Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азта дилдил кинум" - таронаи нави Нобовар ва Шабнам (ТАРОНА)


Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё ва Нобовар Чаноров, ду овозхони маъруфи тоҷик дар нахустин таҷрибаи ҳамкорӣ сурудеро ба забони рӯшонӣ ва тоҷикӣ иҷро карданд, ки “Азта дилдил кинум” ном дорад.

Дар таҷрибаи нахустини ҳамкории ситораҳои ҳунари тоҷик - Шабнами Сурайё ва Нобовар Чанорову гурӯҳи “Шамс” суруде ба забони рӯшонӣ ва тоҷикӣ эҷод шудааст, ки “Азта дилдил кинум” ё “Ту дилу ҷони манӣ” ном дорад. Ин суруд ҳафтае пеш аввалин бор дар консерти хайрияе барои кумак ба атфоли гирифтори сил иҷро шуд.

Ҳанӯз ин суруд ба шакли видео сабт нашудааст, аммо дар дискфурӯшиҳои Душанбе алакай бо истифода аз аксҳои худи Шабнаму Нобовар клипи худсохторе таҳия карда, ба фурӯш гузоштаанд. Бархе аз манобеи "Озодӣ" гуфтанд, рӯзи якшанбе аксари дискфурӯшиҳои бозори “Корвон” ин таронаро миёни муштариёнашон таблиғ мекарданд.

Нобовар Чаноров, овозхони гурӯҳи "Шамс", 4 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тарона бар пояи матнҳои маъруфи халқӣ, рубоиёти мардуми Рӯшон ва оҳанги ӯ омода шудааст. Ба гуфтаи овозхон, дархости эҷоди як оҳанги бадахширо худи Шабнам аз Нобовар карда буд.

Нобовар Чаноров
Нобовар Чаноров

"Мо ҳамеша бо Шабнам дар мулоқоти корӣ машварат мекардем, ки бояд як оҳанге ҳамроҳ иҷро кунем. Ниҳоят ин машваратҳо натиҷа дод ва бо хости Шабнам ин оҳанг пайдо шуд. Ман танҳо як шарт гузошта будам, ки иҷрои ин суруд бояд ба таври зинда, на дар сабти студиёӣ сурат гирад,"-- гуфт Нобовар Чаноров.

Суруд ба шакли попурӣ, ба иловаи сурудҳои маъруфи мардумии "Дил-диле" ва "Кабки хушрафтор" бо сабки бадахшонӣ ва бо зарбҳои қадима иҷро шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Шабнам аз ҷониби худ матни рӯшонии сурудро ҳам “бидуни иштибоҳ” ва хеле самимона иҷро кард ва як таронаи хубе пайдо шуд. Нахустин бор ин суруд дар саҳнаи консерти хайрияе ҳафтае пеш садо дод, ки маблағи ҷамъшуда ба бунёди кумаки кӯдакони гирифтори сил хайр мешавад.

Нобовар Чаноров мегӯяд, ингуна ҳамкориҳои овозхонҳои тоҷик, ки дар дохили Тоҷикистон аз манотиқи мухталифи кишвар намояндагӣ мекунанд, саҳми азиме дар ваҳдати миллии мардуми тоҷик аст, ки қавитар аз ҳама гуна даъвату изҳороти сиёсӣ ҳастанд.

Аз ҳунарнамоии Шабнами Сурайё дар як саҳнаи калоне дар Душанбе дар ҳоле хабар дода мешавад, ки моҳҳои охир ӯ бештар дар сафарҳои ҳунарӣ дар хориҷи кишвар буд ва чанд консерти худро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Канадаву Амрико гузошт. Нобовар Чаноров ва “Шамс” низ дар охирҳои моҳи март дар Маскав дар чаҳорчӯби ҷашнҳои наврӯзӣ дар варзишгоҳи “Лужники” ҳунарнамоӣ карданд. Барои нахустин бор як консерти калони ҳунармандони тоҷик ба таври зинда ё ҳамзамон дар шабакаи Интернет пахш шуд ва онро тоҷикони тамоми ҷаҳон тавонистанд тамошо кунанд.

Дар баробари омодагиҳо ба се консерти дигар дар Душанбе дар моҳи май, гурӯҳи “Шамс” имрӯзҳо ба як сафари ҳунарии шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон ҳам тайёрӣ мебинад. “Сурудҳои моро овозхонҳои зиёди хориҷӣ, ба мисли гурӯҳи “Барака”, ҳунармандони афғон ва дигарҳо иҷро кардаанд. Мусиқӣ марз надорад ва ҳамингуна ҳамкориҳо танҳо ба манфиати мо аст, ки суруди тоҷикиро бештар мешиносанду эътироф мекунанд”,-илова кард Нобовар Чаноров.

Суруди “Азта дилдил кинум”-ро инҷо шунидан мумкин аст:

Шабнам ва Нобовар - "Азта дилдил кинум"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:08 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG