҳбол Мирзоев пешниҳод намудаанд, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ омодааст дар ҳамкорӣ бо вазорати маориф дар сурати хоҳиш доштани ӯ, барояш дар бемористон давраҳои вижаи забономӯзӣ ва касбомӯзиро ташкил намоянд.

Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми Донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, дар моҳи март, ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латтукӯб аз тарафи сӯи як ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми низомии 26 20 маъюб шуд.

Нирӯҳои марзбонӣ бо вуҷуди ваъда ироаи маблағ барои табобати ин сарбозро тӯл доданд ва Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол хонаашро дар Ашт фурӯхта, писарашро моҳи май дар Красногорски Русия ҷарроҳӣ кард. Шаҳбол рӯзи 19 май аз Русия баргашт ва дар бемористони вилоятии Суғд бистарист.

Додгоҳ Усмоналӣ Ғайратов, гумонбари асосӣ дар бадрафторӣ нисбат ба сарбози марзбон Шаҳбол Мирзоевро 19 июн ба 9 соли зиндон маҳкум кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG