Шабнами Сурайё ва Ҷонибеки Мурод, ду овозхони маъруфи тоҷик, бо рӯйи даст гирифтани тарҳи муштарак дубора ба овозхонии якҷоя хоҳанд пардохт.
Ҷонибеки Мурод бо гузоштани акси якҷояаш бо Шабнами Сурайё дар саҳифаи Фейсбуки худ гуфтааст, ин тарҳи ҷадид дар роҳ аст ва ба зудӣ амалӣ мешавад. Ӯ аз ин бештар ҷузъиёт надода ва нагуфтааст, ки тарҳи муштаракашон бо Шабнами Сурайё аз чӣ иборат аст ва то куҷо хоҳад кашид?
Вале як манбаи наздик ба ин ду овозхон гуфт, тарҳи нави Шабнаму Ҷонибек асосан аз сабти клип ва сафарҳои ҳунарӣ ба кишварҳои аврупоӣ иборат аст. Парвизбек Муродов, масъули ширкати “JM Production” низ рӯзи 7 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ бозгашти якҷояи Шабнаму Ҷонибек ба саҳнаҳои ҳунарро тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳоло суҳбатҳо барои роҳандозии ин тарҳ дар хориҷа идома дорад ва то он замон бояд сабр кард.
"Вақте ин тарҳ ба иҷро даромад, омода ҳастем, ба ҳамагуна саволҳо посух диҳем. Ҳоло беҳтар аст як каме сабр кунем," – афзуд ӯ.
Ин хабар дар ҳолест, ки дар остонаи таҷлил аз Наврӯз барои нахустин бор Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Сурайё Қосимова дар барномаи "Шоми Душанбе"-и Ҷонибеки Мурод иштирок карда, баъдан акси якҷояи онҳо бо Ҷӯрабек Муродов ба интернет роҳ ёфт.
Шабнами Сурайё ва Ҷонибеки Мурод ҳарду аз хонаводаи овозхонҳо – Сурайё Қосимова ва Ҷӯрабек Муродов – буда, дар гузашта низ таҷрубаи ҳамкории муштаракро доштанд. Ин ҳамкории онҳо дар авохири соли 2006 шурӯъ шуда, то 2009 идома кард ва онҳоро то Амрикову Аврупо бурд ва аммо баъдан ҳар кадомеро дар масирҳои мухталиф танҳо гузошт.
Қаблан Ҷонибеки Мурод дар як сӯҳбаташ бо Озодӣ гуфта буд, ин ҷудоӣ ба онҳо имкон дод, ки нерӯяшонро дар танҳоӣ бисанҷанд ва бо роҳу равиши интихобкардаи худ бираванд. Ӯ гуфта буд, бо Шабнами Сурайё дар ҳамкории пешинаашон нақшаҳои зиёд доштанд ва аммо “душманон сади роҳ шуданд”.
"Бо Шабнам мо ба пешравиҳои зиёд ноил шудем. Баъзеҳо барои амалӣ шудани орзуҳояшон 15 сол талош меварзанд, мо дар миёни ду сол нақшаҳои пешгузоштаро амалӣ намудем. Дар таърихи санъати тоҷик мо аввалин нафароне будем, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ба кишварҳои пешрафтаи дунё сафарҳои ҳунарии тиҷоратӣ анҷом додем. Нархи билетҳои консертҳои мо аз 50 то 150 доллар буд," – таъкид дошт ӯ.
Шабнами Сурайё, духтари дуюми овозхони маъруфи тоҷик Сурайёи Қосим дар оғози солҳои 2000-ум пой ба саҳнаи ҳунар гузошт, вале дар як муддати кӯтоҳ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҳавзаҳои дигари форсизабони дунё шӯҳрат ёфт.
Шабнам ҳоло аз зумраи он овозхонҳои Тоҷикистон аст, ки дар сатҳи Афғонистону Эрон низ дар баробари ситораҳои аввали он ҳавзаҳо матраҳ ва эътироф шудааст.