Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзона: Шавқам ба сароидани сурудҳои исломист (6 ВИДЕО ва 15 АКС)


Фарзонаи Хуршед ва Фаридун Хуршед дар "Tamoshow Music Awards"
Фарзонаи Хуршед ва Фаридун Хуршед дар "Tamoshow Music Awards"

Дар меҳмонсарои “Hyatt Regency Dushanbe“ маросими тақдими ҷоизаҳои мусиқӣ бо номи "Tamoshow Music Awards" анҷом ёфт.

Шоми 22 феврал, соати 17 ба вақти Душанбе дар толори меҳмонсарои пуршукӯҳи “Hyatt Regency Dushanbe“ дар пойтахти Тоҷикистон маросими тақдими ҷоизаҳои "Tamoshow Music Awards 2015" оғоз ёфт. Ин маросимро шабакаи интернетии “Tamoshow”, ки ба нашр ва таблиғи клипҳои овозхонҳои тоҷик машғул аст, баргузор мекунад.

Дар ин маросим эълон шуд, ки пурбинандатарин клип аз таронаи Меҳрнигори Рустам бо номи "Таронаборон" будааст, ки танҳо дар саҳифаи “Tamoshow” дар торнамои Youtube ним миллион нафар онро тамошо кардаанд. Ҳамчунин ҷоизаҳои "Tamoshow Music Awards" -ро дар ин маросим овозхонҳое, чун Фаридуни Хуршед, Аниса, Шаҳроми Абӯбакр, Нигора Холова ва Сурӯш Холов, Баҳроми Ғафурӣ, Фарангис, , Зайнура Пӯлодова ва Ҷонибек Муродов ба даст оварданд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Tamoshow Music Awards" Фарзонаи Хуршед низ ҳузур дорад. Ӯву хоҳари калониаш Шабнами Сурайё тобистони соли 2014 Ҳаҷҷи умра карданд ва баъди он зиёрати Маккаву Мадина дар мазҳари ом бо ҳиҷоб зоҳир мешаванд. Фарзона дар ин маросим низ бо ҳиҷоб омад ва дар паҳлуи Фаридуни Хуршед нишаста буд.

Фарзонаи Хуршед баъди гирифтани ҷоизаи "Tamoshow Music Awards" барои ду таронаи соли гузашта, ки яке "Ёрам"-ро ҳамроҳ бо Шабнам иҷро кардааст, дар ин маросим таронаи навашро, ки мазҳабист, иҷро кард. Ин тарона "Муҳаммад" ном дошта, бо сабки салавот иҷро шудааст. Фарзонаи Хуршед дар маросим гуфт, маҳфили мусалмонҳо, агар дар он салавот бар Муҳаммад набошад, маъно надорад.

Фарзона баъди ин маросим дар як мусоҳибаи кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло шавқаш бештар ба хондани таронаҳои исломӣ аст. Ӯ гуфт, шояд дар дигар мавзӯъҳо низ тарона бихонад, вале феълан кӯшиш дорад, бештар сурудҳои исломӣ омода кунад ва бисарояд, чунки, ба таъбири ӯ, "маҳфилҳо бо гирифтани номи Худо зебо мешаванд."

Ӯ гуфт, дар ин ҷода ба Самӣ Юсуф пайравӣ мекунад ва омода аст, ки бо ин ситораи маъруф таронаеро ҳамроҳ иҷро кунад. Фарзона гуфт, махсус дар ин маросим салавот бар Муҳаммадро хондааст.

Порае аз таронаи нави "Муҳаммад"-и Фарзонаи Хуршед дар сабки салавот

Порае аз таронаи нави Фарзонаи Хуршед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00

Дар маросим даҳҳо нафар аз ситораҳои саршиноси эстрадаи тоҷик ва ҳамин тавр, чанде аз шахсиятҳои шинохтаи кишвар, аз ҷумла Амонуллои Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати роҳи оҳан ҳузур доранд.

Раҳбари собиқи ширкати роҳи оҳан баъди бознишаста шуданаш, бино ба хабарҳо, дар сармоягузории бархе тарҳҳои фарҳангӣ саҳм гирифтааст. Аз ҷумла дар таҳияи клипи нави Ҷонибеки Мурод бар пояи шеъри Лоиқ, ки ӯ ҳамроҳ бо падараш ва Валиҷон Азизов иҷро кардаанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Амонуллои Ҳукуматулло дар ин маросим ба ҳайси меҳмон ҳузур дорад, ё ба ҳайси спонсор ё фақат тамошобин.

​Зимни эътои ҷоизаи "Tamoshow Music Awards" ба овозхони ҷавон Зулайхо Мамадшоева гуфтанд, ки Зулайхо бо онки ҳамагӣ 25 сол дорад, имсол соҳиби фарзанд шуда ва ӯро Муҳаммад ном кардааст.

Зулайхо Мамадшоева дар "Tamoshow Music Awards"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:37 0:00

Нозияи Кароматулло низ соҳиби ҷоизаи "Tamoshow Music Awards" шуд, вале азбаски дар сафари хориҷа будааст, худаш дар ин маросим ширкат надошт. Як ҷоизаи дигар ба овозхони ҷавон Фарангис дода шуд:

Маросими тақдими ҷоизаҳои "Tamoshow Music Awards 2015"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:24 0:00

Ба хабарнигори Озодӣ ҳанӯз қабл аз эълони барандаҳо муяссар шуд, рӯйхати довталабони асосиро бубинад:

Аниса бо клипи Чӣ кунам?, миқдори тамошои клипаш 63929,

Фарангис- Лабонат қанд, миқдори тамошобинон 51268,

Сурӯш Холов- Азизи дида, миқдори тамошо 51527

Нигора Холова - Бе ту, миқдори тамошо 73821,

Шаҳроми Абӯбакр- Ҳамин ишқ аст, миқдори тамошо 50401,

Дамирбек Олимов ва Нигина Амонқулова -Мавригӣ/ Кабӯтар, миқдори тамошо 467544,

Фаридуни Хуршед- Ғами дил, миқдори тамошо 318710,

Мехрнигори Рустам-Таронаборон, тамошо 501384,

Бахроми Гафури-Нарав, тамошо 66726,

Зулайхо-Сартарошон, тамошо 316315,

Ҷонибек Муродов-Шодамонех, тамошо 79437,

Зайнура Пӯлодова-Даф бизанем, тамошо 72320,

Нозияи Кароматулло- Ман акнун, тамошо 80143

Фарзонаи Хуршед-Ашк, тамошо 137934,

Шабнам ва Фарзона Ёрам, тамошо 218741,

Нигина Амонқулова -Дар оғӯши ту, тамошо 402021,

Валиҷон Азизов - Ангел мой, тамошо 84447.

Тақдими ҷоиза ба Шаҳроми Абӯбакр
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00

Ҳамчунин дар ин маросим ба Ҷӯрабек Муродов ва Сурайё Қосимова барои саҳми арзандаашон дар санъати миллӣ ҷоизаҳои вижаи "Tamoshow Music Awards 2015" дода шуд.

Қабл аз оғози маросим
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:11 0:00

Беҳрӯз Зеваров, продюсери шинохта ва асосгузори шабакаи интернетии “Tamoshow” рӯзи 22 феврал қабла аз оғози маросим ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин маросим ба пуртамошобинтарин клипҳову хонандагон ҷоизаҳои вижа дода мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ташкили ин ҷоизаи ҷадид муаррифии клипҳои беҳтарини тоҷикист. Беҳрӯз Зеваров гуфт, дар маросими "Tamoshow Music Awards 2015" 18 клипи пурбинандатарини сарояндаҳои эстрадаи тоҷик дар як соли гузашта муаррифӣ мешаванд ва ба ду нафар ҷоизаи махсус тақдим мегардад. Ба қавли Беҳрӯз Зеваров, он клипҳое “Tamoshow” дар пойгоҳи интернетии Youtube беш аз 50 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Беҳрӯз Зеваров
Беҳрӯз Зеваров

Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, дар миёни довталабони ҷоизаи “Tamoshow” Меҳрнигори Рустам, Фаридуни Хуршед, Ҷонибек Муродов, Дамирбек Олимов, Зулайхо Маҳмадшоева, Фарзонаи Хуршед, Валиҷон Азизов, Нигора Холова, Зайнура Пулодова, Баҳроми Ғафурӣ, Таҳмина Ниёзова, Сурӯш Холов ва чандин ситораи дигар ҳастанд. Ҷоизаҳои "Tamoshow Music Awards" имсол барои бори аввал тақдим мешаванд.

XS
SM
MD
LG