Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мероси тиллоӣ”-и Шабнам ва ҷоизаҳои Ҷонибек, Валиҷон ва Меҳрнигор


Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё

Тоҷикистонро дар расми тақдими ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards 2016" Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов ва Валиҷону Меҳрнигор намояндагӣ карданд. Ин маросим бо ҳузури беш аз 30 овозхон аз гӯшаҳои дунё ва даҳҳо тан аз ҳаводоронашон дар Олмон баргузор шуд.

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, барандаи ҷоизаи "Мероси тиллоӣ" (Golden Heritage)-и ширкати "Daf Entertainment" дар Олмон шуд.​

Беҳрӯз Зеваров, продюсер ва раҳбари "Топмедиа", рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Ҳамбурги Олмон гуфт, маросими тақдими ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards 2016" ба Шабнами Сурайё ва овозхонҳои дигар, аз ҷумла Ҷонибек Муродову Валиҷон Азизов ва Меҳрнигори Рустам шоми шанбе баргузор гардид. Ӯ гуфт, ҳарчанд Шабнаму Ҷонибек собиқаи дарёфти ҷоиза аз ин ширкатро доранд, аммо Валиҷону Меҳрнигор бори аввал ҷоизаҳои "Daf Entertainment"-ро соҳиб шудаанд.

Ҷонибек Муродов имсол "беҳтарин овозхони попи Осиёи Миёна" ва Валиҷон Азизову Меҳрнигори Рустам беҳтарин овозхонҳои мард ва зан дар Тоҷикистон эътироф шудаанд. Масъулони ширкати "Daf Entertainment" мегӯянд, ки ин овозхонҳо бар асоси мизони маҳбубияти таронаҳояшон дар Интернет ва овоздиҳии мухлисон соҳиби ин ҷоизаҳо шудаанд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳои "Daf BAMA Music Awards 2016" дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар маҷмӯъ беш аз 30 овозхон, мисли Фарҳоди Дарё ва Мужда аз Афғонистону Фотин аз Индонезия ва Ойгул аз Озарбойҷон иштирок доштанд.

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, пеш аз Фотин дар саҳна ҳунарнамоӣ кард ва таронаи рақсии "Азизҷон"-ро иҷро намуд. Ӯ рӯзи 28-уми август дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, "ин суруд аз ду бахш иборат буд ва онро хуб пазируфтанд. Бовар надоштам, ки ин қадар барои ин суруд кафкӯбӣ мекунанд."

Меҳрнигори Рустам
Меҳрнигори Рустам

Меҳрнигор мегӯяд, бар иловаи ҷоиза ӯ бо чандин овозхони маъруф низ ошноӣ пайдо кард, ки аз қабл онҳоро мешинохту бо корашон ошно буд, вале аз наздик ҳамсуҳбат набуд. "Яке аз ин ҳунармандон Фарҳоди Дарёст. Яке дигар Муҳит Човҳан аз Ҳиндустон аст, ки сурудҳои Болливудро мехонад. Ин ифтихор буд, ки бо онҳо аз наздик ошно шудам," - афзуд ӯ.

Ширкати “Daf Entertaintment” то соли ҷорӣ расми тақдими ҷоизаҳоро барои беҳтарин хонандагони Шарқ ҳамроҳ бо ширкати амрикоии “Big Apple Music Awards” доир мекард ва ин ҷоизаҳо бо номи “Big Apple” маъруф буданд. Вале дар оғози 2016 миёни ду ширкат бар сари ин “бренд” ихтилоф бархост.

Нодӣ Рӯъё, масъули “Daf Enterteinment” дар суҳбати як моҳи қаблаш бо Озодӣ гуфта буд, ки дар ниҳоят машварат шудааст, “Daf Entertaintment” маросими тақдими ҷоизаҳояшро таҳти номи “Daf BAMA Music Awards 2016” дар Ҳамбург баргузор мекунад ва ҷониби дигар бо бренди қаблии “Big Apple Music Awards” дар ягон макон ва замони дигар.

Фарзона ва Фаридуни Хуршед
Фарзона ва Фаридуни Хуршед

Соли гузашта дар расми тақдими ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards” дар толори “Barcalycard Arena”-и шаҳри Ҳамбург Тоҷикистонро Шабнами Сурайё, хоҳараш Фарзонаи Хуршед ва шавҳари Фарзона – Фаридуни Хуршед муаррифӣ карда буданд. Фаридуни Хуршед "Беҳтарин ҳунарманди мард аз Тоҷикистон”, Фарзонаи Хуршед “Беҳтарин овозхони попи Тоҷикистон” ва Шабнами Сурайё "Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон" эълон шуданд.

“Big Apple Music Awards” аз соли 2004 ба ин сӯ, ҳар сол ба беҳтарин овозхонҳои афғону тоҷику эронӣ дода мешуд, вале баъдан миқёсаш ба ҷаҳони Араб ва Қафқозу Аврупои шарқӣ густариш ёфт. Дар солҳои қаблӣ чанд овозхони дигар аз Тоҷикистон, аз ҷумла падару писар Ҷӯрабек ва Ҷонибек Муродовҳо ва Баҳроми Ғафурӣ низ ҷоизаҳои “Big Apple Music Awards”-ро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG